ҶАНҶОЛИ ҶАДИД ДАР ХОНАВОДАИ САЛТАНАТИИ БРИТОНИЁ
Соро Фергусун, ҳамсари собиқи принс Эндрю, писари маликаи Бритониё дар ҳоле ки махфиёна аз ӯ филмбардорӣ мешуд, ба мухотаби худ гуфтааст, ки дар баробари дарёфти маблағе муъодили ҳафтсад ҳазор дулор имкони мулоқоти ӯ бо принс Эндрюро фароҳам хоҳад овард. Ҳафтаномаи бритониёии News of the World менависад Соро Фергусун, ки лақаби ӯ Душиси Юрк аст, ба хабарнигоре, ки худро як бозаргони сарватманд ҷо зада буд, гуфтааст дар баробари дарёфти пул ӯро ба принс Эндрю, ки намояндаи бозаргонии вежаи давлати Бритониё аст, муъаррифӣ хоҳад кард.
Дар мақолаи ин рӯнома гуфта шудааст, ки Душиси Юрк маблағе муъодили чиҳил ҳазор дулор ба унвони пешпардохтро қабул карда ва ба мухотаби худ гуфтааст, дар иваз принс Эндрю ба анҷоми муъомилоти пурманфиъат ба ӯ кумак хоҳад кард. Дар филме ки махфиёна таҳия шуда Душиси Юрк ба мухотаби худ мегӯяд хоҳад тавонист то даҳ баробар пулеро, ки медиҳад ба даст оварад ва иддаъо мекунад, ки вай метавонад ҳар дареро, ки ӯ мехоҳад барояш боз кунад.
Дар ин мақола хотирнишон шуда, ки принс Эндрю комилан аз ин моҷаро бехабар будааст. Ба навиштаи News of the World Душиси Юрк ҳамвора аз вазъияти молии худ шикоят мекунад ва мегӯяд пуле, ки пас аз талоқ аз ҳамсари собиқаш дарёфт мекунад, танҳо понздаҳ ҳазор пунд дар сол аст. Дар филми мавриди баҳс вай мегӯяд ба пул эҳтиёҷ дорад ва меафзояд, ки бо муъомилае, ки анҷом хоҳад гирифт, ин мушкили ӯ бартараф хоҳад шуд.
Сухангӯи кохи салтанатии Бритониё дар вокуниш ба ин моҷаро гуфт изҳори назаре дар ин бора намекунад. Соро Фергусун ва принс Эндрю дар соли 1986 издивоҷ карданд ва пас аз доштани ду фарзанд дар соли 1992 аз якдигар ҷудо шуданд. Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд бо вуҷуди ин ҷудоӣ Соро Фергусун ва ҳамсари собиқаш равобити дӯстона ва хубе доранд ва ҳамакнун ӯ ва ду духтараш дар хонаи принс Эндрю зиндагӣ мекунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2345-2010-05-23-18-00-14.html