САФАРИ МЕДВЕДЕВ БА ҶУМҲУРИИ ҶУДОИТАЛАБИ ОБХОЗ
Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ба Обхоз сафар кардааст. Сафари ӯ ба ин минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон аз қабл барномарезӣ нашуда буд. Ин нахустин сафари оқои Медведев ба Обхоз пас аз ҷанги кӯтоҳмуддат миёни Русия ва Гурҷистон дар ду соли пеш аст.
Ӯ бо Сергей Багапш, раҳбари Обхоз дидору гуфтугӯ карда ваъдаи густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятиро додааст. Ду соли пеш дар ҷараёни як буҳрон Маскав истиқлоли Обхоз ва Усетиёи Ҷанубӣ, ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистонро ба расмият шинохт. Гурҷистон ин ду минтақаро ҳанӯз бахше аз қаламрави худ медонад. Дар ҷараёни сафар ба Обхоз раиси ҷумҳури Русия бар ироаи кумаки молӣ ба ин манотиқ таъкид кард.
Равобити наздик
Дар як суханронии телевизиюнӣ Дмитрий Медведев гуфт тасмими Русия барои ба расмият шинохтани эъломи истиқлол аз суи ин ду минтақа тасмими дуруст буд. Ӯ афзуд: "Ин тасмим душвор ва ғайриоддӣ буд, аммо замон собит кард, ки он дуруст будааст."
Бо анҷоми сафари раиси ҷумҳури худ дар рӯзи солгарди оғози ҷанги миёни Русия ва Гурҷистон ба Обхоз Русия ба тақвияти равобити худ бо ин манотиқ таъкид мекунад. Соли гузашта дар солгарди нахустини ҷанги байни Русия ва Гурҷистон Владимир Путин, нахуствазири Русия ба Обхоз сафар кард ва эълом дошт, ки кишвараш барои бахше аз таъсисоти низомии ин минтақа сармоя тахсис хоҳад дод.
Дар моҳи августи соли 2008 даргирӣ дар минтақаи ҷудоиталаби Усетиёи Ҷанубии Гурҷистон ба ҷанги миёни Русия ва Гурҷистон табдил шуд. Нерӯҳои Русия пеш аз он ки тавофуқномаи сулҳ имзо шавад, низомиёни Гурҷистонро нахуст аз Усетиёи Ҷанубӣ ва сипас аз Обхоз тард карданд.
Том Эслмонт, хабарнигори Би-би-сӣ дар Тифлис мегӯяд, бисёре аз мардуми Обхоз аз сафари раиси чумҳури Русия истиқбол мекунанд, аммо давлати таҳти раҳбарии Михаил Саакашвили дар Гурҷистон мегӯяд Обхоз ва Усетиёи Ҷанубӣ таҳти ишғоли Русия ҳастанд. Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд ин ду минтақа аз истиқлоли воқеъӣ фосила доранд, зеро шадидан вобастаи Русия ҳастанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2850-2010-08-08-17-43-45.html