19:22:50 01-уми Июни 2025 сол

ДАРХОСТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲҚИҚИ ҲАВОДИСИ ҚИРҒИЗИСТОН

Созмони Афви Байналмилал бо интишори баёнияе хостори таҳқиқи байналмилалии мустақил ва бетарафонаи ҳаводиси хушунатбори чанд рӯзи ахир дар ҷануби Қирғизистон шудааст. Дар даргириҳои қавмии як ҳафтаи ахир дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод Клик дастикам 191 нафар кушта ва наздики 400 ҳазор нафар бехонумон шудаанд. Ҳазорон нафар аз хонаводаҳои ӯзбак ҳам аз марзи Қирғизистон ба Ӯзбакистон гузашта ва дар он ҷо дар урдӯгоҳҳои муваққат паноҳ бурдаанд.

 

Дар ҳамин ҳол, Роберт Блейк, намояндаи Омрико дар Осиёи Миёна, низ хостори таҳқиқи хушунатҳо дар ҷануби Қирғизистон шудааст. Вай рӯзи ҷумъаи 18 июн дар ҳоле ки аз урдӯгоҳҳои оворагон дар шаҳри Андиҷони Ӯзбакистон дидан мекард, тақозои таҳқиқи байналмилалии ин ҳводисро кардааст. Вай қарор аст дертар барои мулоқот бо мақомоти қирғиз вориди Бишкек шавад.

 

Дар таҳаввуле дигар, Роза Отунбоева, раҳбари давлати муваққати Қирғизистон, ки Клик рӯзи ҷумъа аз Ӯш дидор дошт, гуфтааст, ки шумори талафоти ҷонӣ мумкин аст даҳҳо маротиба аз омори расмӣ бештар бошад. Дар баёнияе, ки Афви Байналмилал рӯзи панҷшанбе интишор дод, Мейси Вейчердинг, коршиноси умури Осиёи Миёнаи ин созмон, гуфтааст, ки тарафҳои осебдида танҳо таҳқиқи байналмилалиро мӯътабар ва беғазарона медонанд.

 

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки таҳқиқи бетарафона ва мустақиллонаи байналмилалӣ иқдоме калидӣ барои барқарории сулҳи пойдор ва қонунмандӣ дар кишвар аст. Вай меафзояд: "Таҳқиқи бетарафона барои мутмаин шудан, ки шавоҳид ва мадорики нақзи ҳуқуқи башар бояд бидуни таъхир гирдоварӣ ва ҳифз шаванд, бисёр зарурист. Омилони ин гуна ҷароим, ки тӯли ҳафтаи гузашта рух дод, бояд шиносоӣ ва ба маҳкама кашида шаванд."

 

Созмони Афви Байналмилал ҳамчунин аз гузоришҳои расида дар бораи ин ки нерӯҳои давлатӣ талош кардаанд аксҳо ва мадорики видиюиро аз рӯзноманигорони маҳаллӣ ва шаҳрвандон мусодира кунанд, башиддат ибрози нигаронӣ кардааст. Ин гузоришҳо дар ҳоле мунташир мешавад, ки иддаъоҳои зиёде дар бораи ҳамдастии нерӯҳои амниятӣ дар мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар ҷараёни даргириҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон матраҳ аст.

 

Ин созмон мегӯяд, ки дар як маврид афроди мусаллаҳ ва ниқобпӯш дар шаҳраки Бозор-Қурғон ба хонаи як мудофеъи ҳуқуқи башар рафта ва аз занаш хостаанд, ки дастгоҳи забт ва видиюҳои ҳовии тасовире аз мавориди нақзи ҳуқуқи башарро ба онҳо таслим кунад. Аммо вақте ки ин зан тақозои ин гурӯҳро рад кардааст, онҳо ба дарвозаи хонаи вай тир андохтаанд.

 

Мейси Вейчердинг мегӯяд: "Мудофеъони ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон дар сабту мустанадсозии мавориди нақзи ҳуқуқи башар нақши боризе доранд. Мақомоти Қирғизистон муваззафанд аз онҳо ҳимоят кунанд."

 

Даргириҳои қавмии хушунатбор дар ҷануби Қирғизистон, ки дар ду даҳаи ахир собиқа надоштааст, Клик аз 10 июн миёни тӯдаҳое аз ҷавонони қирғиз ва ӯзбак шурӯъ шуд ва дар муддате кӯтоҳ ба задухӯрдҳои густарда, оташзании хонаҳо ва ғорати амволи мардум табдил шуд. Ин даргириҳо мавориди зиёде аз қатлу куштор дар маҳаллоти ӯзбакнишини шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод ва шаҳраку рустоҳои перомуни онҳоро ба ҳамроҳ дошт.

 

Дар натиҷа, ҳазорон нафар аз хонаводаҳои ӯзбак хонаҳои худро тарк карда ва бидуни дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстона дар урдӯгоҳҳои муваққат ба сар мебаранд ва ё дар маҳаллоти дастнорас худро пинҳон кардаанд. Мейси Вичердинг мегӯяд: "Давлати муваққати Қирғизистон бояд ба иддаъоҳои ҳамдастии нерӯҳои амниятӣ дар даргириҳо сареъан вокуниш кунад ва сареҳан ҳушдор диҳад, ки ҳар мавриди нақзи ҳуқуқи башар дар кишвар мавриди пайгарди қонунӣ қарор хоҳад гирифт."

 

Вай меафзояд: "Давлати Қиризистон гузориш карда, ки нерӯҳои давлатӣ кунтрули авзоъ дар манотиқи ошӯбдидаро ба даст гирифтаанд. Бо ин вуҷуд, ҳукумати қонун дар ин кишвар танҳо дар сурате барқарор хоҳад шуд, ки он бо масъулиятшиносӣ ҳамроҳ бошад."

 

Ин коршиноси Афви Байналмлал ҳамчунин мегӯяд, ки барои дастёбӣ ба ин, мақомоти қирғиз бояд ба дунболи таҳқиқи байналмилалии ҳамалоти хушунатбор бошанд ва ба он мусоъидат кунанд.

 

"Онҳо ҳамчунин бояд барои ҳимоят аз мудофеъони ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорони мустақил иқдом кунанд, зеро фаъолияти онон барои анҷоми ҳар гуна пажӯҳиши мустақил ва бетарафона бағоят муҳим аст."

 

Афви Байналмилал як ҷунбиши байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар аст, ки дар 150 кишвари ҷаҳон беш аз 2,8 милюн аъзо ва тарафдор дорад. Дафотири ин созмон дар 80 кишвари ҷаҳон фаъолият доранд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2506-2010-06-18-17-29-26.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854