05:22:44 27-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НИГАРОНӢ АЗ МАЙХОРАГӢ ДАР КИШВАРҲОИ ШУРАВИИ СОБИҚ

Таҳқиқоти тозае дар мавриди зарари истеъмоли олкул нишон медиҳад, ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон ҳануз ҳам барои кунтрули мизони майхорагӣ тадбири андак андешида шудааст.

Лансет, маҷаллаи пизишкии байналмиллалӣ бар зарурати роҳандозии барномаҳои арзон барои коҳиши мизони осеб аз майхорагӣ ва пуштибонии сиёсӣ аз ин амр таъкид мекунад. Бано ба иттилоъи ин маҷалла ҳар 10-ум нафар дар Урупо ба хотири истеъмоли беш аз ҳадди олкул ҷон дода ва 50 дарсади мардони мустаъид ба кор дар Русия аз майзадагӣ мемиранд. 

Ин дар ҳолест, ки ба гузориши ин маҷалла нисфи ҷамъияти курраи замин аслан олкул истеъмол намекунад.

Гуфта шудааст, ки пас аз соли 2000-ум дар қаламрави Урупо бештар аз ҳама кишварҳои собиқ Шуравӣ аз олкул зарар мебинанд.

Бар асоси омори ин гузориш дар ин кишварҳо 15 дарсад аз куллия мавориди маргу мир ба масрафи олкул марбут будааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони пизишкии Тоҷикистон, яке аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ майхорагӣ дар ин кишвар боло набудааст.

Маҳмадазим Малахов, раиси дармонгоҳи бемориҳои марбут ба эътиёди Тоҷикистон дар ин бора гуфт: “Албатта ҳатто як нафар майхора масъалае ҷиддӣ аст, дар сатҳи як хонавода. Аммо дар кулл, дар Тоҷикистон масъалаи майхорагӣ масъалаи актуалӣ нест. Ин амр ба хотири фарҳанги исломӣ дар миёни бештари ҷамъияти кишвар аст.”

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи яке аз муаллифони ин маҷалла мизони марги афроде, ки пас аз фурупошии Шӯравӣ дар асари майхорӣ дар Русия ҷон додаанд, “ба омори мизони марг дар ҷанг шабоҳат дорад.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа низ ин мавзӯъ дар дидори Влодимир Путин, нахуствазири Русия бо Маргарет Чен, дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт матраҳ шудааст.

Оқои Путин гуфтааст: “Мо бояд пешниҳодҳои шуморо дар мавриди тарғиби шеваи солими зиндагӣ қабул кунем ва бояд ин мавзӯъро дар авлавият қарор бидиҳем.”
Гузориши маҷаллаи Лансет ҳокист, ки олкул омили аслии марги ҳар 25-ум нафар дар ҷаҳон будааст.

Пажуҳишгарон дар ин гузориш гуфтаанд, ки афзоиши маргу мири марбут ба олкул пас аз соли 2000 ба афзоиши мизони занони майхора марбут будааст.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi