23:04:59 28-уми Июни 2025 сол

“РОҲИ ИРТИБОТӢ ДАР ВОДИИ ВАХОН СОХТА МЕШАВАД”

Тасмими Покистон барои сохтмони тунели мошингард ва қатор дар водии Вахон ҷиддӣ аст. Ба гуфтаи Салим Мандвивала, вазири сармоягузории Покистон, давлати кишвараш ба эҷоди роҳи иртиботӣ бо Тоҷикистон сахт алоқаманд аст. Ин матлабро оқои Мандвивала баъд аз дидор ва гуфтугӯяш бо Президент Раҳмон дар шаҳри Душанбе эълом кард. Вай гуфт ин мавзӯъ дар дидораш бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ шудааст.

 

Оқои Мандвивала афзуд, ки ҳарчанд иҷрои ин тарҳ содда нест, вале Покистон онро ҳатман рӯйи даст хоҳад гирифт. Ӯ хабар дод, ки ҳоло мутахассисон машғули таҳияи асноди фаннии ин тарҳ ҳастанд ва ба ин далел ӯ наметавонад ҳанӯз ҳазинаи онро эълом кунад. Ба гуфтаи ин мақоми покистонӣ, қарор аст дар канори роҳи утумубилгард дар самти "Куридори Вахон" роҳи оҳан низ эҳдос шавад.

 

Водии Вахон як китъаи борики замин дар шимоли шарқи Афғонистон аст, ки 295 килуметр дарозӣ дошта, паҳнои он аз 15 то 57 килуметр аст. Водии Вахон бо ноҳияи Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз буда ва ин қисмати Афғонистон Тоҷикистону Покистонро аз ҳам ҷудо мекунад. Гуфта мешавад, ки иртифоъи кӯҳҳои Помир дар ин минтақа баландтарин буда ва шояд ба ин далел даргириҳои чанд соли ахир дар Афғонистон ба ин водӣ интиқол наёфтаанд. Сокинони ин водиро умдатан вахониҳо ва қирғизҳои бадахшонӣ ташкил медиҳанд.

 

Мавзӯъи сохтмони роҳи утумубилгард ва қатор дар водии Вахон бо шумули тунелҳо аз муддатҳо қабл матраҳ аст. Расонаҳои гурӯҳии Покистон пайваста дар ин бора матолиби мухталифе мунташир мекунанд. Бо истифода аз ин масир кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд ба бандарҳои Покистон роҳ ёбанд. Дар ҳоле, ки аз алоқамандии Чин барои сохтмони роҳи қатор дар водии Рашти Тоҷикистон гузориш мешавад, ин амр бар аҳамияти роҳи водии Вахон меафзояд.

 

Вале соҳибназарон мегӯянд, ки Афғонистон ба далоили мухталиф дар иҷрои ин тарҳ чандон алоқаманд нест ва ин мушкил боиси таъхир дар иҷрои пружа будааст. Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, ҳоло равобити иқтисодии миёни ду кишварро дар ҳоли тавсеъа унвон мекунад. Вай мегӯяд, ҳамарӯза аз Покистон ба Тоҷикистон таввасути қаламрави Афғонистон ва бо истифода аз пули иртиботӣ дар фарози рӯдхонаи Омӯ, ки бо сармояи давлати Омрико сохта шудааст, ҳамарӯза то 4,5 ҳазор тун коло ва маводд вориди Тоҷикистон мешавад.

 

Вай аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳоло бештаре аз ин маводд ва колоҳо таввасути тоҷирони афғон вориди Тоҷикистон мешавад, ки дар ниҳоят сабаби боло рафтани тавлидоти покистонӣ дар бозорҳои Тоҷикистон мешавад. Вай гуфт, ба унвони мисол ҳоло туҷҷори афғон як тун сементро дар Покистон бар ивази чиҳил дулор харидорӣ мекунанд, вале дар бозорҳои Тоҷикистон арзиши он ҳудуди 160 дулор аст.

 

Ба ин далел, бархе аз соҳибназарон ҳадс мезананд, ки сабаби аслии мухолифати мақомоти Афғонистон ба иҷрои тарҳи сохтмони роҳ дар водии Вахон ба манофеъи туҷҷори афғонӣ бастагӣ дорад. Зимнан, Салим Мандвивала, вазири сармоягузории Покистон дар раъси як ҳайъати чиҳилнафарии туҷҷори покистонӣ рӯзи душанбеи 19 июл бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамоише баргузор карданд.

 

Таъкид шуд, ки дар соли 2009 мизони табодули коло миёни ин ду кишвар дар муқоъиса бо соли 2005 даҳ маротиба афзоиш ёфта ва дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ин рақам муъодили 8 милюн дулорро ташкил додааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2720-2010-07-20-02-59-30.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ