15:07:15 28-уми Июни 2025 сол

САФАРИ ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН БА ҚАФҚОЗ

Котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар чаҳорчӯби силсиласафар ба бархе аз кишварҳои Шӯравии собиқ рӯзи якшанбе ба Озарбойҷон омад. Ба думболи дидору гуфтугӯ бо мақомоти Боку Клинтон диду боздидҳои худро дар Арманистон идома медиҳад. Ҳарафи аслии сафари котиби давлатии Амрико азсаргирии музокироти сулҳ байни Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи даъвоии Қаробоғи кӯҳӣ аст.

 

Боку хостори кумак дар ҳалли баҳси Қарабоғ шуд

Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар мулоқот бо Ҳилларӣ Клинтон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват кард, ки дар ҳалли баҳси 15-солаи Қаробоғи кӯҳӣ кӯмак кунад. Илҳом Алиев ба котиби давлатии Амрико гуфтааст, ки баҳси қаламрав ба хатари умдаи амнияти кишвараш табдил шудааст.  Қабл аз мулоқоти як ба як Алиев ба Клинтон гуфт, "мо бояд ҳарчӣ зудтар ҳалли баҳси Қаробоғро пайдо кунем". Котиби давлатии Амрико бар аҳамияти ин мавзӯъ барои Вашингтон таъкид кард, вале ҷузъиёт надод.

 

Ин севвумин кишварест, ки Ҳилларӣ Клинтон дар ҷараёни сафари худ ба Аврупои Шарқӣ ва Қафқоз аз он боздид кардааст. Интизор меравад, ки шоми рӯзи якшанбе мақоми баландпояи Амрико дар дидору гуфтугӯ бо раҳбарони Арманистон низ ба аз саргирии музокироти сулҳ бар сари Қаробоғи кӯҳӣ таъкид хоҳад кард.

 

15 соли моҷарои Боку ва Ереван

Қаробоғи кӯҳӣ як минтақаи хурди Озарбойҷон аст, ки аҳолии онро асосан арманиҳо ташкил медиҳанд. Ин минтақа соли 1990 ба думболи як низои мусаллаҳона, ки 30 ҳазор нафарро кушта бар ҷой гузошт, аз Озарбойҷон канда шуд. Истиқлолияти Қарабоғи кӯҳӣ аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст. Озарбойҷон мегӯяд омодааст, Қарабоғи кӯҳиро бо истифодаи зур бозпас бигирад. Миёнҷигарии 15-солаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли баҳси Қарабоғ то ҳол ҳеҷ натиҷае ба бор наовардааст. Моҳи гузашта дар пайи як задухӯрди мусаллаҳона дар ин минтақа чаҳор аскари арманитабор ва як аскари Озарбойҷон кушта шуданд.

 

Талоши беҳсозии равобит бо Боку

Ин аввалин сафари Ҳиллари Клинтон дар симмати котиби давлатии Амрико ба Озарбойҷон аст. Ҳадафи сафар таъмини равобити хуб бо Боку унвон шудааст, ки дар баҳси Қаробоғ Амрикоро ба пуштибонӣ аз Арманистон муттаҳам кардааст. Дар ин замина Озарбойҷон таъкид карда буд, ки равобити худ бо Вашингтонро бознигарӣ хоҳад кард. Пуштибонии Амрико аз эҷоди равобита ҳасана дар байни Арманистон ва Туркия - шарики таърихии Озарбойҷон аз сабабҳои дигари сардӣ дар байни Вашингтон ва Боку номбар мешавад.

 

Озарбойҷон аз кишварҳои ғанӣ аз манобеи энержӣ аст, ки ҳамчун роҳи интиқоли маводи Амрико ва НАТО ба Афғонистон истифода мешавад. Сафари Клинтон ба Боку як ҳафт баъд аз сафари мақоми дигари Амрико, вазири дифоъ Роберт Гейтс ҷараён гирифт. Гейтс номаи президенти Иёлоти Муттҳаидаи Амрико Барак Обамаро шахсан ба Илҳом Алиев расонд. Обама дар номаи худ ба Алиев изҳори боварӣ кардааст, ки Вашингтону Боку метавонанд бар мушкилоти ҷиддӣ дар равобити худ пирӯз шаванд.

 

Нигаронии Клинтон аз вазъи ҳуқуқи башар дар Озарбойҷон

Хонум Клинтон ҳамчунин бо истифода аз ин сафар Бокуро барои нақзи ҳуқуқи башар интиқод кард. Ӯ дар Боку зимни мулоқот бо созмонҳои ҷавонон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт: "Бо вуҷуди пешрафти назаррас, шумо беҳтар аз ман медонед, ки кори зиёдеро дар ин ҷо бояд анҷом дод. Чолишҳои зиёде мавҷудунд, масалан, президент Обама ва ман дар бораи ду блогнависи ҷаҳон, ки зиндонӣ шудаанд, номаҳои зиёд гирифтем."

 

Ду блогнависи ин кишвар, Эмин Миллӣ ва Аҷнан Ҳоҷизода моҳи июли соли 2009 ба думболи як задухӯрд дар тарабхонаи Боку боздошт шуданд. Додгоҳи ин кишвар моҳи ноябр Эмин Миллиро ба муддати дуввуним сол ва Ҳоҷизодаро ба мӯҳлати ду сол бо ҷурми "авбошӣ" зиндонӣ кард. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ин ду нафар барои нашри видеои тамасхуромез алайҳи сиёсатҳои давлат муҷозот шудаанд.

 

Соҷидаи Мирзо, «Озодӣ» 

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2605-2010-07-04-14-43-48.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ