00:54:01 03-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/09_--01-a-aaaaaashirin-alamhooli.jpg'

ЧАҲОР МАРД ВА ЯК ЗАН ДАР ЭРОН ЭЪДОМ ШУДАНД

Додсарои умумӣ ва инқилоби Теҳрон бо судури иттилоъияе эълом карда, ки панҷ нафар ба иттиҳоми мушорикат дар бумбгузорӣ дар марокизи давлатӣ ва вобастагӣ ба Пажок (созмоне ки давлати Эрон онро терруристӣ медонад) дар зиндони Эвин эъдом шудаанд. Ин иттилоъия эъдомшудагонро Фарзоди Камонгар, Алии Ҳайдариён, Фарҳоди Вакилӣ, Ширин Алам Ҳулӣ ва Меҳдии Исломиён муъаррифӣ кардааст.

 

Равобити умумии додсарои умумӣ ва инқилоби Теҳрон ин афродро ба "амалиёти терруристӣ, аз ҷумла бумбгузорӣ дар марокизи давлатӣ ва мардумии шаҳрҳои Эрон" муттаҳам кардааст.

 

Фарзод Камонгар, дабири ҳунаристони кор ва дониши шаҳристони Комёрон дар ҷануби устони Курдистон, узви анҷумани санъатии фарҳангиён ва анҷумани зистмуҳитии Осак (Оҳу) буда ва бо номи мустаъори "Сиёманд" дар моҳномаи фарҳангии омӯзишии "Руъён", ки ба идораи омӯзиш ва парвариши Комёрон тааллуқ дорад, қалам мезадааст. Вай ки дар заминаи ҳуқуқи қавмӣ ва масоили занон фаъол буда, дар моҳи июни соли 2006 ба Теҳрон сафар карда буд, ба ҳамроҳи дӯстонаш дастгир мешавад.

 

Банобар иттилоъияи равобити умумии додсарои умумӣ ва инқилоби Теҳрон маъмурони калонтарии Мавлавӣ дар мурдоди соли 1385 ба ду нафар машкук мешаванд ва як нафар аз онҳо дастгир мешавад ва як нафар низ фарор мекунад. Дар худрави фарди дастгиршуда панҷ килугром маводи мухаддир кашв мешавад.

 

Баъд аз он маъмурон бо муроҷиъа ба манзили фарди дастгиршуда Фарзоди Камонгарро дастгир мекунанд, ки банобар иттилоъияи додсарои инқилоб "дар бозрасӣ аз утоқи вай як адад ботрӣ ва дастгоҳи соъати замонбандии инфиҷори бумб кашф мешавад."

 

Банобар гузориши додситонии инқилоб баъд аз дастгирии ин афрод Фарҳоди Вакилӣ дар шаҳри Санандиҷ дастгир мешавад ва "дар манзили вай моҳвора ва як барга, ки муҳтавиёти он ба сурати рамз буда кашф мешавад."

 

Иттиҳоми ин афрод узвият дар гурӯҳи Пажок ва "инфиҷори ду бумб дар сохтмонҳои фармондорӣ ва идораи бозаргонии Кирмоншоҳ" дар апрели соли 2006 унвон шудааст. Иттиҳоми дигари ин афрод нигаҳдории аслиҳа будааст. Алии Ҳайдариён низ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин ду нафар ва иртибот бо Пажок дар Теҳрон дастгир шуда буд.

 

Банобар иттилоъияи додсарои инқилоб Ширин Алам Ҳулии Оташгоҳ моҳи июни соли 2007 "пас аз кор гузоштани як бумби зерихудравӣ дар поркинги қароргоҳи сипоҳ дар ғарби Теҳрон ва инфиҷори он дастгир шудааст."

 

Бо он ки хонум Алам Ҳулии Оташгоҳ дар ибтидо иттиҳоми узвият дар Пажокро напазируфта, аммо додсарои инқилоб бо истинод ба сойтҳои интернетии ин гурӯҳ, ки хонуми Алам Ҳулиро узви худ унвон карда вайро узви Пажок донистааст. албатта банобар иттилоъияи додсарои инқилоб вай баъдҳо узвият дар гуҳи Пажокро пазируфтааст.

 

Меҳдии Исломиён низ банобар гузориши додситонии инқилоб "яке аз авомили инфиҷори бумб дар Ҳусайнияи Шероз" будааст. Пеш аз ин ду нафар ба номҳои Равзана Яҳёзода ва Алӣ Асғарпушта ба иттиҳоми инфиҷор дар Ҳусайнияи шуҳадои Шероз эъдом шуда буданд.

 

Рӯзи гузашта низ додсарои умумӣ ва инқилоби Теҳрон аз эъдоми шаш қочоқчии маводи мухаддир дар зиндони Қизилҳисори Караҷ хабар дода буд. Созмонҳои байналмиллалии мудофеъи ҳуқуқи башар аз иҷрои мукаррари муҷозоти эъдом дар Эрон интиқод мекунанд ва мегӯянд аҳкоми эъдом дар пайи муҳокимаҳое содир мешавад, ки бар асоси меъёрҳои байналмиллалӣ "мунсифона" маҳсуб намешаванд.

 

Дар тӯли соли 2009 мелодӣ беш аз 388 нафар дар Эрон эъдом шуданд ва ин кишвар аз назари теъдоди эъдомҳо пас аз Чин дар радаи дувум дар ҷаҳон қарор гирифтааст. Созмони Афви Байналмиллал чанде пеш дар гузориши солонаи худ дар мавриди муҷозоти эъдом мақомоти Чин, Эрон ва Судонро муттаҳам кард, ки аз эъдом ба унвони як "абзори сиёсӣ" истифода мекунанд.

 

Бар аоси гузориши ин созмон дар тӯли ҳашт ҳафтаи тӯфонӣ аз даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон то замони иҷрои маросими савганди раёсати ҷумҳурӣ тавассути Маҳмуди Аҳмадинажод, 112 мавриди ҳукми эъдом дар Эрон сабт шуд. Бархе аз нозирон муътақиданд бо вуҷуди ин ки ин эъдомҳо мустақиман ба ҳаводиси пас аз интихобот марбут намешаванд, иҷрои онҳо дар ин давра навъе намоиши қотеъият ва ба манзури эҷоди фазои раъб будааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2270-2010-05-09-17-01-50.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854