00:56:05 03-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/12_--01-a-aaaaaaacameronwife.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/12_--01-a-aaaaaaacameronwife.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/12_--01-a-aaaaaaacameronwife.jpg'

КАМЕРОН НАХУСТВАЗИРИ БРИТОНИЁ ШУД

Дар пайи истеъфои Гордон Браун аз мақоми нахуствазири Бритониё, Девид Камерон, раҳбари ҳизби муҳофизакор ба ин мақом расидааст. Оқои Камерон, 43–сола, баъд аз рафтан ба Кохи Бекингем барои дарёфти дархости расмии малика барои ташкили давлати баъдӣ вориди дафтари нахуствазир – воҳиди шумораи 10-и хиёбони Даунинг шудааст.

 

Ӯ гуфт, ки қасд дорад як эътилофи “эътилофи хуб ва комил” бо Либерол – демукротҳо ташкил диҳад, то давлатӣ “қавӣ ва босубот” ба вуҷуд ояд. Манобеъи муталеъ дар ҳизби муҳофизакор мегӯянд, ки Ник Клег раҳбари ҳизби либерол – демукрот, муъовини нахуствазир дар давлати тоза хоҳад буд. Оқои Камерон дар нутқе дар хориҷ аз иқоматгоҳи тозаи худ гуфт, ки ӯ оқои Клег “ихтилофоти ҳизбиро канор хоҳанд гузошт ва барои хайри умумӣ ва манофеъи миллӣ ҳамкорӣ хоҳад кард.”

 

Ӯ ҳамчунин аз Гордон Браун ба хотири солҳои хидмати умумӣ қадрдонӣ кард ва қавл дод ба “мушкилоти оҷили” Бритониё шомили касри буҷа ва мушкилоти иҷтимоъӣ расидагӣ кунад ва барои “бозгардондани эътимод ба низоми сиёсӣ”-и кишвар бикӯшад. Вуруди оқои Камерон ба дафтари нахуствазирӣ мусодиф бо поёни 13 соли ҳокимияти ҳизби коргар ва ташкили давлати эътилофӣ пас аз 70 сол аст. Ин ҳамчунин нахустин мавриди эътилофи ду ҳизби либерол-демукрот ва муҳофизакор дар таърихи ин кишвар аст.

 

Оқои Камерон ҷавонтарин нахуствазир аз соли 1812 токунун аст. Тони Блер ҳангоми расидан ба нахуствазирӣ дар соли 1997 шаш моҳ бузургтар буд. Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико аввалин раҳбари хориҷӣ буд, ки ин муваффақиятро дар як тамоси телефунии кӯтоҳ ба оқои Камерон табрик гуфт ва ӯро барои сафар ба Кохи Сафед дар моҳҳои тобистон даъват кард.

 

Ангела Маркел, садри аъзами Олмон низ зимни табрик гуфтан ба оқои Камерон ӯро ба Олмон даъват кардааст. Нахуствазири ҷадиди Бритониё то кунун Ҷорҷ Осбӯрн ва Уилиям Ҳигро ба тартиб ба унвони вазирони дороӣ ва хориҷа таъйин кардааст. Уилиям Фокс вазири дифоъ хоҳад буд.

 

Истеъфои Браун

Дар интихоботи рӯзи панҷшанбеи гузашта ҳизби муҳофизакор 306 курсӣ, ҳизби коргар 258 курсӣ ва ҳизби либерол – демукрот 57 курсӣ касб карданд. Аммо ҳизби муҳофизакор ба аксарияти лозим барои ташкили давлат даст наёфт ва маҷбур ба эътилоф аст. Либерол – демукротҳо, ки акнун ба назар мерасад бо муҳофизакорон тавофуқ ҳосил карда бошанд, ҳамчунин бо ҳизби коргар музокироте барои ташкили эътилоф доштанд, ки бенатиҷа монд.

 

Пас аз он ки маълум шуд, гуфтугӯҳои ин ду ҳизб бенатиҷа мондааст, Гордон Браун истеъфономаи худро таслим кард ва гуфт, барои нахуствазири баъдӣ орзӯи муваффақият мекунад. Оқои Браун баъд аз зӯҳри сешанбе истеъфономаи худро расман дар Кохи Бекингем таслими малика кард ва тавсия кард, ки Девид Камерон ҷонишини ӯ шавад.

 

Оқои Браун дар июни 2007 ба унвони нахуствазир ҷонишини Туни Блер шуд ва пеш аз ин барои даҳ сол вазири дороии Бритониё буд. Кумитаи иҷроии ҳизби коргар ишора кардааст, ки хоҳони ёфтани ҷонишини оқои Браун ба унвони раҳбари ҳизб дар ҳаддиақали замони мумкин, яъне эҳтимолан то поёни июл аст. Оқои Браун дар баёнияе, ки пас аз хуруҷ аз дафтараш қироат кард аз коркунон, ҳамсар ва фарзандонаш ташаккур кард.

 

Ӯ гуфт ки “хидмат кардан як имтиёзи вижа будааст” ва афзуд: “Ман ин шуғлро дуст дорам, на ба хотири престиж, ановин ва ташрифот – ки ҳеҷ алоқае ба онҳо надорам – балки барои қобилияти он барои сохтани кишваре одилонатар, бо тасоҳили бештар, сабзтар, демукротиктар ва мунсифтар – як Бритониёи воқеъан кабир.”

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2284-2010-05-12-09-18-16.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854