НЕРӮҲОИ НАТО ДАР РЕЖАИ ПИРӮЗӢ ДАР МАСКАВ
Нерӯҳои низомии НАТО аз кишварҳои Бритониё, Фаронса ва Омрико ҳамроҳ бо нерӯҳои Русия дар режаи низомӣ ба муносибати 65 умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони нозӣ дар Маскав ширкат карданд. Ин бори нахуст аст ки нерӯҳои хориҷӣ дар режаҳои низомӣ ба муносибати пирӯзӣ, ки пас аз поёни Ҷанги дувуми Ҷаҳон дар Иттиҳоди Шуравии пешин роиҷ шуд, ширкат мекунанд.
Ричард Галпин, хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав мегӯяд ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин режаи низомӣ ишораи самбулике аст бар ин ки то кадом ҳадд руқабои пешин Ҷанги Сардро канор гузоштаанд. Ҳамчунин дар Укройн барои нахустин бор аз нерӯҳои низомии Русия ва Белорус даъват шудааст, ки дар режаи низомӣ дар рӯзи 9 Май - рӯзи пирӯзӣ бар фошизм ширкат кунанд. Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд ин нишонаи дигари наздик шудани Укройн бо Русия аст.
Ин бузургтарин режаи низомӣ ба муносибати пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми Ҷаҳон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ аст, ки гуфта мешавад барои анҷоми он давлати Русия ҳудуди 40 миллиюн дулор сарф кардааст. Дар ин режа беш аз 11 ҳазор нерӯи Русия ва кишварҳои хориҷӣ, болиғ бар 160 тонку зиреҳпӯш ва 120 ҳавопаймо ширкат кардаанд.
Гузоришгарон мегӯянд ин режаи низомӣ ҳамчунин баҳонае барои муаррифии системи ҷадиди мушакҳои зиддиҳавоии С - 400 шудааст, ки низ дар ин режа намоиш дода шуданд. Гуфта мешавад дар ин режа ҳамчунин анвоъи мухталифи системҳои мушакии Русия ва васоили партоби онон намоиш дода шудаанд.
Дар ин режаи низомӣ нерӯҳои 10 кишвари узви иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ минҷумла Тоҷикистон низ ширкат кардаанд. Ҳамчунин собиқадорони Ҷангу дувуми ҷаҳон аз 29 кишвари ҷаҳон барои ширкат дар маросимҳои 65 солгарди пирӯзӣ бар Олмони нозӣ ба Маскав омадаанд.
Раҳбарони бархе аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Ангела Маркел, садри аъзами Олмон, Ҳу Ҷин Тоу раҳбари Чин ва Бронислав Комаровский, кафили раёсати ҷумҳурии Лаҳистон низ дар маросимҳо ширкат кардаанд. Дар айни ҳол Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса сафари худ ба Маскавро барои ширкат дар таҷлили рӯзи Пирӯзӣ ба далели буҳрони молӣ дар кишварҳои ҳавзаи молии юру (евро) лағв кардааст.
Аммо фазои идонаи таҷлил аз рӯзи Пирӯзӣ дар Русияро кушта шудани 11 нафар дар яке аз конҳои зуғолсанг дар вилояти Кемеровои ин кишвар тира кардааст. Гузориш шуда ки беш аз 80 нафари дигар дар ин кон гир уфтодаанд. Ҳамчунин рӯзи 9 май дар ҷумҳурии Доғистони Русия ба асари вуқуъи ду инфиҷор ҷаҳор нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2269-2010-05-09-16-54-05.html