22:04:53 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАСВИБИ СОЗИШНОМАИ АМРИКО БО ҚИРҒИЗИСТОН

Порлумони Қирғизистон бо иттифоқи оро тавофуқномаеро тасвиб кардааст, ки ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иҷоза медиҳад истифода аз пойгоҳи ҳавоии Манас, дар ҳумаи Бишкек, пойтахти ин кишварро идома диҳад.

Моҳи феврал порлумони Қирғизистон мусаввабаеро дар мавриди хуруҷи низомиёни Амрико аз пойгоҳи Манас то ба таърихи 17 августи соли ҷорӣ имзо карда буд. Рузи панҷшанбеи 25 июн 75 намоянда аз ҷумлаи 90 вакили порлумони Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз тавофуқи ҷадид мабнӣ бар идомаи истифода аз ин пойгоҳ тавассути Амрико раъй доданд ва ҳеҷ вакиле раъйи мухолиф надодааст.

Тибқи тавофуқи ҷадид, низомиёни Амрико аз пойгоҳи низомии Манас акнун ба унвони "маркази тронзити колоҳои ғайринизомӣ" барои ҳимоят аз амалиёти нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон дар ҷанг алайҳи шуришиёни Толибон истифода мекунанд.

Ду рӯз пеш мақомоти қирғиз эълом карда буданд, ки бо Амрико барои идомаи истифода аз пойгоҳи Манас ба унвони маркази тронзити колоҳои ғайринизомӣ мувофиқатномае имзо кардаанд.

Тасмим дар бораи таъсиси маркази тронзити коло барои нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон навъе тағйир дар мавзеъи мақомоти Қирғизистон арзёбӣ мешавад.

Моҳи феврали соли ҷорӣ Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳурии Қириғизистон, пас аз мулоқот бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, дар Маскав аз Амрико хост пойгоҳи низомии Манасро тахлия кунад.

Он замон Русия ваъда карда буд, ки барои бунёди нерӯгоҳҳои обӣ дар Қирғизистон беш аз ду милёрд дулор сармогузорӣ хоҳад кард. Эълони ин тасмим мӯҷиби гумоназаниҳои миақомоти Амрикоӣ дар маврди фишори Русия бар Қирғизистон рӯйи ин мавзуъ шуд.

Ба дунболи он порлумони Қирғизистон аз низомиёни Амрико хост пас аз муддати шаш моҳ бар тибқи тавофуқи ду кишвар дар заминаи истифода аз пойгоҳи Манас, аз кишвар хориҷ шаванд.

Мақомоти Қирғизистон далели иттихози чунин тасмимро беҳбуди вазъ дар Афғонистон ва ҷуброни нокофии ҳаққи истифода аз пойгоҳ мехонданд.

Ин дар ҳоле буд ки корвонҳои мавод барои нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар манотиқи марзии Покистон ва Афғонистон мавриди ҳамалоти рӯзафзуни шуришиёни Толибон қарор мегирифтанд ва Иёлоти Муттаҳида ва Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) дар пайи дарёфти масирҳои ҷадид барои интиколи васоил ба нерӯҳояшон дар Афғонистон буданд.

Аммо масъулони Амрикоӣ пас аз чунин тасмими Қирғизистон ҳамвора ба музокирот барои идомаи баҳрабардорӣ аз ин пойгоҳ ишора ва ба натоиҷи мусбати он изҳори умедворӣ мекарданд.

Бархе аз таҳлилгарон гуфтаанд бознигарӣ дар мавзеъи Қирғизистон чанд омил дорад ва иттихози тасмим дар ин замина бо Русия ҳамоҳанг шудааст.

Қарор аст дар моҳи июл мулоқоти сарони Русия ва Иёлоти Муттаҳида баргузор шавад.
Дар поёни соли 2001, замоне ки Толибон дар Афғонистон аз қудрат канор андохта шуданд, Қирғизистон ба Амрико иҷозаи истифода аз пойгоҳи Манасро дод.

Ҳузури пойгоҳи низомии Амрико дар қаламраве, ки ҷузъе аз Иттиҳоди Шӯравии собиқ буд ва ҳамҷавор бо Чин аст, мӯҷиби нигаронии Пекин ва Маскав будааст. Русия низ дар ҳумаи Бишкек як пойгоҳи низомӣ дорад.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi