ҲАФТ ҲАМЛАИ ИНТИҲОРӢ ДАР ҒАРБИ АФҒОНИСТОН
Мақомоти Афғонистон мегӯянд мардони мусаллаҳ ба сохтмони вилоят ва шӯрои вилоятии Нимрӯз ҳамла карда ва ҳафт ҳамлаи интиҳории ҳамзамон анҷом додаанд. Дар ин ҳамалот, ба гуфтаи мақомоти афғон, Гул Макай, ҳуқуқдони зан ва аз аъзои шӯрои вилоятии Нимрӯз ва се сарбози афғон кушта шудаанд. Се сарбози дигар низ захм бардошта ва ба бемористон мунтақил шудаанд.
Қосим Хидирӣ, раиси иҷроии вилояти Нимрӯз гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ чандин соъат бо мардони муҳоҷим дар шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз, рӯёрӯйӣ карда ва монеъ аз вуруди теъдоде аз ҷангҷӯён ба сохтмони вилоят шуданд. Ба гуфтаи мақомоти афғон, афроди муҳоҷим бо силоҳи сабук ва ҷалиқаҳои интиҳорӣ ё маводди таркандае, ки бар баданҳои худ баста буданд, муҷаҳҳаз будаанд. Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.
Толибон бар иловаи ҷанубу шарқи Афғонистон, дар манотиқи ҷанубу ғарбии ин кишвар низ фаъол ҳастанд. Нимрӯз дар ғарби Афғонистон ва ҳаммарз бо Эрон аст. Ҳамлаи гурӯҳии Толибон ба сохтмонҳои давлатӣ дар Афғонистон дар чандин мавриди дигар низ сурат гирифтааст. Пеш аз ин, Толибон чандин бор аз равиши мушобеҳе дар ҳамла ба сохтмонҳои давлатӣ дар Кобул, пойтахт, ва дар вилояти Хӯст, дар шарқи Афғонистон, кор гирифтаанд.
Ҳамалоти имрӯз тозатарин мавориди хушунат дар Афғонистон аст, ки дар пайи ҳафтаҳои нисбатан ором сурат мегирад. Интизор меравад нерӯҳои афғон ва НОТУ амалиёти бузургеро дар вилояти Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон, роҳандозӣ кунанд, ки ҳадафи он берун рондани ҷангҷӯёни ин гурӯҳ аз минтақа хонда шудааст. Ҳамзамон бо ин, талошҳои ҳукумати Афғонистон барои кашондани Толибон ба пушти мизи музокира низ идома дорад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2248-2010-05-05-15-48-41.html