15:07:11 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИНФИҶОРҲО ДАР БАҒДОД 69 КУШТА ДОД

 

Дар натиҷаи инфиҷори як бумб дар Бағдод, пойтахти Ироқ, дастикам шасту нуҳ нафар кушта ва беш аз яксаду сӣ нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Пулис мегӯяд ин бумб, ки дар зери бастаҳои сабзиҷот қарор дода шуда буд, дар бозори шулуғе дар шаҳраки Садри Бағдод, ки аз манотиқи умдатан шиъанишин аст, мунфаҷир шуд. Ин минтақа аз манотиқи пурҷамъият аст, ки дар гузашта ҳам мураттабан ҳадафи бумбгузориҳо будааст. Шӯришиёни суннимазҳаб, ки гуфта мешавад бархе аз онон бо созмони Алқоъида иртибот доранд, дар тӯли солҳои гузашта манотиқи шиъанишини шаҳрҳои мухталифи Ироқро ҳадафи бумбгузориҳои густарда қарор додаанд.

Ҳамлаи ахир дар шаҳраки Садр, ки яке аз хунбортарин ҳамалот дар соли ҷорӣ ба шумор меравад, дар ҳоле сурат гирифта, ки танҳо шаш рӯз ба замони хурӯҷи нерӯҳои омрикоӣ аз шаҳрҳои Ироқ боқӣ мондааст.

Мутобиқи тавофуқе, ки байни давлатҳои Омрико ва Ироқ ҳосил шуда, нерӯҳои омрикоӣ бояд то таърихи 30 июн аз шаҳрҳои Ироқ хориҷ шаванд.

Таърихи поёни амалиёти ҷангии нерӯҳои омрикоӣ дар Ироқ сентябри соли 2010 эълом шудааст ва пас аз он нерӯҳои амниятии ироқӣ батанҳоӣ амал хоҳанд кард.

Бархе нозирон мегӯянд ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки мумкин аст шӯришиёни мухолифи Омрико аз хурӯҷи нерӯҳои омрикоӣ сӯиистифода кунанд, вале раҳбарони Ироқ бар ин нукта таъкид меварзанд, ки нерӯҳои он кишвар қодиранд ба танҳоӣ амниятро дар Ироқ барқарор кунанд.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi