23:02:17 28-уми Июни 2025 сол

ИНТИҚОДИ МУТТАКӢ АЗ НЕРӮҲОИ ХОРИҶӢ ДАР НИШАСТИ КОБУЛ

Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон, дар кунфронси Кобул ва дар ҳузури мақомҳои аршади ғарбӣ ва байналмилалӣ аз ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон башиддат интиқод кард. Нишасти Кобул барои баррасии масоили амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон рӯзи сешанбеи 20 июл бо ҳузури мақомҳои афғон, Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал, ва вазирони хориҷаи даҳҳо кишвар ва масъулони аршади созмонҳои байналмилалӣ оғоз шуд.

 

Вазири хориҷаи Эрон, ки шашумин суханрони Клик кунфронси Кобул буд, гуфт ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон на фақат барои ҳалли мушкилоти ин кишвар кумаке накарда, балки бар мушкилот афзудааст. Ба гуфтаи оқои Муттакӣ, бо ҳузури ин нерӯҳо дар Афғонистон "норизоиҳои умумӣ" дар ин кишвар афзуда ва тавлиди маводди мухаддир ҳам чанд баробар шудааст. Ӯ афзуд, ки афзоиши оворагӣ ва фақр дар миёни афғонҳо ҳам ношӣ аз ҳузури ин нерӯҳо будааст.

 

Оқои Муттакӣ дар ҳоле ин суханонро эрод кард, ки Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Омрико, Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, Ондерс фу Росмуссен, дабири кулли НОТУ, ва вазирони хориҷаи бештари кишварҳои узви НОТУ ва нерӯҳои ёрии амниятӣ, ISAF, ҳам дар ин нишаст ҳузур доштанд. Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард, ки мушкилоти Афғонистон решаҳои минтақаӣ дорад ва бояд роҳи ҳаллҳои минтақаӣ барои ин мушкилот ҷустуҷӯ шавад.

 

Ӯ дар айни ҳол гуфт, ки терурисм "чолише ҷаҳонӣ" аст ва ҳеч иртиботе бо ҳеч мазҳаб, миллият ва фарҳанге надорад. Ба гуфтаи оқои Муттакӣ, терурисм метавонад ҳамаро дар ҳар ҷойе бидуни таваҷҷуҳ ба тавоноиҳои онҳо бо хатар мувоҷеҳ кунад. Манучеҳри Муттакӣ дар бахше аз суханони худ гуфт, ки амалиёти низомии хориҷӣ дар Афғонистон наметавонад роҳи ҳалле бошад барои решакан кардани мушкили терурисм дар Афғонистон.

 

Вазири хориҷаи Эрон афзуд, ки дар ин замина набояд танҳо ба роҳи ҳалли низомӣ фикр кард, балки бояд ба гуфтаи ӯ, рафторҳо дар Афғонистон мутобиқ бо воқеъиёти иҷтимоъӣ, таърихӣ ва иқтисодии ин кишвар бошад. Ӯ мушкилоти иқтисодӣ ва тавсеъанаёфтагиро таҳдиде алайҳи амният донист. Мақомҳои давлати Афғонистон интизор доранд, ки бо баргузории Клик нишасти Кобул дархостҳои онон аз кишварҳои кумаккунанда пазируфта шавад.

 

Оқои Муттакӣ таъкид кард, ки масъулияти умур бояд ба афғонҳо супурда шавад ва аз "судури нусхаҳои таҷвизӣ (озмоишӣ)" парҳез кард. Ӯ гуфт, ки Эрон аз "афғониза кардан ва бумӣ кардани умур" ҳимоят мекунад.

 

Инфиҷори Зоҳидон

Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин ба инфиҷори интиҳории ахир дар шаҳри Зоҳидони Эрон, ки даҳҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт, ишора кард ва гуфт, ки таҷрубаи ин кишвар нишон медиҳад, ки теруристҳо аз ҳузури нерӯҳои хориҷии мустақар дар Афғонистон ва хоки Покистон истифода мекунанд.

 

Оқои Муттакӣ афзуд, ки теруристҳо аз манобеъи молӣ ва васоили иртиботии мудерн ва "хатарноктарин маводди инфиҷорӣ" кор мегиранд ва марз намешиносанд. Ӯ бидуни ин ки аз кишвар ва манобеъи хоссе ном бибарад, гуфт, ки аз "бархӯрди абзорӣ" бо терурисм бояд худдорӣ кард ва дар мубориза бо терурисм ҳуқуқи шаҳрвандон дар назар гирифта шавад.

 

Интиқодҳои тунди оқои Муттакӣ аз нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон боъис шуд, ки аз ӯ хоста шавад, то бар мавзӯъи мавриди баҳс дар кунфронс таваҷҷӯҳ кунад. Ашрафғанӣ Аҳмадзай, вазири молияи пешини Афғонистон, ки раёсати ҷаласаро ба ӯҳда дошт, зимни ишора ба тамом шудани вақти оқои Муттакӣ аз вай хост ба суханони худ поён диҳад.

 

Пеш аз ин, интиқодҳои Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, дар Кобул ҳам бо вокунишҳои тунди мақомҳои ғарбӣ ва ҳамчунин муҳофиле дар дохили Афғонистон мувоҷеҳ шуда буд. Шуморе аз намояндагони маҷлиси Афғонистон ва расонаҳои ин кишвар дар он замон гуфта буданд, ки давлати Ҳомид Карзай набояд иҷоза диҳад, ки аз минбаре дар дохили ин кишвар алайҳи кишварҳои дигар ва нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон истифода шавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2726-2010-07-21-06-11-17.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ