02:27:53 29-уми Июни 2025 сол

ҶОСУСИ МУБОДИЛАШУДАИ РУС МЕХОҲАД БА КИШВАРАШ БОЗГАРДАД

Як коршиноси атомии аҳли Русия, ки дар ҷараёни мубодилаи ҷосус аз зиндон озод ва ба Бритониё фиристода шуд, мехоҳад ба кишвараш бозгардад. Игор Сутягини 45-сола мегӯяд, ки ӯ мехоҳад ҳамсар ва бачаҳояшро бубинад ва хонааш дар Обнинск дар наздикии Маскавро таъмир кунад. Ӯ, ки рӯзи 9 июл пас аз 11 сол аз зиндон озод шуда буд, сукути худро дар баёнияе, ки бародараш дар Маскав мунташир кард, шикаст. Ӯ ҳамроҳи се нафари дигар, ки ҳамчунин муттаҳам ба ҷосусӣ барои Омрико буданд, дар изои раҳоии 10 маъмури Русия озод шуд.

 

Оқои Сутягин муттаҳам буд, ки иттилоъоти маҳрамона дар бораи зердарёиҳои русиро ба як ширкати биритониёӣ мунтақил кардааст. Русия иддаъо мекард, ки ин ширкат дарвоқеъ маҳалли фаъолияти Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико буд. Ӯ ҳамвора бар бегуноҳии худ таъкид кардааст. Даҳ маъмури Русия пеш аз ихроҷ аз Омрико дар додгоҳе дар Ню-Йурк ба "тавтеъа барои иқдом ба унвони маъмури махфии як кишвари хориҷӣ" иқрор карда буданд.

 

Лағви гузарнома

Оқои Сутягин дар ин баёнияе, ки панҷшанбе мунташир шуд, гуфт: "Батадриҷ дорам худамро бозмеёбам, ҷон мегирам, воқеъан мехоҳам ҳамсарам, духтарҳоям, падару модарам ва бародарамро бубинам." "Мехоҳам дар ниҳоят ба Обнинск баргардам ва сақфи комилан харобшудаи хонаи кучаки дурафтодаамонро таъмир кунам." Каме зудтар ё дертар, ҳанӯз намедонам, аммо мусалламан иттифоқ хоҳад афтод, барои ҳамин ҳама чиз бароям равшан аст."

 

Оқои Сутягин ба унвони бахше аз он мубодила тавассути Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, бахшида шуд, бинобар ин дар оянда бояд битавонад ба Русия бозгардад. Аммо мақомҳои бритониёӣ аз изҳори назар дар бораи ин эҳтимол ё ҳар барномаи дигаре, ки барояш дар назар доранд, худдорӣ кардаанд. Гузориш мешавад, ки оқои Сутягин ба таври ношинос дар ҳутеле дар наздикии Ландан иқомат дорад.

 

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки Чепман, яке аз даҳ маъмури Русия аз лағви гузарномааш тавассути Бритониё асабонӣ аст. Вакили омрикоии ин зани 28-сола мегӯяд, ки ӯ аз ин ки наметавонад ба Бритониё баргардад, шадидан маъюс аст. Хонум Чепман аз тариқи издивоҷ шаҳрванди Бритониё шуд ва пас аз нақли макон ба Ландан, дар соли 2002 барои чанд сол дар бахши молӣ кор мекард. Мубодилаи ҷосус дар Виен анҷом шуд, ки пас аз он ду нафар аз маъмурони Омрико ба Бритониё мунтақил шуданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2746-2010-07-23-08-41-56.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ