ҶУЗЪИЁТИ ТАҲРИМҲОИ ИТТИҲОДИЯИ АВРУПО МУНТАШИР ШУД
Ҷузъиёти таҳримҳои тозаи Иттиҳодияи Аврупо, ки даҳҳо ширкат ва шахсияти ҳақиқии Эронро дар бар мегирад, дар нашрияи расмии Иттиҳодияи Аврупо мунташир шуд. Ин феҳрист рӯзи сешанбе, 27 июл, як рӯз пас аз тасвиби таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Бруксел мунташир шуд. Меҳдии Парпанчӣ, хабарнигори эъзомии Би-би-сии форсӣ ба Бруксел мегӯяд, ки номи шасту шаш ширкат ва шахси ҳақиқӣ, ки гуфта мешавад ба наҳве бо барномаҳои ҳастаӣ ё мушакии Эрон иртибот доранд, дар ин феҳраст дида мешаванд.
Алии Девондарӣ, мудири омили Бонки Миллат ва Муҳамадризо Мувассақниё, мудири гурӯҳи саноеъи Сомин улаима (Имоми ҳаштум- Имом Ризо) (вобаста ба Созмони саноеъи ҳаво фазои Вазорати дифоъи Эрон) аз ҷумлаи шахсиятҳое ҳақиқӣ ҳастанд, ки номи онҳо дар ин феҳрист омадааст.
Бонки Миллии Эрон ва куллия шуъбаву муассисоти вобаста ба он, аз ҷумла бонки "Ориён", ширкати "Осо", "Бонк коргушоӣ", ширкати сармоягузории Бонки Миллии Эрон, чунончи Бонки Миллӣ, ширкати "Тавсеъаи сармоягузории симон", ширкати "Симони шимол", ширкати "Симони Мозандарон" ва "Нассоҷии Мозандарон" аз ҷумлаи муассисоте ҳастанд, ки шомили таҳримҳои тозаи Иттиҳодияи Аврупо қарор гирифтаанд.
Бонки "Фючер", ки дар Баҳрайн мустақар аст ва ду севуми он ба Эрон таъаллуқ дорад, низ шомили ин таҳримҳо шудааст. Гуфта мешавад ин таҳримҳо, ки бахши умдаи он як рӯз пас аз тасвиб ба иҷро гузошта шудааст, шадидтарин таҳримҳое аст, ки Иттиҳодияи Аврупо то кунун алайҳи як кишвари хориҷӣ эъмол кардааст. Фақат бахше аз таҳримҳо, ки ба қонунгузорӣ эҳтиёҷ доштааст, аз моҳи сентябр иҷро хоҳад шуд.
Дар феҳрасти мунташиршуда ҳамчунин номи ширкати "Саноеъи ҳавоии Эрон", ширкати "Фановариии сонтрифужи Эрон", ширкати "Бимаи Эрон", мошинсозии Арок ва ширкати "Партави санъат" дида мешавад. Ҳамчунин асомии шаш шахс ва панҷ ширкати марбут ба сипоҳи посдорони Эрон дар ин феҳраст мунташир шудааст.
Номи бисту чаҳор ширкати фаъол дар заминаи киштиронии Эрон низ дар ин феҳрист дида мешавад, ки аксари онҳо дар Эрон мустақар ҳастанд, аммо баъзе аз онҳо дар кишварҳое назири Чин, Молт, Сингопур, Бритониё, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Олмон низ фаъолият мекунанд. Ин таҳримҳо шадидтар аз таҳримҳое аст, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид авохири урдубиҳиштмоҳ алайҳи Эрон тасвиб карда буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2781-2010-07-28-08-46-49.html