07:57:09 28-уми Июни 2025 сол

СММ 71 МИЛЮН ДУЛОР БАРОИ ҚИРҒИЗИСТОН МЕХОҲАД

Созмони Милали Муттаҳид хоҳони ҷамъоварии 71 милюн дулор барои кумак ба ҳадди ақал 400 ҳазор осебдидаи даргириҳои қавмӣ дар Қирғизистон шудааст. Роза Отунбоева, раиси ҷумҳурии муваққати Қирғизистон, гуфтааст, ки талафоти ҷонӣ эҳтимолан ба ду ҳазор нафар мерасад. Бон Ки-мун, дабири кулли СММ, меӯяд Ҷон Ҳулмез, баландпоятарин мақоми ин созмон дар умури кумакҳои башардӯстона, дар ҳоли музокира бо намояндагони шуморе аз кишварҳо барои ҷамъоварии маблағи ёдшуда аст.

 

Созмони Милали Муттаҳид умедвор аст битавонад сарпаноҳ ва маводди ғизоии паноҳҷӯёни ӯзбакро ҳадди ақал то шаш моҳи оянда таъмин кунад. Тахмин зада мешавад даргириҳо байни қирғизҳо ва ӯзбакҳо зиндагии ҳудуди як милюн нафарро дар Қирғизистон мухтал карда бошад. Созмони Милали Муттаҳид баровард кардааст, ки ҳудуди 400 ҳазор нафар, ки аксари онҳо аз ақаллияти ӯзбак ҳастанд, мумкин аст аз хонаҳои худ гурехта бошанд.

 

Бар асоси гузоришҳо, ҳудуди сад ҳазор нафар аз онҳо ба кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон паноҳанда шудаанд, ки аз ин теъдод ҳадди ақал 80 ҳазор нафар дар урдӯгоҳҳои муваққати таҳти ҳимояти СММ ба сар мебаранд. Бон Ки-мун рӯзи ҷумъа гуфт: "Бемористонҳо ва ниҳодҳои дигар бо камбуди маводди пизишкӣ рӯбарӯ ҳастанд." Ӯ гуфт: "Бар асоси гузоришҳо, даҳҳо ҳазор нафари дигар мунтазиранд, ки аз марз убур кунанд."

 

Бон Ки-мун гуфт бо раиси ҷумҳурии муваққати Қирғизистон ва Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, дар бораи бӯҳрон ва роҳҳои барқарории муҷаддади назм ва ирсоли кумакҳои башардӯстона гуфтугӯ кардааст. Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз давлати Қирғизистон хостааст, ки дар бораи иллати шурӯъи даргириҳо таҳқиқ кунад.

 

Раиси ҷумҳурии муваққати Қирғизистон рӯзи ҷумъа дар талош барои коҳиши таниш дар ҷануби кишвар, ба шаҳри Ӯш, ки ҳафтаи гузашта саҳнаи даргириҳои қавмӣ буд, рафт. Мақомҳои Қирғизистон пештар гуфта буданд, ки ҳудуди 200 нафар кушта шудаанд, аммо хонуми Отунбоева гуфт шумори кушташудагон мумкин аст ҳудуди 2000 нафар бошад.

 

Хонуми Отунбоева, ки Клик бо чархбол ба Ӯш рафт, гуфт робитаи аксарияти қирғиз ва ақаллияти ӯзбак бар асоси ҳусни ният аст. Вай интиқодҳо дар мавриди наҳваи бархӯрди давлати муваққат бо нооромиҳоро рад кард. Роберт Блейк, мақоми аршади Омрико дар Осиёи Миёна, ки аз як урдӯгоҳи паноҳандагон дар Ӯзбакистон дидан кардааст, хоҳони анҷоми Клик таҳқиқоти мустақил дар бораи даргириҳои Қирғизистон шуд.

 

Созмони Милали Муттаҳид нигарон аст, ки доманаи хушунатҳо ба кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон кашида шавад. Сокининои ҷануби Қирғизистон, бахусус минтақаи Ҷалолобод, ба ҳимоят аз Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон, ки ду моҳ қабл барканор шуд, шуҳрат доранд. Аммо оқои Боқиев, ки ба Белорус гурехтааст, даст доштан дар ин бӯҳронро рад мекунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2511--71-----.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ