19:06:53 28-уми Июни 2025 сол

МЕДВЕДЕВ: "ҚОТИЛИ ЭСТЕМИРОВА ШИНОСОӢ ШУДААСТ"

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, гуфтааст, ки кормандони интизомии кишвараш ҳувияти қотили Наталя Эстемирова, якмудофеъи ҳуқуқи башарро, муъайян кардаанд. Оқои Медведев ин иттилоъро дар як нишасти хабарии муштарак бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон баён кардааст. Президент Медведев изҳор доштааст, ки ки таҳқиқоти парванда идома дорад ва фарди мазнун мавриди ҷустуҷӯйи қонунӣ қарор доштааст.

 

Ин нишаст дар Екатеринбург, яке аз шаҳрҳои бузурги Русия, ки дар он ҷо ҷаласаи муштараки Русия ва Олмон зери унвони "Муколамаи Петербург" дар ҷараён будааст, доир шуд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, дар нишасти матбуъотӣ гуфтааст: "Муҳим он аст, ки Русия ин корро ба бутаи фаромӯшӣ насупурда, зеро зарурист, ки он идда аз афроде, ки даст ба нақзи ҳуқуқи башар мезананд, бояд донанд, ки барои ин рафторашон муҷозот хоҳанд шуд."

 

Дар ҳамин ҳол, созмони Афви Байналмилал аз давлати Русия хостааст, ки бо гузашти як сол аз қатли Наталия Эстемирова, омилони ин ҳодисаро ба маҳкама кашад ва ба озору азияти мудофеъони ҳуқуқи башар поён диҳад. Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи панҷшанбеи 15 июл мунташир шуд, омадааст, ки қатли Наталия Эстемирова хатари воқеъиеро, ки мудофеъони ҳуқуқи башар дар Русия дар ҷараёни фаъолият худ бо он рӯбарӯ ҳастанд, барҷаста меунад.

 

Ин созмон мегӯяд, ки бо вуҷуди ин ки Президент Медведев ва Нахуствазир Путин борҳо хостори таъмини фазои амн барои фаъолияти мудофеъони ҳуқуқи башар шудаанд, давлати Рамазон Қодиров дар Чечнистон ҳамчунон мудофеъони ҳуқуқи башарро мавриди озору азият қарор медиҳад.

 

Аз ҷумла, ба навиштаи Афви Байналмилал, оқои Қодиров дар мусоҳибае дар моҳи августи соли 2009 аз Наталия Эстемирова ба унвони "зане беномус ва бешарм" ном бурда ва дар авоили июли 2010 кормандони созмони мудофеъи ҳуқуқи башари "Мемориал"-ро "хоиноне" хондааст, ки "ба нафъи ёригарони ғарбӣ" кор мекунанд.

 

Наталя Эстемирова, яке аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Русия, ки дар маркази “Мемориал” дар Чеченистон фаъолият дошт, як сол қабл тавассути афроди номаълум ба қатл расида буд. Ҳамчунин дар муддати чаҳор ҳафта баъд аз марги Наталия Эстемирова дар Чеченистон Зарема Саъдуллоева ва Алик Ҷабраилов, раҳбарони созмони хайрияи “Наслро наҷот диҳем” низ кушта шуда буданд.

 

Қабл аз ҳодисаи қатли Наталия Эстемирова, Станислав Маркелов, як мудофеъи ҳуқуқи башар ва Анастасия Бобурова, як рӯзноманигор, дар январи соли 2009 ва рӯзноманигор Анна Политковская дар октябри соли 2006 дар ҳаводисе мушобеҳ кушта шуда буданд.

 

Дар тӯли ин муддат созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар борҳо аз давлати Русия тақозо кардаанд, ки омилони қатли мудофеъони ҳуқуқи башарро пайдо кунанд. Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз мақомоти рус барои бакундӣ пеш рафтани ҷарёни таҳқиқи парвандаҳои ҷиноии марбут ба қатли фаъолони ҳуқуқи башар интиқод кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2686--q---q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ