ҶОНИБДОРОНИ БОҚИЕВ БИНОИ ҲУКУМАТИ ӮШРО ГИРИФТАНД
Тарафдорони президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев пас аз часпу талошҳо бо ҷонибдорони ҳукумати муваққатӣ бинои ҳукумати вилояти Ӯшро ишғол карданд. Феълан, бинои ҳукуматро нерӯҳои интизомӣ иҳота кардаанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Ӯш аз ҷониби ҳукумати муваққатӣ Соронбек Ҷиянбеков дар иҳотаи муҳофизони худ аз бино берун рафт. Мамасиддиқ Бакиров, ки то барканории Қурмонбек Боқиев дар курсии раиси вилояти Ӯш менишаст, имрӯз дар раъси тарафдоронаш боз вориди бинои ҳукумат гардид. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар маҳалли ҳодиса Мирасрори Фарғонӣ хабар медиҳад, ки феълан, бинои ҳукумати вилояти Ӯш аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ иҳота шудааст, вале низомиён ба ҷараёни эътирозҳо ва моҷароҳо дахолат намекунанд.
Мелизбек Мирзоахматов, шаҳрдори Ӯш, мардумро ба субот ва оромӣ даъват дорад. Азимбек Бекназаров, ноиби раиси ҳукумати муваққатӣ, мегӯяд, саъйу талошҳои ҷонибдорони Боқиев барои ноором кардани вазъ ноком хоҳад шуд.
Радиои Озодӣ аз ҷараёни ҳодисаҳо дар Ӯш хонандагони худро огоҳ хоҳад кард.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2292-2010-05-13-10-01-29.html