19:12:44 28-уми Июни 2025 сол

ПОКИСТОН: АМИРӢ АЗ САФОРАТИ ПОКИСТОН ПАНОҲГОҲ ХОСТААСТ

Покистон тасдиқ кардааст, ки як нафар дар бахши манфиатҳои Эрон дар сафорати Покистон дар Вашингтон паноҳ ҷуста, исрор меварзад, ки ӯ Шаҳром Амирӣ донишманди ҳастаии Эрон аст. Донишманде, ки гуфта мешавад, аснои баргузории маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ беному нишон шуда буд. Мақомоти Теҳрон борҳо иброз доштаанд, ки хадамоти амниятии Амрико Амириро рабудаанд.

 

Надим Патяла, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Покистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шоми 12 июл шахсе ба сафорат омада, гуфтааст, ӯ Шаҳром Амирӣ буда, мехоҳад дар сафорат паноҳ ёбад. Патяла афзуд, ки ин мушкили мақомоти Эрон аст ва ин фард ҳам дар бахши манфиатҳои Эрон дар бинои сафорати Покистон дар Вашингтон қарор дорад. Эрон дар ИМА сафорат надорад. Робитаи дипломатии миёни ин ду кишвар соли 1979 дар паи инқилоби исломии Эрон мутаваққиф шудааст.

 

Қабл аз изҳороти Патяла расонаҳои хабарии Эрон иттилоъ доданд, ки Амирӣ истирдоди фаврӣ ба Ҷумҳурии Исломиро тақозо намудааст. Мақомоти Теҳрон чандин дафъа исрор варзидаанд, ки Амирӣ ҳангоми баргузории маросими ҳаҷ дар Арабистон Саудӣ рабуда шудааст.

 

Се сӮҳбати видеоии зиддунақизи АмирӢ

Ҷои ёдоварист, ки моҳи июн телевизиони Эрон як навори видеоро намоиш дода буд, ки дар он шахсе мегуфт, аснои адои фаризаи ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ, афроде номаълуме ӯро рабуда, зӯран ба ИМА интиқол додаанд.

 

"Номи ман Шаҳроми Амирӣ мебошад. Имрӯз 5 апрели соли 2010 аст ва ман дар Таксони ИМА қарор дорам. Ман дара малиёти Арабистони Саудӣ ва ИМА дастгир шудам. Маро дар шаҳри Мадина рабуда бо сӯзандоруе беҳуш намуда ба ИМА интиқол доданд. Дар тӯли 8 моҳи буду бош дар ИМА ман мавриди вазнинтарин шакли шиканҷа ва фишор қарор гирифтам".

 

Вале баъди чанд рӯз дар шабакаи интернетии Youtube навори дигари ин шахс зуҳур намуд, ки мегуфт, ман дар Амрико озодам. "Ман дар Амрико озод ҳастам ва мехоҳам таҳсиламро идома диҳам. Мехоҳам ба ҳама таъкид кунам, ки амнияти ман таъмин аст".

 

Аммо дар навори сеюм, ки телевизиони Эрон дар таърихи 29 июн намоиш дод, ин шахс мегӯяд, ӯ дар иёлати Вирҷинияи ИМА аз афсарони амниятии ИМА пинҳон аст ва мехоҳад гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ ба ӯ дар бозгашт ба хонааш кӯмак кунанд. ИМА иддаоҳои намоишдода шударо рад намуд. Моҳи март телевизиони АВС-и Амрико гузориш дода буд, ки Амирӣ аз Эрон фирор намуда, ба Идораи марказии истихбороти ИМА ёрӣ мерасонад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2668-2010-07-13-17-51-08.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ