17:24:27 28-уми Июни 2025 сол

САКИНА МУҲАММАДИИ ОШТИЁНӢ САНГСОР НАМЕШАВАД

Расонаҳои хабарии Бритониё ба нақл аз сафорати Эрон дар ин кишвар гузориш медиҳанд, ки Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ сангсор нахоҳад шуд. Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ дар соли 2006 ба иттиҳоми робитаи "номашруъ" бо ду мард пас аз фавти ҳамсараш маҳкум шуда буд, аммо баъд додгоҳи дигаре ӯро ба иттиҳоми робита бо марди дигаре пеш аз марги ҳамсараш ба "зинои муҳсина" маҳкум ва алайҳи ӯ ҳукми эъдом содир кард.

 

Ин зан 43-сола ва соҳиби ду фарзанд, дар Табрез зиндонист. Ӯ иттиҳоми "зинои муҳсина"-ро рад мекунад. Рӯзномаи "Гордиян" ва Шабакаи чаҳор ба нақл аз сафорати Эрон дар Бритониё гузориш додаанд, ки диполумотҳои Эрон ба нақл аз мақомҳои қазоии ин кишвар мегӯянд, хонуми Муҳаммадии Оштиёнӣ аз тариқи сангсор эъдом нахоҳад шуд.

 

Қуваи қазоияи Эрон, ки бар мустақил амал кардан аз ниҳодҳои иҷроӣ таъкид дорад, ҳанӯз ба ин хабар вокуниш нишон надодааст. Шабакаи хабарии Коноли чаҳор матни баёнияи сафорати Эронро мунташир кардааст. Бар асоси ин матн, диплумотҳои Эрон изҳороти рӯзи чаҳоршанбеи Элистер Берт, мақоми вазорати умури хориҷаи Бритониё, дар бораи ҳукми сангсори хонум Муҳаммадии Оштиёниро рад кардаанд ва мавориди мундарриҷ дар онро нодуруст донистаанд.

 

Элистер Берт дар баёнияи рӯзи чаҳоршанбе (8 июл)-и вазорати умури хориҷаи Бритониё гуфта буд: "Ман аз Эрон мехоҳам фавран ҳукми эъдоми хонум Муҳаммадии Оштиёнӣ ба иттиҳоми зиноро мутаваққиф кунад ва фароянде, ки ӯ тайи он муҳокима шуда ва ҳамчунин муҷозотро мавриди бозбинӣ қарор диҳад. Ӯ қаблан бо муҷозоти шармовари 99 зарбаи шаллоқ ба далели зино рӯбарӯ шудааст; эъдоми ӯ боъиси инзиҷор ва ваҳшати ҷаҳонӣ, ки нозири моҷарост, хоҳад шуд."

 

Вилём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё, низ панҷшанбе сангсорро муҷозоте "қурунивустоӣ"донист. Ӯ дар як конфронси хабарӣ дар Ландан ҳушдор дод, "агар муҷозот иҷро шавад, муҷиби инзиҷор ва ваҳшати ҷаҳони нозир хоҳад шуд." Морк Тунер, яке аз сухангӯёни вазорати умури хориҷаи Омрико низ панҷшанбе дар бораи эҳтимоли иҷрои сангсор дар Эрон амиқан ибрози нигаронӣ кард ва аз мақомҳои Эрон хост онро мансух кунанд.

 

Маҳкумияти байналмилалӢ

Давлати Нурвеж ин ҳафта бо эҳзори сафири Эрон дар Услу (Осло) ба ҳукми эъдоми хонум Оштиёнӣ ва ҳамчунин Муҳаммадризо Ҳаддодӣ, марде, ки дар навҷавонӣ муртакиби қатл шуда, эътироз карда буд. Муҳаммадризо Ҳаддодӣ ба ҷурми қатле, ки дар синни зери 18-солагӣ муртакиб шуда буд, ба эъдом маҳкум шудааст.

 

Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар низ дар баёнияе аз қувваи қазоияи Эрон хостааст, ки ҳукми эъдоми хонум Муҳаммадии Оштиёниро лағв кунад. Ба гузориши Дидабони Ҳуқуқи Башар, ӯ дар рӯзи 15 майи 2006, дар як додҳгоҳи ҷазоӣ дар устони Озарбойҷони Шарқӣ ба ҷурми доштани равобити номашруъ бо ду мард пас аз фавти ҳамсараш ба 99 зарбаи шаллоқ маҳкум шуда буд.

 

Аммо дар моҳи сентябри соли 2006 дар ҷараёни муҳокимаи марде, ки ба ҷурми қатли ҳамсари Оштиёнӣ муттаҳам шуда буд, додгоҳи дигаре парвандаи аввалияи хонум Оштиёниро дар робита бо ҳаводиси пеш аз қатли шавҳараш мавриди баррасӣ қарор дод ва ин бор ӯро ба "зинои муҳсина" маҳкум кард

 

Бино ба ин гузориш, хонум Оштиёнӣ дар ҷаласоти додгоҳ эътирофоти қаблии худ дар марҳалаи бозҷӯйиро пас гирифт ва гуфт, ки иқрорҳояш таҳти таҳдид будааст. Ба илова ӯ иттиҳоми "зинои муҳсина"-ро рад кардааст. Нодия Халифа, пажӯҳишгари бахши занони Дидабони Ҳуқуқи Башар, зимни маҳкум кардани сангсор ба унвони муҷозоте бераҳмона ва ғайриинсонӣ аз давлати Эрон хост фавран иҷрои ин ҳукмро мутаваққиф кунад.

 

Дар баёнияи Дидабони Ҳуқуқи Башар ба нақл аз веблоги Муҳаммад Мустафоӣ, вакили хонум Оштиёнӣ, омадааст, ки ду нафар аз панҷ қозии додгоҳ раъй ба бароъати муваккили ӯ дода буданд, аммо се қозии дигар ӯро маҳкум ба "зинои муҳсина" карданд, ки дар натиҷа ҳукм содир шуд.

 

Девони Олии кишвар ҳукми эъдоми хонум муҳаммадии Оштиёниро дар рӯзи 27 майи соли 2007 таъйид кард. Ба навиштаи Дидабони Ҳуқуқи Башар, ҳамакнун тамоми мароҳили таҷдиди назар ҳал шуда ва қувваи қазоия дархостҳо барои бахшиши ӯро рад кардааст. Бар асоси ин баёния, вакили хонум Оштиёнӣ чанд рӯз қабл нисбат ба иҷрои қарибулвуқуъи ҳукм ибрози нигаронӣ карда буд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2642-2010-07-09-10-38-10.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ