СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ МУСОФИРБАР ДАР ПОКИСТОН
Як ҳавопаймои мусофирбари покистонӣ бо 152 сарнишин дар теппаҳои атрофи шаҳри Исломобод – пойтахти ин кишвар суқут кардааст. Бино ба гуфтаи мақомоти Покистон, нерӯҳои наҷотбахш то ин лаҳзаҳо ҷасади беш аз 100 нафарро пайдо намудаанд. Панҷ нафар наҷотёфтагон низ ба бемористон интиқол дода шудаанд. Дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи дигар ҷасадҳо ва нафароне, ки шояд зинда мондаанд, идома дорад. Дар ҳамин ҳол кобинаи вазирони Покистон дар саросари кишвар барои як руз суги умумӣ эълон кардааст.
Ҳавопаймои навъи Airbus-321, ки ба ширкати хусусии Air Blue тааллуқ дошт, аз Карочӣ ба Исломобод парвоз мекард ва дар 2 километрии Исломобод дар теппаҳои Маргала ба замин бархурд. Сухангӯи ширкат гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд ҳавои бад сабаби суқути ҳавопаймо шудааст. Тайи чанд рӯзи ахир дар Исломобод – маҳалли суқути ҳавопаймо борони сахт меборид.
Ширкати ҳавоии Air blue номи тамоми мусофирони ҳавопайморо эълон кардааст ва тибқи ин рӯйхат аксарияти онҳо сокинони маҳаллӣ ҳастанд. Дар рӯйхати сарнишинон ному насаби якчанд шаҳрванди хориҷӣ низ оварда шудааст. Сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар байни мусофирони ҳавопаймои суқуткарда шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Ба гуфтаи ӯ, аксари мусофирон сокинони шаҳрҳои Исломобод ва Карочӣ ҳастанд.
Ширкати хусусии Air Blue аз ширкатҳои умдаи ҳавопаймоӣ дар Покистон ба ҳисоб меравад ва як бахши қобили таваҷҷӯҳи бозори дохилии ҳавопаймоии ин кишварро дар ихтиёр дорад. Аксари ҳавопаймоҳои ин ширкат аз навъи Airbus-321 бо зарфияти 180 ҷой барои мусофирон аст. Намояндагони Air Blue мегӯянд, дар тайи солҳои тӯлонии фаъолияти ин ширкат барои нахустин бор аст, ки чунин садамаи маргбор рух медиҳад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2783-2010-07-28-11-55-32.html