02:23:23 29-уми Июни 2025 сол

БАРОДАРИ ҚУРБОНБЕК БОҚИЕВ БОЗДОШТ ШУД

Нерӯҳои давлатии Қирғизистон Аҳмад Боқиев, бародари раиси ҷумҳури сарнагуншуда Қурбонбек Боқиевро дар шаҳри Ҷалолобод, дар ҷануби ин кишвар, боздошт кардаанд. Намояндаи дафтари матбуъотии давлати Қирғизистон ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст: "Шаби гузашта дар Ҷалолобод Аҳмад Боқиев, ки ба занни ҳамдастӣ дар созмон додани беназмиҳои умумӣ дар вилояти Ҷалолобод мавриди пайгард қарор дошт, боздошт шуд."

 

Дар замони раёсати ҷумҳурии Қурбонбек Боқиев бародари вай Аҳмад идораи вилояти Ҷалолободро амалан дар даст дошт. Давлати Қурбонбек Боқиев дар моҳи апрели гузашта сарнагун шуд ва ҳокимият ба давлати муваққат интиқол ёфт, ки раҳбарии онро Роза Отунбоева, вазири собиқи умури хориҷӣ, ба уҳда гирифт.

 

Тағйири ҳукумат дар Қирғизистон бо даргириҳои байни тарафдорони давлат ва мӯътаризон ҳамроҳ буд, ки талафоте ҳам бар ҷой гузошт. Мақомоти давлати муваққат оқои Боқиев ва тарафдорони ӯро дар хунрезиҳо муқассир донистанд.

 

Аммо хушунатҳои бештаре дар пеш буд. Моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон дар асари хушунатҳои қавмӣ миёни қирғизҳо ва намояндагони ақаллияти ӯзбак, бар асоси омори расмӣ, 312 нафар, ва тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳудуди 2000 нафар кушта шуданд. Беш аз 100 ҳазор нафар дар пайи хушунатҳои маргбор маҷбур шуданд аз хонаҳои худ фирор кунанд ва ба манотиқи дигари кишвар ва ё берун аз Қирғизистон паноҳ баранд.

 

Мақомҳои давлати ҷадиди Қирғизистон дубора эълом карданд, ки тарафдорони оқои Боқиев дар даргириҳои қавмии Ӯш ва Ҷалолобод даст доранд. Вале худи раиси ҷумҳури собиқ, ки дар Белорус ба сар мебарад, ин иттиҳомро рад кардааст.

 

Дар поёни моҳи июн ҳамапурсие дар Қирғизистон баргузор шуд, ки дар он беш аз 90 дарсади шаҳрвандон ба тарафдорӣ аз тағйири қонуни асосӣ раъй доданд. Дар натиҷа, нахустин ҷумҳурии порлумонӣ дар минтақаи Осиёи Миёна дар Қирғизистон рӯйи кор омад. Нозирони байналмилалӣ, ки дар марокизи раъйгирӣ бар ҷараёни интихобот назорат мекарданд, наҳваи баргузории ин тадбири сиёсиро сутуданд ва натоиҷи эъломшудаи онро таъйид карданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2738-2010-07-22-08-00-01.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ