15:56:46 24-уми Июни 2025 сол

КАРРУБӢ: ТАҲРИМҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАВЛАТРО ТАҚВИЯТ МЕКУНАД

Меҳдии Каррубӣ, аз раҳбарони мухолифони давлати Эрон гуфтааст, ки таҳримҳои иқтисодии байналмилалӣ, давлати Маҳмуди Аҳмадинажодро тақвият мекунад ва ба он “аҳруме” (василае) барои саркубии мухолифон медиҳад. Дабири кулли ҳизби эътимоди миллӣ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо рӯзномаи бритониёии “Гордиан” (Guardian) гуфт: “Мутаасифона, ба эътимоди ман танҳо натиҷаи ин таҳримҳои иқтисодӣ қудратмандтар шудани давлати номашруъи кунунии Эрон аст ва мардум зарбаи аслии онро хоҳанд хурд ва дар ниҳоят, ин таҳримҳо ба мардум зиён меоранд.”

 

Дар ҳамин робита Ҷеймс Ҷонс, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Омрико рӯзи чоршанбе таъкид кард, ки кишвараш ҳанӯз барои таҳти фишор қарор додани Эрон аз тариқи таҳримҳо, фурсат дорад. Ин мақоми Омрико дар мусоҳиба бо телевизиюни Си-эн-эн тасвиби таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эронро муқваффақияте барои давлати оқои Убомо донист, ки ба гуфтаи ӯ бисёре интизори таҳаққуқи онро надоштанд.

 

Ба гузориши вебсойти “Саҳом Ниюз”, Меҳдии Каррубӣ ба “Гордиан” гуфтааст, ки ин таҳримҳо давлате ки аз раъйи мардум барнахостаро қавитар мекунад ва боъис мешавад ин давлат василаи дигаре ба номи аҳруми иқтисодӣ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ