НАЗАРСАНҶӢ ДАР БОРАИ ИҚДОМИ НИЗОМӢ АЛАЙҲИ ЭРОН
Бар асоси назарсанҷии ҷаҳонии муассисаи таҳқиқотии PEW дар Омрико, аксарияти мардум дар бисёре аз кишварҳои ғарбӣ ва маъдуде аз кишварҳои исломӣ моил ба мадди назар қарор додани гузинаи низомӣ алайҳи Эрон барои ҷилавгирӣ аз дастёбии ин кишвар ба "силоҳи атомӣ" ҳастанд. Ин назарсанҷӣ дар 22 кишвари Омрико, Бритониё, Фаронса, Миср, Урдун, Лубнон, Чин , Ҳинд, Покистон, Мекзик, Кениё, Ниҷерия, Олмон, Испониё, Лаҳистон, Русия, Туркия, Индунезӣ, Жопун, Куреи Ҷанубӣ, Оржонтин, Бразил, анҷом шудааст.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, аксарият ё гурӯҳҳои бузурге аз пурсишшавандагон дар 16 кишвар аз баррасии ҳамлаи низомӣ ҳимоят мекунанд. 66 дарсади омрикоиҳое, ки бо атомӣ шудани Эрон мухолифанд, аз гузинаи қаҳромез барои ҳалли масъалаи атомии Эрон ҳимоят мекунанд. Дарсади мувофиқони чунин рӯйкарде танҳо дар Ниҷерия бештар аст, ки 71 дарсад мерасад.
Дар миёни урупоиҳо низ дидгоҳҳо нисбат ба масъала печидатар аст. Дар Фаронса 59 дарсад гуфтанд, ки гузинаи низомиро барои ҷилавгирӣ аз атомӣ шудани Эрон дар назар мегиранд дар ҳоле ки ақаллияти бузурге, яъне 41 дарсад ин гузинаро рад карданд. Бар асоси назарсанҷӣ, ҳимоят аз гузинаи низомӣ дар Олмон 51 дарсад, дар Испониё 50 дарсад ва дар Бритониё 48 дарсад аст.
39 дарсади олмониҳо 34 дарсади испониёиҳо ва 37 дарсади бритониёиҳо гуфтанд муҳим аст аз гузинаи низомӣ парҳез шавад, ҳатто агар ин рӯйкард ба дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ мунҷар шавад. Аксарияти назарсансанҷишавандагон дар Миср ва Урдун батартиб 55 ва 53 дарсад ҳам аз гузинаи низомӣ ибрози ҳимоят мекунанд.
Ин рақам дар Лубнон 44 дарсад аст ва 37 дарсади лубнониҳо ҳам бо гузинаи низомӣ мухолифанд. Дар Туркия 37 дарсади назарсанҷишавандагон гуфтанд парҳез аз муноқишаи низомӣ бо Эрон бояд дар авлавият бошад, аммо 29 дарсад гуфтанд, ки рӯйкарди қаҳромез қобили баррасӣ аст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2503-2010-06-18-06-36-55.html