17:13:26 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 26 27
28 29 30 31      

АМРИКО ДАР "МАНАС" БОҚӢ ХОҲАД МОНД

 

Кумитаи порлумони Қирғизистон ва мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико созишномаи нави Марбут ба "Манас"-ро имзо карданд. Тибқи он Амрико метавонад, барои интиқоли амволи муайяни низомӣ аз пойгоҳи "Манас"-и Қирғизистон истифода кунад.

Ризоияти тарафҳо дар ҳоле ҳосил шуд, ки Вашингтон гуфт, омодааст, нархи кирояро, ки то ҳол 17 миллион доллар буд ба 60 миллион расонад. Қирғизистон мегӯяд, қарордоди нав ба маънои ҳифзи пойгоҳи Амрико дар "Манас" набуда, барои татбиқи санади нав як маркази махсуси транзит бунёд хоҳад шуд. Иёлоти Муттаҳида аз қарори нави Қирғизистон истиқбол кард ва онро муҳим номид.

Созиши нави Қирғизистон ва Иёлоти Муттаҳида дар асл, ба маънии тағйир дар мавқеъгирии Қирғизистон аст, ки моҳи феврали соли равон тасмим гирифт, пойгоҳи ҳарбии Амрико дар "Манас" баста шавад. Гуфта мешуд, ин тасмими Бишкек таҳти фишори Маскав гирифта шуд. Вале оё ҳоло Қирғизистон дар кадом замина тасмими худро иваз кард ва онро чӣ гуна шарҳ медиҳад?

Вазири умури хориҷии Қирғизистон, Қодирбек Сарбоев, ба аъзои порлумони кишвараш гуфт, на танҳо нархи истифодаи Амрико аз қаламрави қирғиз ба 60 миллион доллар хоҳад расид, балки Вашингтон ба 37 миллион доллар дар "Манас" истгоҳи алоҳидаи ҳавопаймоҳо ва бо харҷи 30 миллион доллар як маркази нави назорати парвозҳоро хоҳад сохт.

Вале Сарбоев на ангезаҳои молӣ, балки вазъи амниятии минтақаро сабаби ризоияти кишвараш ба ин барнома номид. Вай гуфт: "Амалиёти ҷангӣ дар водии Своти Покистон ва афзоиши даргириҳо дар Афғонистон дар ин авохир сабаб шуданд, ки гурӯҳҳои ситезаҷӯ, аз ҷумла марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон, вориди кишварҳои Осиёи Марказӣ шаванд. Даргириҳое, ки дар қаламрави кишварҳои ҳамҷавори Қирғизистон ба амал меоянд, паёми изтиробоваре дар занҷираи рӯйдодҳои Покистону Афғонистон мебошанд."

Созиши нави байни Қирғизистон ва Иёлоти Муттаҳида ҳарчанд ба маънои ҳифзи пойгоҳи Амрико дар Қирғизистон ба шакли комили он нест, аз хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Қирғизистон, ки бо қарори қаблии порлумон бояд 18-уми август ба итмом расад, пешгирӣ мекунад.

Ба ақидаи коршиносон ин пойгоҳ ва он ҳам дар ҳоле ки роҳҳои икмолотии нерӯҳои Амрико ва НАТО аз тариқи Покистон зери фишори ситезаҷӯён мондаанд, барои Вашингтон аҳамияти ҳалкунанда дорад. Аммо мавҷудияти он барои Русия ва Чин хушоянд нест. 

Президенти Қирғизистон, Қурманбек Боқиев, дар моҳи феврал, дар ҳоле эълони ихроҷи амрикоиҳоро кард, ки ранги созишномааш бо Русия дар бораи кӯмак ва сармоягузории 2-миллиарддолларии Маскав ба иқтисодиёти Қирғизистон хушк нашуда буд. Аксари коршиносон, инро на тасмими Бишкек, балки тасмими Маскав номида буданд.

Намояндаи Вазорати дифоъи Амрико, Кристофер Бенс, ҳафтаи гузашта гуфт, дар соли пеш қариб 190 ҳазор сарбоз ва наздик ба 10 ҳазор тонна сӯзишворӣ аз тариқи "Манас" ба Афғонистон интиқол дода шудааст.

Вазири дифоъи Амрико, Роберт Гейтс мегӯяд, кишвараш омода будааст, кирояи "Манас"-ро ба ҳар қимате дар доираи ақли солим бипардозад. Ба ғайр аз пули иҷора, гуфт ӯ, пойгоҳ солона 150 миллион доллар ба иқтисодиёти маҳаллӣ сармоя мегузорад ва 600 шаҳрванди Қирғизистонро бо кор таъмин мекунад. Нерӯҳои Амрико аз соли 2001 ба ин сӯ аз "Манас" истифода мекунанд. Корбурди он махсусан пас аз баста шудани пойгоҳи дигари Амрико дар Қаршӣ-Хонободи Узбакистон дар соли 2005 ба авҷи худ расид ва ҳамзамон онро дар мавқеъи осебпазир қарор дод.

Дафъатан баъд аз эълони тасмими Қирғизистон дар моҳи феврал, хабарҳое низ ба нашр мерасид, ки тарафҳо эҳтимоли идомаи ҳамкориро гуфтушунид мекунанд, вале чунин изҳорот бештар аз тарафи Амрико садо медод ва Қирғизистон, баракс, ҳама гуна эҳтимолро рад мекард, ки ҳамчунин аз забонкӯтоҳии он дар назди фармоишгарони асосии ин ихроҷ дарак медод.

Коршиноси қирғиз ва раҳбари Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Қирғизистон, Бакит Бешимов мегӯяд, на он тасмим ва на тасмими нав аз худи Қирғизистон нестанд. Вай ҳадс мезанад, ки мумкин аст, Вашингтон ва Маскав бо истифода аз баҳсҳои атрофи "Манас" муомилаи дигаре анҷом доданд, ки ё ба сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо бастагӣ дорад ва ё ба узвияти кишварҳои шӯравии собиқ дар Паймони Атлантики Шимолӣ, НАТО.

Коршиносони дигар, вазъи амниятии Афғонистону Покистон ва хоҳишҳои шахсии президентҳои Амрико, Барак Обама ва Афғонистон, Ҳомид Карзай, аз раисиҷумҳури Қирғизистон, Қурманбек Боқиевро заминаҳои асосии тағйир дар мавзеъгирии Бишкек мешуморанд.

Салими Аюбзод, «Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi