01:05:46 03-уми Июни 2025 сол

ИНТИҚОДИ АҲМАДИНАЖОД АЗ РУСИЯ ДАР ИРТИБОТ БО ТАВОФУҚИ ТЕҲРОН

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи якшанбе аз Русия ба хотири адами ҳимоят аз баёнияи ахири Теҳрон барои мубодилаи сӯхти атомӣ интиқод кардааст. Ин тавофуқ рӯзи 17 май дар пайи музокироти раҳбарони Эрон, Бразил ва Туркия дар Теҳрон ҳосил шуд ва бар асоси он, мувофиқат шудааст Эрон ҳудуди 1200 килуграм урониюми ғанишуда бо ғализии пойини худро ба Туркия бифиристад ва дар изои он сӯхти ҳастаӣ барои реоктури таҳқиқотии Теҳрон дарёфт кунад.

 

Аммо вокуниши Русия ба он, муҳтотона буд ва ба илова Маскав аз пешнависи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон, ки як рӯз пас он баёния миёни аъзои Шӯрои Амният тавзеъ шуд, ҳимоят кардааст. Ин пешнавис таҳримҳои шадидтареро алайҳи Эрон дар назар мегирад.

 

Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон, ИСНО, оқои Аҳмадинажод рӯзи якшанбе, 23 май, гуфт: " Мо ва Русия, ду кишвари ҳамсоя ва дӯст ҳастем ва наметавон ин дӯстиро аз байн бурд. Эрон ҳамвора як ҳамсояи самимӣ ва содиқ барои Русия будааст ва агар ҷойи масъулони русӣ будем, дар эъломи назар бо диққати назари бештаре амал мекардем."

 

Ӯ афзуд: "Баёнияи Теҳрон роҳро барои таъомул боз кардааст ва мо аз як кишвари ҳамсоя ва дӯст интизор дорем, ки ба сурати қотеъ аз баёния дифоъ кунад ва иҷоза надиҳад, ки баҳонаҳои дигаре ворид шавад ва монеъи як таъомули созанда шавад."

 

Димитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия зимни истиқбол аз баёнияи Теҳрон гуфта буд ин суол матраҳ аст, ки оё ин тавофуқнома ба танҳоӣ "кофӣ" аст ё хайр. Як рӯз баъд эълом шуд, ки пешнависи қатъномаи тозае алайҳи Теҳрон бо ҳимояти Русия ва Чин миёни 15 узви Шӯрои Амният тавзеъ шудааст.

 

Ин чаҳорумин қатъномаи таҳримӣ алайҳи Эрон аст. Эрон барномаи атомии худро сулҳомез медонад ва таҳримҳои Омрико ва Шӯрои Амниятро бефоида тавсиф мекунад. Аммо ин кишвар ошкоро умедвор будааст, ки тавофуқи ҳафтаи пеши Теҳрон, монеъи тасвибии қатъномае тоза тавассути Шӯрои Амният шавад.

 

Пештар Алии Лориҷонӣ раиси Маҷлиси Эрон гуфт, ки агар Омрико дар садади баҳрабардорӣ аз бахшҳое аз тавофуқномаи мубодилаии сӯхти Эрон ва Туркия бошад ва дар Шӯрои Амният "даст ба моҷароҷӯйӣ бизанад" Эрон дар тасмими худ таҷдиди назар хоҳад кард. Оқои Лориҷонӣ дар саҳни алании маҷлис гуфт, ки "шояд Омрико ва чанд кишвари урупоӣ, дар ин хиёл ҳастанд, ки бо чунин қилу қоле иҷрои баёнияи Теҳронро гузинишӣ дунбол кунанд."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2348-2010-05-24-08-42-20.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854