01:47:20 03-уми Июни 2025 сол

МЕДВЕДЕВ ДИГАР ФАРМОНБАРИ ПУТИН НЕСТ?

Ҷомеъашиносон мегӯянд, ки имрӯзҳо шумори бештаре аз мардуми Русия ба истиқлоли Дмитрий Медведев дар тасмимгириҳояш ба унвони як сиёсатмадор бовар пайдо кардаанд. Замоне, ки оқои Медведев ба раёсати ҷумҳурӣ расид, шахсияти чандон шинохташуда ва бонуфузе набуд ва бисёре аз мардуми Русия мӯътақид буданд, ки вай дастнишонда ва фармонбари Владимир Путин, раиси ҷумҳурии собиқ, аст.

 

Пажӯҳиши тозаи маркази таҳлилии "Левада-Сентр" ҳокист, ки дар як соли гузашта шумори сокинони Русия, ки ба мухторияти бештари Президент Медведев бовар доранд, аз 11 ба 18 дарсад афзудааст. Баръакс, шумори ононе, ки мӯътақиданд қудрати воқеъӣ дар дасти нахуствазир Владимир Путин аст, аз 30 ба 22 дарсад коҳиш ёфтааст. Тибқи ин пажӯҳиш, афкори умумии Русия нисбат ба суоли "Оё Медведев дар тасмимгириҳои худ аз нуфузи Путин озод аст?" бакуллӣ тағйир кардааст.

 

Ба ин суол 42 дарсади пурсидаҳо посухи мусбат додаанд, дар ҳоле ки соле пеш танҳо 19 дарсад бар ин бовар буданд. Дар муқобил, шумори афроде, ки гумон мекунанд раиси ҷумҳур таҳти нуфузи нахуствазир қарор дорад, 35 дарсад коҳиш ёфтааст (аз 68 ба 44%).

 

Бо ин ҳол, назарсанҷие, ки сандуқи мавсум ба "Афкори умумӣ"-и Русия рӯзҳои 22-23 май анҷом дод, нишон медиҳад, ки шохиси эътимоди мардум ба Владимир Путин нисбат ба Дмитрий Медведев ҳамчунон бештар (мутаносибан 68 ва 64,5 имтиёз) аст. Ин дар ҳолест, ки эътибори раиси ҷумҳур дар як ҳафта 1,2 дараҷа боло рафтааст.

 

Таҳлилгарони маркази "Левада-Сентр" бар ин назаранд, ки тайи як соли гузашта теъдоди сокинони Русия, ки аз Дмитрий Медведев ба унвони раиси ҷумҳурӣ ҳимоят мекунанд, 12 дарсад афзудааст.

 

Натоиҷи назарсанҷии саросарии Русия, ки 21-25 май анҷом шуд, нишон медиҳад, ки шумори тарафдорони оқои Медведев дар соли ҷорӣ ба 65 дарсад расидааст, дар ҳоле ки ин рақам дар моҳи майи соли 2009 милодӣ 58 дарсад буд. Дар ҳамин давра, шумори афроде ҳам, ки мӯътақиданд раиси ҷумҳурии феълӣ дар таҳаввулоти рӯзмарраи Русия нуфузи қобили таваҷҷуҳе дорад, аз 35 ба 46 дарсад афзоиш ёфтааст.

 

Ихтилофи ду ҷониб

Дар ин авохир раиси ҷумҳур бархе аз салоҳиятҳои ҳукумати Русияро тағйир дода ва дар мавриди фаъолияти он интиқодоте матраҳ кардааст. Рӯзи чаҳоршанбе дафтари Президент Медведев девони вазиронро муваззаф кард, ки номзадии намояндагони давлат ба ҳайъати мудираи корхонаҳо ва муассисоти роҳбурдӣ (истротежик) ва Бонки амонатгузориро бо дафтари раёсати ҷумҳурӣ ҳамоҳанг кунад.

 

Аъзои ҳукумат ҳамчунин бояд раҳнамудҳои намояндагони давлат дар ҳамоишҳои саҳомдорон ва ҷаласоти ҳайъати мудираи ин муассисотро бо дафтари раёсати ҷумҳурӣ ҳамоҳанг кунанд. Рӯзи дигар, зимни суханронӣ дар Шӯрои Давлатӣ, Дмитрий Медведев кобинаи вазиронро маломат кард, ки масоили муҳити зистро нодида мегирад. Ба назари вай, ин мавзӯъ дар авлавиятҳои ҳукумат дар радаи пойин қарор дорад.

 

Вай бархӯрди ҳукумат бо масоили муҳити зистро "мушкили зеҳнии мо" хонд ва гуфт: "Мо ҳама муҳофизони муҳити зист ҳастем, ҳама дар барномаҳо ширкат мекунем, ин мавзӯъро бо камоли майл баррасӣ мекунем, вале ҳар гоҳ, ки мавқеъи амал расид, мушкили муҳити зист аз таваҷҷуҳ дур мемонад." Дар ҳамин ҷаласа фармондори вилояти Киров Никита Белих эълом кард, ки яке аз муҳиммтарин масоили зистмуҳитии Русия ҳифозат аз дарёча (кӯл)-и Байкал аст.

 

Дар моҳи январ Владимир Путин мусаввабаеро имзо карда буд, ки тавлиди селулуз, коғаз ва картон дар ҳавзаи зистмуҳитии минтақаи дарёчаи Байкалро иҷоза медиҳад. Ин бад-он маънист, ки дар минтақа корхонаҳое бо системи истифода аз оби рокид (беҷараён) ба фаъолият хоҳанд пардохт, яъне ин амр дарвоқеъ мӯҷиби партоби ошғол ба дарёча мешавад. Намояндагони "Гринпис" ва созмонҳои дигари мудофеъи табиъат ва муҳити зист бо ин тасмими давлати Русия ибрози мухолифат кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2377-2010-05-28-14-29-03.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854