СУХАНРОНИИ КАРЗАЙ ДАР КУНФРОНСИ КОБУЛ
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, дар суханронии ифтитоҳияи худ дар Клик кунфронси Кобул ба ширкаткуандагони нишаст хушомад гуфт ва аз ҳузури онҳо дар нишаст сипосгузорӣ кард. Оқои Карзай дар суханони худ ислоҳоти идорӣ, ҳокимияти қонун, мусолиҳа бо шӯришиён, татбиқи қонуни асосии Афғонистонро барои суботи сиёсӣ дар ин кишвар зарурӣ донист. Ӯ бар ислоҳоти идорӣ дар ниҳодҳои идории давлаташ таъкид кард - чизе ки ҳомиёни Афғонистон дар чанд соли ахир ҳамвора бар он таъкид кардаанд.
Ӯ гуфт дастур додааст, ки барои таъмини шаффофият дар коркардҳои идороти давлатӣ барномаи молии вижае ба иҷро гузошта шавад. Оқои Карзай афзуд, ки давлати ӯ то кунун гомҳоеро дар заминаи мубориза бо фасод бардоштааст. Эҷоди идораи мубориза бо фасоди идорӣ ва ниҳоде барои мубориза бо ҷароими сангин аз корҳоест, ки ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин замина анҷом шудааст.
Раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳамчунин гуфт, ки ӯ барои мубориза бо фасоди идорӣ дастури бознигарии қонуни ҷазо ё кайфарии Афғонистонро содир кардааст. Ин қонун дар соли 1355 (1976 милодӣ) дар замони раёсати ҷумҳурии Муҳаммад Довудхон ба тасвиб расида буд. Раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳамчунин дар бахше аз суханони худ бар мубориза бо фасоди идорӣ дар ниҳодҳои бйналмилалии мустақар дар кишвараш ҳам таъкид кард ва гуфт, ки ин созмонҳо набояд ба унвони "давлати мувозӣ (баробар)" дар канори давлати Афғонистон амал кунанд.
Раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳамчунин бар тақвияти нерӯҳои амниятии кишвараш барои ба дӯш гирифтани масъулиятҳои бештари амниятӣ дар Афғонистон таъкид кард. Ӯ аз ҷиргаи машваратии сулҳ, ки дар нимаи моҳи ҷавзо (хурдодмоҳ ё авоили июн) барои таъйини чаҳорчӯби гуфтугӯ ва мусолиҳа бо шӯришиён баргузор шуд, ба унвони "иҷмоъи миллӣ"-и афғонҳо ном бурд ва гуфт, ки мардуми Афғонистон хостори таъмини сулҳ дар кишварашон ҳастанд.
Оқои Карзай дар айни ҳол бар иҷрои қонуни асосии кишвар таъкид кард ва ба ин тартиб, ба ширкаткунандагони кунфронс итминон дод, ки озодиҳои иҷтимоъӣ, ки дар ин қонун тазмин шудааст, дар мусолиҳа бо шӯришиён ҳифз хоҳад шуд. Ӯ аз ширкаткунандагони ин нишаст хост, ки аз барномаҳои миллии Афғонистон ҳимоят кунанд - мавзӯъе, ки ӯ борҳо ба ашколи гуногун дар нишастҳои мухталиф такрор кардааст.
Оқои Карзай аз ҳузури сарбозони кишварҳое, ки дар Афғонистон нерӯи низомӣ доранд, сипосгузорӣ кард ва гуфт, ки Афғонистон бо ҳамкории ин кишварҳо ҷойгоҳи худро дар канори дигар кишварҳои ҷаҳон боз хоҳад ёфт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2723-2010-07-20-08-50-57.html