11:10:49 28-уми Июни 2025 сол

ДЕВИД ПЕТРИУС ҶОНИШИНИ МАК КРИСТАЛ ШУД

Барак Обама, раиси ҷумҳурии Aмрико, женерол Стэнли Мак Кристол, фармондеҳ омрикоии нерӯҳои эътилоф ва НОТУ-ро аз кори худ барканор ва женерол Девид Петриусро ба ҷойи ӯ муъаррифӣ кардааст.

 

Ин иқдоми оқои Oбaмa пас аз он сурат гирифт, ки женерол Мак Кристал барои тавзеҳи суханони ахираш аз Кобул ба Вошингтун фаро хонда шуда буд. Мулоқоти фармондеҳи кулли қувои Aмрико ва женерол Мак Кристал камтар аз сӣ дақиқа тӯл кашид. Ин женероли aмрикоӣ дар муқобилае, ки нусхаи интернетии он дар маҷаллаи "Rolling Stone" мунташир шуда, ба интиқоди шадид ва гоҳ тамасхури мақомҳои баландпояи ғайринизомӣ мепардозад.

 

Женерол Петриус дар ҳоли ҳозир ҳамчунин фармондеҳи кулли нерӯҳои Aмрико дар Ховари Миёна, шарқи Офриқо ва Миёна аст. Ӯ ҳамон касе аст, ки масъулияти афзоиши шадиди нерӯҳо дар Ироқро ба уҳда дошт. Оқои Oбaмa дар суханоне дар муҳаваттаи Кохи Сафед аз женерол Мак Кристал қадрдонӣ кард, аммо афзуд, ки ҷанг аз ҳар фарде ҳатто як женерол ва ё раиси ҷумҳур фаротар аст.

 

Ӯ таъкид кард, ки ин "тағйире дар хадама аст ва на тағйире дар истротежӣ". Раиси ҷумҳури Aмрико гуфт, ки тасмим барои ҷойгузинии оқои Мак Кристалро "бо таассуфи зиёд" мегирад, аммо афзуд, ки ин женерол дар "эъмоли истондортҳое, ки як женероли фармондеҳ худ бояд онҳоро таъйин кунад, ноком монд."

 

Ӯ гуфт: "Ман ин тасмимро на бар асоси ихтилоф бар сари сиёсатҳо бо женерол Мак Кристал... ва на ба хотири ин ки эҳсос мекунам ба шахси ман иҳонат шуда, мегирам."

 

Ӯ гуфт, ки рафтори фармондеҳи нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон "кунтрули ғайринизомиҳо бар артишро , ки дар конуни низоми демукротики мо қарор дорад, тазъиф мекунад."

 

Ӯ гуфт он чи ки ба нақл аз женерол Мак Кристал дар нашрияи "Rolling Stone" мунташир шудааст, намебоист аз забони женероле, ки дар ҳоли ҷанг аст, гуфта мешуд. Оқои Oбaмa ин тасмимро бисёр мушкил хонд, аммо таъкид кард барои Aмрико ва истротежии ин кишвар дар Афғонистон лозим аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2539-2010-06-24-05-53-11.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ