АМРИКО ФИШОРҲОИ ҶАДИДЕ АЛАЙҲИ ТЕҲРОН ЭЪМОЛ МЕКУНАД
Мақомҳои Амрикоӣ барои ташдиди таҳримҳои Эрон ба Чин, Жопун, Куреи Ҷануби ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар мекунанд ва Устролиё низ эълом карда фишорҳои ҷадиде алайҳи Теҳрон эъмол мекунад. Мақомҳои аршади давлати Амрико рӯзи панҷшанбе (29 июл) ба қонунгузорони ин кишвар гуфтанд ҳафтаи оянда роҳии Осиё хоҳанд шуд, то барои иҷрои комили таҳримҳои Эрон бар Жопун, Куреи Ҷанубӣ, Чин ва Аморот фишор оваранд.
Роберт Инҳурн, мушовири вижаи кунтрули таслиҳотии Вазорати хориҷаи Амрико, дар нишасти кумитаи назорат ва ислоҳоти давлатии Маҷлиси Намояндагон гуфт: "Пекин бояд бидонад, ки ба унвони узви доими Шӯрои Амният масъулият дорад монеъ аз густариши силоҳҳои ҳастаӣ шавад ва бар Эрон фишор оварад, ки ба сӯйи силоҳи атомӣ ҳаракат накунад."
Мақомҳои Амрикоӣ нигаронанд, ки бо ташдиди таҳримҳои Урупо алайҳи саноеъи нефту гози Эрон, бархе кишварҳои осиёӣ назири Чин ҳузури худро дар бозорҳои Эрон афзоиш диҳанд. Роберт Ойнҳурн изҳор дошт чиниҳо мегӯянд ниёзи зиёде ба энержӣ доранд ва бояд дар ин ҳавза аз амнияти лозим бархурдор бошанд.
Дониел Глизер, дастёри муъовини умури зиддитерурисми Вазорати хазонадории Амрико, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, гуфт таҳримҳо дар сурате муассир хоҳад буд, ки кишварҳои зиёдеро дар бар бигирад. Ӯ, ки қарор аст бо Ойнҳурн ҳамсафар бошад, гуфт Осиё, Ховари Миёна ва Амрикои Ҷанубӣ се минтақае ҳастанд, ки ниёз ба ройзаниҳои зиёде дар ин замина доранд.
Глизер гуфт Истворт Ливӣ, муъовини умури зиддитерурисми Вазорати хазонадорӣ, ки масъули таҳримҳои Эрон аст, барои гуфтугӯ дар ин замина озими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хоҳад шуд. Дар ин нишаст бархе намояндагон иқдомоти ёдшударо кофӣ надонистанд. Ден Бертун, узви ҷумҳурихоҳи Маҷлиси Намояндагон гуфт нисбат ба таъсири таҳримҳо хушбин нест, зеро раиси ҷумҳурии Амрико ҳамчунон дорои ихтиёроти кофӣ аст ва метавонад бархе иқдомоти танбеҳӣ алайҳи ширкатҳои хориҷии тарафи муъомила бо Эронро лағв кунад.
Ӯ Маҳмуди Аҳмаднажодро бо зуҳури Ҳитлер ва нозиҳои Олмон дар даҳаи 1930 ва пеш аз ҷанги ҷаҳонии дувум муқоиса кард ва гуфт ин охирин шонси маҳори Эрон бо абзори мусолиматомез аст. Аммо Денис Кусинич, узви дигари Маҷлиси Намояндагони Амрико нисбат ба таҳоҷуми низомӣ ба Эрон ҳушдор дод ва гуфт Амрико тавоноии набард дар ҷабҳаи дигаре дар канори Ироқ ва Афғонистонро надорад.
Устролиё таҳрим мекунад
Дар пайи эъмоли таҳримҳои ҷадиди Созмони Милал ва кишварҳои ғарбӣ алайҳи Эрон, Устролиё низ эълом кардааст таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон эъмол хоҳад кард. Вазири хориҷаи Устролиё бо эъломи ин хабар гуфт ин таҳримҳои ҷадид барои аввалин бор шомили мубодилоти тиҷорӣ бо саноеъи нефту гози Эрон мешавад. Чанд рӯз пеш аз ин, Иттиҳодияи Урупо ва Конодо таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон эъмол карда буданд. Пас аз он ҳам Амрико таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон эъмол карда буд.
Стивен Смит, вазири хориҷаи Устролиё, дар баёнияе эълом кард: "Бо эъмоли ин таҳримҳо Устролиё дар сафи аввали талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои водор кардани Эрон ба пазириши таколифи байналмилалиаш дар мавриди барномаи ҳастаии ин кишвар меистад. Ба бовари мо барномаи ҳастаии Эрон яке аз ҷиддитарин таҳдидҳои амниятӣ аст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо он мувоҷеҳ аст."
Таҳримҳои ҷадиди Устролиё илова бар таҳримҳое аст, ки Созмони Милали Муттаҳид моҳи гузашта алайҳи Эрон тасвиб кард ва Устролиё пеш аз ин онҳоро эъмол карда буд. Таҳримҳои ҷадиде, ки Устролиё эъмол хоҳад кард, шомили мамнуъияти мусофират ва доду ситади беш аз 110 шахс ва ширкат дар бахшҳои молӣ ва ҳамлу нақли Эрон аст.
Ин таҳримҳо ҳамчунини шомили мамнуъияти доду ситади ҳама анвоъи силоҳ ва маводди марбут ба он, аз ҷумла ҳар чизе аст, ки битавонад дар тавлиди силоҳҳои шимиёӣ, биулужӣ, ҳастаӣ ва мушакӣ мавриди истифода қарор гирад. Устролиё ҳамчунин барои аввалин бор доду ситад бо бахши нефту гози Эронро маҳдуд хоҳад кард. Оқои Смит гуфт дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ишора шудааст, ки байни даромади ҳосил аз бахши нефту гоз ва фаъолиятҳои ҳастаии Эрон иртибот вуҷуд дорад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2796-2010-07-30-07-11-36.html