ИНФИҶОРҲОИ МАРГБОР ДАР ОРОМГОҲИ СУФИҲО ДАР ЛОҲУР
Бумбгузорони интиҳорӣ дар ҳамлае ба як оромгоҳи суфиҳо дар шаҳри Лоҳур дар шарқи Покистон се бумб мунфаҷир кардаанд. Мақомҳои покистонӣ мегӯянд, ки дастикам 35 нафар дар ин инфиҷорҳо, ки панҷшанбе аср дар оромгоҳи "Дото дарбор" рӯй дод, кушта шудаанд.
Ҳадди ақал 175 нафари дигар дар ин инфиҷорҳо, ки тасаввур мешавад аввалин ҳамла ба мақбарае дар Лоҳур бошад, маҷруҳ шуданд Дар замони ҳамла ҳазорон нафар машғули боздид аз оромгоҳ буданд. Пайкари Абулҳасан Алӣ Ҳоҷ Варӣ, аз чеҳраҳои муқаддаси суфӣ дар ин оромгоҳ мадфун аст. Ҳар сол садҳо ҳазор нафар аз сунниҳо ва шиъиён ба зиёрати ин оромгоҳ мераванд. Хусрави Парвиз аз мақомҳои пулиси Лоҳур гуфт, ки ду ҳамла дар ҳавлии аслии оромгоҳ ва севумӣ дар табақаи пойини он рӯй дод.
Мақомҳо мегӯянд бар ин боваранд, ки бумбгузорон барои сохтан бумбҳои бисёр маргбор аз белбринг истифода кардаанд. Лоҳур ахиран ҳадафи як ришта ҳамалот қарор гирифтааст, ки шомили як бумбгузории интиҳорӣ дар дафтари маркази зиддитеруристии шаҳр дар моҳи март мешуд, ки 13 кушта ба ҷо гузошт.
Дар моҳи май беш аз 90 нафар дар ҳамлае ба фирқаи ақаллияти аҳмадӣ дар ин шаҳр кушта шуданд. Олам Мақбул, хабарнигори Би-би-сӣ дар Исломобод, мегӯяд, ки пештар руасои Созмонҳои амниятӣ ба ин мавзӯъ меболиданд, ки моҳи июн аввалин моҳ тайи ду соли ахир дар Покистон бидуни вуқуъи бумбгузории интиҳорӣ будааст.
Ба ақидаи онҳо ин собит мекард, ки шабакаи пайкорҷӯён мухтал шудааст. Аммо хабарнигори мо меафзояд, ки аксар покистониҳо медонистанд, ки ҳанӯз роҳи дарозе то поёни набард алайҳи пайкорҷӯе дар ин кишвар дар пеш аст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2589-2010-07-02-06-08-55.html