05:56:58 04-уми Июни 2025 сол

ПАХШИ "ЭЪТИРОФОТИ" ЗАНИ МАҲКУМ БА САНГСОР ДАР ЭРОН

Зани эронии маҳкум ба сангсор дар як барномаи телевизиюнӣ иттиҳомотеро, ки ба ӯ ворид шуд, пазируфта ва вакили мудофеъи худро маҳкум донистааст. Шомгоҳи чаҳоршанбе шабакаи телевизиюни давлатии Эрон мусоҳибаеро бо Сакина Муҳаммадӣ, ки тавассути додгоҳе дар ин кишвар ба муҷозоти сангсор маҳкум шуда, пахш кард, ки дар он вай ба иртикоби зинои муҳассана ва қатли ҳамсараш эътироф карда ва дар айни ҳол вакили мудофеъи худро низ ба суиистифода муттаҳам сохтааст.

 

Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ чаҳор сол пеш ба иттиҳоми доштани равобити ҷинсӣ бо ду мард пас аз фавти ҳамсараш ба шаллоқ маҳкум шуд ва ин муҷозот дар бораи ӯ ба иҷро даромад, аммо баъдан парвандаи дигаре дар иртибот бо қатли ҳамсари ин зан ба ҷараён афтод ва додгоҳи дигаре хонуми Муҳаммадиро ба иттиҳоми зинои муҳассана дар замони қабл аз даргузашти шавҳараш ба сангсор маҳкум кард.

 

Хонуми Оштиёнӣ дар эътирофоти телевизиюнии худ, ки дар барномаи 20:30 ва бо унвони "Моҷарои қатли олуда бо фасод" пахш шуд, гуфт ки дар соли 2005 аз тариқи телефун бо марде, ки бо ҳамсараш хешовандӣ дошт ошно шуд ва ин мард ӯро фиреб дод ва пешниҳод кард, ки шавҳарашро ба қатл бирасонанд.

 

Сакина Муҳаммадӣ, ки дар ин барнома ба забони озарӣ сухан мегуфт, афзуд ки ин мард дорои собиқаи кайфарӣ буд ва бо омадан ба хонаи онон шавҳарашро бо иттисоли сими барқ ба баданаш ба қатл расонд. Дар ин барнома раиси додгустарии устони Озарбойҷони Шарқӣ дар шарҳи нақши хонум Муҳаммадӣ дар ин моҷаро гуфт, ки вай бо тазриқи дору ҳамсарашро беҳуш карда буд, то имкони қатлӣ ӯ фароҳам ояд.

 

Маҳкум ба сангсор аз Муҳаммади Мустафоӣ, вакили мудофеъаш ба хотири наҳваи иқдом барои наҷоти ҷони муваккили худ ба шиддат интиқод кардааст. Ин фард афзуд, ки Сакина Муҳаммадӣ дар қатли шавҳараш мушорикат дошт ва бо берун фиристодани фарзандонаш ва омода кардани шароити мусоъид заминаи қатлро фароҳам карда буд.

 

Хонуми Муҳаммадӣ муттаҳам аст, ки илова бар мушорикат дар қатли амди ҳамсараш бо қотил низ дар замони ҳаёти шавҳараш иртиботи ҷинсӣ дошта ва ба ин тартиб муртакиби зинои муҳассана ҳам шудааст. Дар ин барнома матни мусоҳибаҳои хиёбонӣ бо чанд нафар низ пахш шуд, ки ҳамагӣ хостори сангсори Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ буданд.

 

Бахши дигаре аз ин барнома ба изҳороти зани маҳкум ба сангсор дар интиқоди шадид аз вакили мудофеъи вай ихтисос дошт. Ваколати хонуми Муҳаммадиро Муҳаммади Мустафоӣ бар уҳда дошт, ки пеш аз ваколат теъдоде аз навҷавонони маҳкум ба эъдом дар Ҷумҳурии Исломиро бар ӯҳда дошт ва ба хотири талош барои наҷоти ҷони муваккилони худ фарде шинохта шудааст.

 

Интиқод аз вакили мудофеъ ва расонаҳои ғарбӢ

Муҷрии барномаи телевизиюнии 20:30 гуфт, ки бахши дигаре аз моҷаро ба Муҳаммади Мустафоӣ "вакили мудофеъи" Сакина Муҳаммадӣ иртибот дорад, ки ба расонаҳои ғарбӣ кумак кард то "оташи таблиғотӣ" алайҳи ҳукми сангсорро барафрӯзад, то битавонад аз ғарб паноҳандагӣ бигирад. Ба гуфтаи муҷрии ин барномаи телевизиюнӣ хонуми Муҳаммадӣ гуфтааст, ки вакили мудофеъи худро ҳатто як бор ҳам надидааст ва воқеъан аз ӯ норозӣ аст.

 

Ба гуфтаи муҷрии барнома оқои Мустафоӣ он қадар инсоф надошт то барои касби паноҳандагӣ дар хориҷ "роҳи дигаре ҷуз бозӣ бо сарнавишти" муваккили худ интихоб кунад. Ба гуфтаи муҷрии барномаи 20:30 байни эътирози ҷаҳонӣ ба сангсор кардани Муҳаммадӣ ва боздошти шаҳрвандони омрикоӣ иртибот вуҷуд дорад.

 

Дар идомаи интиқод аз Муҳаммади Мустафоӣ садои хонум Оштиёнӣ пахш шуд, ки аз вакили мудофеъи худ ба хотири истифода аз мусоҳибаҳои расонаӣ барои дифоъ аз муваккилаш интиқод мекард ва иқдомоти вакили мудофеъ барои ҷилавгирӣ аз иҷрои ҳукми сангсорро боъиси саршикастагии худ қаламдод мекард.

 

Дар ин барнома хонуми Муҳаммадӣ гуфт, ки тамоми хушовандонаш аз ин ки ӯ зиндонӣ аст, иттилоъ надоштанд ва иқдомоти вакили мудофеъ барои наҷоти ҷонаш боъиси обрӯрезии ӯ шуда ва ба ин далел аз оқои Мустафоӣ шикоят дорад.

 

Муҷрии барнома дар пайи пахши изҳороти хонум Муҳаммадӣ ва раиси додгустарии Озарбойҷони Шарқӣ интиқодҳои байналмиллалӣ аз судури ҳукми сансорро ба шиддат маҳкум кард ва бо интиқод аз иқдомоти мудофеъони хуқуқи башар барои лағви ҳукми сангсори Сакина Муҳаммадӣ ин иқдомотро ба расонаҳои "исроилӣ, бритониёӣ ва омрикоӣ" нисбат дод.

 

Вай ибрози нигаронии расонаҳо ва шахсиятҳои хориҷӣ, аз ҷумла вазири умури хориҷаи Омрикоро маҳкум кард ва гуфт талош барои дифоъ аз ҳуқуқи башар ба абзоре барои ворид кардани фишор бар Ҷумҳурии Исломӣ табдил шудааст.

 

Муҷрии барномаи телевизиюнӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки дар миёни сутури навиштаҳои расонаҳои ғарбӣ метавон ташхис дод, ки онҳо дар назар доранд мавзуъи иҷрои ҳукми сангсор дар Эронро ба сарнавишти се шаҳрванди омрикоӣ иртибот диҳанд, ки ба гуфтаи вай ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Эрон боздошт шудаанд. Ба гуфтаи муҷрии барнома тамомии ин талошҳо барои ин сурат гирифта, ки Эронро водор кунанд, ин се омрикоиро аз зиндон озод кунад.

 

Талоши мудофеъони ҳуқуқи башар

Интишори хабари эҳтимоли иҷрои ҳукми сангсори Сакина Муҳаммадӣ интиқоди густардаи шуморе аз ҳуқуқдонон ва мудофеъони ҳуқуқи башар дар дохил ва хориҷи Эронро дар пай дошт. Онҳо чунин муҷозотеро муғойири завобити қазоӣ ва мисоқҳои байналмиллалии манъи муҷозоти ғайриинсонӣ ва таҳқиромез дониста ва аз Эрон хостаанд ба тааҳудоти худ амал кунад.

 

Дар ҳамон ҳол Муҳаммади Мустафоӣ, вакили мудофеъи хонуми Оштиёнӣ дар дифоъ аз муваккили худ раванди расидагии қазоӣ ба парвандаи қатли шавҳари ин зан ва наҳваи судури ҳукми қасосро қобили қабул надониста ва дар чорчӯби қавонини Ҷумҳурии Исломӣ дар садади ҷилавгирӣ аз иҷрои ҳукми сангсор баромада буд. Вай дар ин росто ба иттилоърасонии густарда аз ҷумла аз тариқи интишори матолибе дар веблоги шахсии худ ва анҷоми мусоҳиба мубодират кард.

 

Ду ҳафта пеш мақомоти қазоии Ҷумҳурии Исломӣ ҳукми боздошти оқои Мустафоиро содир карданд, аммо ба гуфтаи ӯ ба далели адами мувафаққият дар дастгирии ӯ ҳамсар ва бародари ҳамсарашро боздошт карданд. Оқои Мустафоӣ, ки илова бар ваколати ин зан ваколати шуморе аз навҷавонони маҳкум ба эъдомро низ бар уҳда дошт ва дар мавориде муваффақ ба наҷоти ҷони онон шуда буд, ба Туркия рафт ва аз он ҷо ба Нурвеж паноҳанда шуд.

 

Дар ҳоли ҳозир иҷрои ҳукми сангсор алайҳи Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ ба ҳолати таълиқ даромада ва ин парванда барои расидагии бештар ва тасмимгирӣ ба раиси қувваи қазоия ирҷоъ шудааст. Агарчи маҷозоти сангсор дар қавонини Ҷумҳурии Исломӣ вуҷуд дорад, аммо ба хотири латмаи шадиде, ки судури иҷрои ин ҳукм ба ваҷҳаи ҳукумати Эрон ворид мекунад, бархе мақомоти аршади қазоӣ дар гузашта дар садади ҷилавгирӣ аз иҷрои чунин аҳкоме баромадаанд, ҳарчанд дар мавориде ин иқдомот аз суи баъе қуззот нодида гирифта шудааст.

 

Ҳассосияти густардае, ки хабари эҳтимоли иҷрои сангсор дар Эрон ба ҳамроҳ овард, боъис шуд, ки раиси ҷумҳури Брозил низ, ки мақомоти Эрон ӯро ба далели талоши муштарак бо Туркия барои ҳаллу фасли буҳрони атумии ин кишвар аз дӯстони худ медонанд, дар садади наҷоти ҷони Муҳаммадӣ барояд.

 

Авоили ҳафтаи ҷорӣ гузориш шуд ки сафири Брозил дар Теҳрон дар мулоқот бо мақомоти вазорати умури хориҷаи Эрон расман пешниҳоди раиси ҷумҳури он кишвар барои эътои паноҳандагӣ ба хонуми Муҳаммадиро таслими онон карда, ҳарчанд пеш аз он сухангӯи вазорати умури хориҷа гуфта буд, ки иқдоми раиси ҷумҳурии Брозил ношӣ аз адами иттилоъи ӯ аз муҳтавиёти парванда будааст.

 

Эътирофоти хонуми Муҳаммадӣ дар ҳоле пахш шудааст, ки ахиран рӯзномаи Гордиян (Guardian) чопи Ландан ба нақл аз ӯ гузориш карда буд, ки мақомоти қазоии Ҷумҳурии Исломӣ дар садад ҳастанд ӯро ба таври махфиёна бидуни иттилоърасонӣ сангсор кунанд. Дар Ҷумҳурии Исломӣ пахши "эътирофоти" муттаҳамони сиёсӣ амре оддӣ аст, ки ба хусус дар пайи ҳаводиси баъд аз интихоботи баҳсбарангези даҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ такрор шудааст.

 

Зоҳиран ин эътирофот ба манзури фароҳам кардани заминаи маҳкумияти муттаҳамон ахз мешавад, ҳарчанд дар гузашта ҳуқуқдонон гуфтаанд, ки чунин эътирофоте, ки ба вузуҳ таҳти фишор ахз мешавад, фоқиди арзиши ҳуқуқӣ аст ва пахши онҳоро ба унвони мадраке дар исботи иттиҳом мавриди интиқод ва истеҳзо қарор додаанд.

 

Дар айни ҳол пахши эътирофоти муттаҳам як парвандаи ҷиноӣ амре камсобиқа аст ва нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Исломӣ нигарони пайомадҳои сиёсии судури ҳукми эъдоме аст, ки боъиси интиқоди афкори умумӣ дар сатҳи байналмиллалӣ аз ҳукумати Эрон мешавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2882--qq------.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854