ИТТИҲОДИ ГУМРУКИИ МАСКАВ ВА ОСТОНА БИДУНИ МИНСК
Русия ва Қазоқистон қарордоде дар мавриди таъсиси як иттиҳодияи гумрукии дуҷониба бидуни мушорикати Белорус имзо карданд, ки аз аввали июл фаъол хоҳад шуд. Тавофуқ дар бораи таъсиси ин иттиҳодия рӯзи ҷумъаи 28 май дар ҷаласаи ниҳоди олии Иттиҳодияи гумрукӣ дар Сан-Питерзбург ҳосил шуд. Дар музокирот барои ин мавзӯъ нахуствазирони Русия ва Қазоқистон, Владимир Путин ва Карим Масимов, ширкат доштанд.
Сергей Сидорский, нахуствазири Белорус, ки қарор буд дар ин ҳамоиш ширкат кунад, ба ҷаласа ҳозир нашудааст. Коршиносон мегӯянд сабаби ширкат накардани вай вуҷуди ихтилофи назарҳое миёни Белорус ва шарикони билқуввааш дар Иттиҳодияи гумрукӣ аст.
Мушкилоти лоянҳал
Вуҷуди мушкилоти рафънашуда миёни ҷонибҳоро Владимир Путин низ таъйид кард. Вай рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт: "Мо ихтилофоти мавҷуд бо Белорус дар бораи низоми пардохти аворизи гумрукӣ, аз ҷумла барои содироти нафти хом ва маводди дигари нафтӣ ва омода набудани Белорус ба иҷрои созишномаҳои қаблан имзошударо ба назар мегирем."
Ба навбаи худ, Карим Масимов гуфт, ки Русия, Белорус ва Қазоқистон тавонистаанд тақрибан ҳамаи ихтилофи назарҳои худ дар мавриди Иттиҳодияи гумрукиро рафъ кунанд. Владимир Путин хабар дод, ки бо оқои Сидорский гуфтугӯйе телефунӣ доштааст ва ибрози умедворӣ намуд, ки Минск дар марҳилаи баъдӣ ба асноди имзошуда хоҳад пайваст.
Ӯ гуфт: "Русия ва Қазоқистон аз пайвастани Белорус ба ҳамаи созишномаҳо ва тасмимот дар марҳилаи дувуми таъсиси Иттиҳодияи гумрукӣ истиқбол мекунанд."
Аммо вай ҳушдор дод, ки агар ин иттифоқ наюфтад, "пас ҳар тасмиме дар бораи ҳамгироии жарфтари мо фақат ба сурати дуҷониба иҷро хоҳад шуд."
Путин ва Масимов созишномае ҳам дар бораи иҷрои қарордодҳои байналмилалӣ дар чорчӯби Иттиҳодияи гумрукӣ имзо карданд. Онҳо ҳамчунин тасмим гирифтаанд, ки дар Остона як ниҳоди қазоии (додгоҳии) муваққат барои рафъи масоили баҳсбарангез дар ин эътилофи иқтисодии навпо таъсис диҳанд.
Ҳимоят аз санъати мошинсозии Русия
Ба гуфтаи Владимир Путин, ҷонибҳо мувофиқат кардаанд, ки низоми воридоти мошин ё худрав тавассути ширкатҳои хусусиро бидуни тағйир боқӣ гузоранд. Вай гуфт: "Мо омодаем дар воридоти мошин тавассути шаҳрвандони кишварҳои шарикамон (дар чорчӯби қонуни ҷадиди гумрукӣ) истисно қоил шавем. Ин қоъида барои муҳлатҳои мушаххас ва маҳдуде дар марҳилаи гузор иҷро хоҳад шуд."
Ба гуфтаи оқои Путин, ин марҳила аз ҳоло то замони таъсиси Фазои воҳиди иқтисодиро дар бар мегирад, ки ҷонибҳо тасмим гирифтаанд ҳарчи сареътар мавозеъи худро нисбат ба он ҳамоҳанг кунанд.
Нахуствазири Русия мавзӯъи ҳимоят аз санъати мошинсозии кишварашро "масъалае ҳассос барои Русия" хонд. Аммо дар Қазоқистону Белорус низоми сода ва озодонатаре дар заминаи воридоти мошинҳои хориҷӣ тавассути шаҳрвандон мавҷуд аст. Оқои Путин мӯътақид аст, ки имзои созишномаи дуҷониба бар иҷрои меконисмҳои қаблан эҷодшуда дар чорчӯби Иттиҳодияи гумрукӣ таъсире нахоҳад гузошт.
Дар боби авориз (ё пардохтҳо)-и гумрукӣ барои содироти нафт ва маводди нафтӣ, ки арзиши он Белорусро қонеъ накардааст, Владимир Путин гуфт, ки ин авориз дар муъомилоти тиҷории кишварҳои узви Иттиҳодияи гумрукӣ баъд аз тасвиби созишнома барои эҷоди Фазои воҳиди иқтисодӣ лағв хоҳанд шуд. Рӯзе пеш, Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус, бори дигар эълом кард, ки боҷгирӣ барои содироти нафти Русия ба кишварашро амале дур аз инсоф медонад.
Вай афзуд: "Корхонаҳои мо нафти хомро баробари ширкатҳои Русия харида, аз он маҳсулоти дигаре таҳия мекарданд ва дар бозорҳои дохилию хориҷӣ мефурӯхтанд. Ин дуруст аст? Албатта, дуруст аст. Вале чун (русҳо) диданд, ки аз ин роҳ мо даромади зиёде дорем, ба боҷгирӣ пардохтанд. ки баҳои нафтро ду баробар афзоиш дод ва бо ин кор хостанд моро ба ҳошия биронанд."
Ихтилофи назари Русия ва Белорус бар сари аворизи нафтӣ сабаби аслии имзо нашудани созишномаи сеҷониба дар мавриди таъсиси Иттиҳодияи гумрукӣ дар 21 май буд. Маскав мегӯяд омода аст, ки нафти лозим барои ниёзҳои дохилии Белорусро бидуни боҷгирӣ ба ин кишвар содир кунад, аммо исрор меварзад, ки барои бақияи нафти содиротӣ ба ин кишвар боҷ ё аворизи гумрукӣ хоҳад ситонд.
Пайвастан ба Созмони Тиҷорат
Путин ҳамчунин хабар дод, ки Русия ва Қазоқистон акнун дар фароянди пайвастан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат фаъолиятҳои худро ҳамоҳанг хоҳанд кард. Вай гуфт "пайвастан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) дар чунин қолабе осонтар хоҳад буд" ва афзуд, ки дар чунин сурате Русия ва Қазоқистон бидуни мушорикати Белорус ба ин ҳадаф даст хоҳанд ёфт.
Нахуствазири Русия афзуд: "Ҳар гоҳ Белорус тамомии муқаррароти дохилии Иттиҳодияи гумрукиро бипазирад ва асноди марбутаро имзо кунад, мо ба сурати сеҷониба ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат хоҳем пайваст. Вагарна, ин корро ба сурати дуҷониба хоҳем кард."
Ниёз ба мусолиҳа
Тасмими Русия, Белорус ва Қазоқистон ба таъсиси як иттиҳодияи гумрукии сегона дар моҳи июни соли 2009 эълом шуд, аммо ин се кишвар ба эҷоди чунин иттиҳодияе муваффақ нашуданд. Тарҳи тасъсиси иттиҳодияи гумрукӣ аз ҳамон оғоз бо мушкилот ва ихтилофи назарҳое ҳамроҳ будааст. Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус, Маскавро ҳамвора ба инҳироф ё канорагирӣ аз тавофуқоти марбут ба озодии тиҷорат муттаҳам карда ва мекунад.
Коршиносон мегӯянд, ки ҷонибҳо дар бораи масоили хурду резае ба тавофуқ расида, вале дар масоили калидӣ, монанди нархи аворизи нафтӣ барои Белорус ва ё воридоти мошинҳои хориҷӣ ба Русия, бо ҳам ихтилофи назарҳое доранд.
Монеъи дигар аз таъсиси иттиҳодияи гумрукии сегона мавзеъи сахтгиронаи Минск аст. Президент Лукашенко рӯзи 25 март эълом кард, ки як иттиҳодияи гумрукӣ бо қавоъиди вижа дар мавриди табодули бархе колоҳо ва аворизи гумрукӣ "барои Белорус лозим нест." Сергей Мусиенко, узви шӯрои умумӣ дар дафтари раёсати ҷумҳурии Белорус, низ аз суханони вай ҳимоят кард.
Вай ба нашрияи "Ведомости" гуфт: "Дар дохили ҳеч иттиҳодияе аворизи гумрукӣ барои нафт вуҷуд надорад ва сухан дар бораи ҳимоят аз санъати мошинсозии Русия хандаовар аст. Ҳарчи аз "АвтоВАЗ" ҳимоят накунанд, ин ширкат саранҷом варшикаста хоҳад шуд."
Дар дидори раҳбарони кишварҳои узви ниҳоди олии Иттиҳодияи гумрукӣ, ки ҳафтае пеш дар Сан-Питерзбург бенатиҷа анҷом шуд, Владимир Путин барои аввалин бор ба забони хеш иқрор кард, ки ихтилофоте миёни ҷонибҳо вуҷуд дорад. Вай аз мушкилоте хабар дод, ки барои рафъи онҳо "ҳар кадоме аз ҷонибҳо бояд гузашт кунад."
Қарор буд дар сурати роҳандозии таъруфаҳои ягонаи гумрукӣ миёни се кишвар аз 9,3 ҳазор нархи аворизи гумрукӣ барои воридот тақрибан 80 дарсади таъруфаҳо ба сатҳи Русия баробар карда шаванд. Ба ин тартиб, нархи аворизи гумрукӣ барои тақрибан яку ним ҳазор навъи коло ва тавлидоти воридотӣ ба Русия пойин ва барои 350 навъи дигар боло хоҳад рафт.
Дар натиҷа, ба гуфтаи коршиносон, қимати бархе мавод ва колоҳо дар Русия, монанди дорувор, таҷҳизоти пизишкӣ ва дастгоҳҳои забти садо арзонтар ва баръакс, гӯшти воридотӣ, ҳасиб, кунсерв ва либос, бавижа агар тавлиди Чин ва Туркия бошад, гаронтар хоҳанд шуд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2382-2010-05-29-17-44-10.html