РОНАНДА ВА ОШПАЗИ БИН ЛОДИН 14 СОЛ ҲАБС ГИРИФТ
Ошпаз ва ронандаи собиқи Усома бин Лодин дар як додгоҳи низомӣ дар боздоштгоҳи халиҷи Гуонтоному ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст. Аммо гузоришҳо ҳокист, ки дар сурати муъомила миёни тарафҳои даъво дар мавриди иқрор ба ҷурм аз сӯйи муттаҳам, мумкин аст давраи маҳкумияти вай ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёбад. Иброҳим Қусии 50-сола, ки мутаваллиди Судон аст, дар ҷараёни муҳокима иттиҳоми ҳамкорӣ бо шабакаи Алқоъида ва ҳимояти моддӣ аз терурисмро ба гардан гирифтааст.
Вай ҳамчунин ба узвияти худ дар чанд созмони бунёдгаро иқрор кардааст. Оқои Қусӣ эътироф карда, ки муҳофизи бин Лодин буда ва чандин бор ба фирори вай аз дастгирии нерӯҳои омрикоӣ мусоъидат кардааст. Ҳамакнун қарор аст Вазорати дифоъи Омрико ё Пентогун ҳукми додгоҳи олии низомиро муҷаддадан баррасӣ кунад. Иброҳим Қусӣ дар соли 2001, ҳангоми гурез аз як пойгоҳи Алқоъида дар кӯҳҳои Турабураи Афғонистон аз сӯйи нерӯҳои омрикоӣ дастгир шуд.
Дар оғози ҷаласаи истимоъи додгоҳ вай талош дошт додгоҳро мутақоъид кунад, ки як ошпази маъмулӣ буд. Аммо додситонҳо ин кори ӯро иҳонат ба хиради маҳкама шумурданд ва гуфтанд Қусӣ медонист, ки дар кадом созмоне узвият дошта ва барои ки кор мекунад. Иброҳим Қусӣ чаҳорумин зиндонии Гуонтоному аст, ки аз замони ба қудрат расидани Борок Убомо дар соли 2009 маҳкум мешавад.
Аз миёни беш аз 800 зиндонии Гуонтоному, ки Омрико онҳоро пайкорҷӯёни исломгаро мехонад, 180 нафар ҳамчунон дар пушти милаҳои зиндон боқӣ мондаанд. Зиндони Гуонтоному ба баҳсу ҷанҷолҳои густардае дар ҷомеъаи Омрико ва берун аз он доман задааст. Бисёриҳо фаъолияти онро омили нақзи ҳуқуқи башар медонанд, зеро дар он ҷо зиндониён солҳои тӯлонӣ, бе он ки иттиҳоме алайҳашон матраҳ шавад, ба сар мебаранд.
Гузашта аз ин, анвоъе аз шиканҷа, монанди ғарқ ё ихтиноқи тақлидӣ нисбат ба онҳо эъмол шудааст. Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, пас аз ду рӯзи расидан ба қудрат, дар 22 январи соли 2009 ваъда дода буд, ки тайи як сол зиндони Гуонтономуро мебандад, вале мухолифатҳои аъзои конгресс монеъ аз иҷрои ваъдаи ӯ шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2881------14---.html