САРБОЗОНИ ҲУЛАНДӢ АЗ АФҒОНИСТОН ИХРОҶ МЕШАВАНД
Ҳуланд рӯзи якшанбе ба ҳузури низомии худ дар Афғонистон поён медиҳад ва наздик ба ду ҳазор сарбози худро аз ин кишвар хориҷ мекунад. Женерол Петер Ван Ум, фармондеҳи нерӯҳои низомии Ҳуланд дар Афғонистон, гуфт дар давраи маъмурияти сарбозони таҳти амраш дар ин кишвар, амният ба таври қобили таваҷҷуҳе дар вилояти Урузгон беҳбуд ёфтааст. Ӯ дар ин ҳол таъкид кард ҳанӯз ниёз ба кори бештаре дар ин вилоят ҳаст.
НОТУ аҳамияти хуруҷи сарбозони ҳуландӣ аз Афғонистон дар коҳиши тавоноии нерӯҳои эътилоф дар ин кишварро ночиз қаламдод кардааст, аммо ин иттифоқ дар ҳоле рух медиҳад, ки талафоти воридшуда ба сарбозони хориҷӣ рӯ ба афзоиш аст.Дар ҳоли ҳозир 145 ҳазор сарбози хориҷӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд. Бо хуруҷи сарбозони ҳуландӣ аз Урузгон дар рӯзи якшанбе барқарории амният дар ин вилоят ба артиши Омрико ва сарбозони устролиёӣ муҳаввал мешавад.
Хабарнигори умури низомии Би-би-сӣ мегӯяд роҳбурди себуъдии нерӯҳои низомии Ҳуланд дар Урузгон, ки шомили дифоъи низомӣ, диплумосӣ ва тавсеъа буд, ба намунае барои соири низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон табдил шудааст. Ба гуфтаи женерол Ван Ум, ҳузури низомии Ҳуланд дар Афғонистон ва дастовардҳои он боъиси ифтихори ин кишвар аст. Ба гуфтаи ӯ, 24 сарбози ҳуландӣ дар тӯли маъмурияти чаҳорсолаи нерӯҳои низомии ин кишвар дар Афғонистон кушта ва 140 тан маҷруҳ шуданд.
Писари женерол Ван Ум ҳам аз талафоти ин кишвар дар Афғонистон аст, ки дар соли 2008 дар асари инфиҷори як бумби канориҷодаӣ кушта шуд. Як сухангӯйи Толибон дар гуфтугӯ бо як рӯзномаи ҳуландӣ ба мардум ва давлати ин кишвар ба хотири хуруҷ аз Афғонистон табрик гуфт ва аз соири кишварҳо ҳам хост ҳамин тавр амал кунанд.
Дархости НОТУ аз давлати Ҳуланд барои тамдиди истиқрори низомиаш дар Афғонистон боъис шуд давлати эътилофии ин кишвар дар феврали гузашта аз ҳам бипошад. НОТУ мегӯяд ҳузури нерӯҳои низомии эътилоф дар Афғонистон мустаҳкам аст ва хуруҷи Ҳуланд аз ин кишвар ба азми соири кишварҳо садама назадааст. Ин дар ҳоле аст, ки Конодо қарор аст соли дигар ба ҳузури низомии худ дар Афғонистон поён диҳад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2810-2010-08-01-11-44-51.html