23:09:41 28-уми Июни 2025 сол

ЭРОН МЕГӮЯД КОНГРЕССИ АМРИКО ХОСТОРИ МУЗОКИРА АСТ

Алоуддини Буруҷердӣ, раиси кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон, гуфтааст Конгресси Амрико аз тариқи сафири Суес тақозои музокира кардааст. Вай дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории "Меҳр" гуфт сафири Суес, ки хофизи манофеъи Амрико дар Теҳрон аст ва ба гуфтаи ӯ ахиран сафаре ба Вошингтун дошта, рӯзи якшанбе дар мулоқот бо ин намояндаи Маҷлис "изҳори алоқаи кумисиюни сиёсати хориҷии Амрико барои музокира бо Эронро унвон кард."

 

Оқои Буруҷердӣ тавзеҳ надод манзури ӯ аз кумисиюни сиёсати хориҷии Конгресси Амрико кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагон буда ва ё Маҷлиси сено. Мақомҳои Амрикоӣ низ ҳанӯз вокунише ба ин хабар нишон надода ва онро таъйид ва ё такзиб накардаанд. Алоуддини Буруҷердӣ гуфт посухаш ба "паёми" сафири Суес ин буда, ки Амрико бояд рӯйкарди худро тағйир диҳад: "Агар тағйир кунанд, тағйир хоҳанд дид."

 

Вай Амрикоро муттаҳам кард аз "теруристҳо" ҳимоят ва ҳаводиси Зоҳидонро "эҷод" мекунад. Ишораи ӯ инфиҷорҳои рӯзи панҷшанбе дар масҷиди ҷомеъи Зоҳидон аст, ки тайи он дастикам 27 нафар кушта ва 169 нафар захмӣ шуданд. Эрон Амрикоро муттаҳам карда ба гурӯҳи Ҷундуллоҳ, ки масъулияти ин ҳамалоти интиҳориро бар уҳда гирифта, кумак мекунад.

 

Аммо мақомҳои Амрикоӣ ин иттиҳомро рад мекунанд. Борок Убомо раиси ҷумҳур ва Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи ин кишвар ин ҳамалотро башиддат маҳкум карда ва хостори муҷозоти омилин шудаанд. Оқои Буруҷердӣ ҳамчунин афзуд Амрико, ки таҳримҳои якҷонибаи бештаре алайҳи Теҳрон эъмол карда "чи интизоре барои музокира дорад?"

 

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ахиран даври чаҳоруми таҳримҳои Эронро ба далели худдории ин кишвар аз таваққуфи ғанисозии урониюм вазъ кардааст. Конгресси Амрико низ таҳримҳои бештаре алайҳи саноеъи нефту гози Эрон эъмол ва талош карда монеъ аз фурӯш ва интиқоли фаровардаҳои полоишшудаи нефтӣ назири бензин ба Эрон шавад.

 

Оқои Буруҷердӣ гуфт мулоқоташ бо сафири Суес дар Теҳрон "дар ростои сафари раиси маҷлис ба Женев ба манзури ширкат дар нишасти байнулмаҷолис" будааст. Ӯ дар посух ба суоли хабаргузории "Меҳр" дар бораи ояндаи равобити Эрон ва Амрико гуфт гумон намекунад, ки "тағйири ҷадиде" ҳосил шуда бошад.

 

Ба далели ишғоли сафорати Амрико дар Теҳрон дар соли 1358-и шамсӣ тавассути донишҷӯёни пайрави хатти Имом ва гаравгонгирии 52 диплумоти Амрикоӣ ба муддати 444 рӯз, равобити Эрон ва Амрико қатъ шуд. Аз он замон то кунун бархе мақомҳои ду кишвар нисбат ба музокира ва беҳбуди равобит ибрози тамоюл кардаанд.

 

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, тақозои мулоқот дар сатҳи руасои ҷумҳурӣ бо Амрикоро матраҳ кард ва Борко Убомо, раиси ҷумҳури Амрико, низ соли гузашта дар паёми наврӯзии худ бо лаҳне оштиҷӯёна ибрози омодагӣ кард сиёсати Вошингтун дар қиболи Теҳрон тағйир ёбад.

 

Аммо бархе таҳлилгарон ва мақомҳои Эрон, аз ҷумла Муҳаммадризо Боҳунар, намояндаи Маҷлис гуфтаанд Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ таъкид дорад, ки "сиёсати роҳбурдии" Эрон адами музокира бо Амрикост.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2711-2010-07-19-07-07-50.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ