04:34:59 25-уми Июни 2025 сол

ВОКУНИШҲО БА ПАХШИ "ИҚРОР"-И САКИНА МУҲАММАДӢ

Пахши ончи “эътироф” (иқрор)-и телевизиюнии Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ номида шудааст, аз Садо ва Симои Эрон, вокунишҳоеро ба дунбол дошт. Мақомоти Вазорати умури хориҷаи Бритониё рӯзи панҷшанбе 12 август, аз пахши иқрори телевизиюнии хонум Оштиёнӣ ибрози нигаронӣ карданд.

 

Сухангӯи Вазоарти хориҷаи Бритониё дар ин бора гуфт: “Дидани иқрори Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ, ки рӯзи 11 август аз телевизиюни Эрон пахш шуд, бисёр нохушоянд аст ва мо аз иддаъои вакили мудофеъи вай бар ин, ки ин иқрор бар асари шиканҷа будааст, амиқан нигарон ҳастем.” Вазорати умури хориҷаи Бритониё дар ин баёния аз мақомоти Эрон хостааст, то парвандаи хонум Оштиёниро ба таври комил баррасӣ кунанд ва ба таъаҳҳудоти байнлаимлалии ҳуқуқи башар, ки онро имзо кардаанд, пойбанд бошанд.

 

Шомгоҳи ҷаҳоршанбеи 11 август шабакаи дувуми телевизиюни Эрон мусоҳибаеро бо Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ, ки тавассути додгоҳе дар ин кишвар ба муҷозоти сангсор маҳкум шуда, пахш кард, ки дар он вай ба иртикоби зинои муҳасана ва қатли ҳамсараш иқрор шуда ва дар айни ҳол, вакили мудофеъи худро низ ба суъистифода аз вазъияти ӯ муттаҳам кард.

 

Аз сӯи дигар Авфи Байналмилал, як созмони ҷаҳонии мудофеъи ҳуқуқи башар бо интишори баёнияе аз пахши ин “иқрори телевизиюнӣ” ба шиддат интиқод кард. Дар ин баёния ишора шуда ба ин, ки дар Эрон борҳо аз шеваи пахши эътирофоти (иқрорҳои) телевизиюнӣ истифода шудааст ва ағлаби (аксари) ин эътирофот таҳти фишор ва шиканҷа будааст.

 

Ҳасиба Ҳоҷ Саҳровай, муъовини бахши Ховари Миёна ва Шимоли Офриқои Созмони Авфи Байналмилал, гуфт, ки ин ба истилоҳ иқрор бахше аз иқрорҳои иҷборӣ аст, ки дар тӯли як соли гузашта аз боздоштшудагон ба иҷбор гирифта шудаст.

 

Вай бо ишора ба ин, ки шеваи пахши изҳороти хонум Муҳамадии Оштиёнӣ аз телевизиюни Эрон истиқлоли дастгоҳи қазоии Эронро зери савол мебарад, афзудааст: “Агар қарор бошад, дастгоҳи қазоӣ дар Эрон ҷиддӣ гирифта шавад, ин изҳорот набояд дар назар гирифта шавад ва бояд итминон ҳосил шавад, ки бар мавриди парвандаи ӯ таъсире нахоҳад гузошт.”

 

Дар баёнияи Созмони Авфи Байналмилал ҳамчунин омадааст, ки Ҷавод Ҳутанкиён, яке аз вукалои хонум Оштиёнӣ дархости 35 сафҳаиро барои баррасии муҷаддади парвандаи ӯ, ба додгоҳ ироа додааст ва қарор аст, натиҷаи он то ҳудуди 15 август мушаххас шавад.

 

Хонум Ҳоҷ Саҳровай мегӯяд, ки ба назар мерасад, мақомоти Эрон ин иқрорро дар пайи дархост барои баррасии қазоии муҷаддади парвандаи хонум Муҳаммадӣ тарроҳӣ кардаанд ва акнун қасд доранд, ӯро бо муҷозоти тозае ба иттиҳоми қатли шавҳараш рӯбарӯ кунанд. Ҳамчунин Муҳаммад Мустафоӣ, вакили мудофеъи хонум Муҳаммадӣ Оштиёнӣ дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ Форсӣ гуфт, ки муваккилаш таҳти фишор ба ин иқрор даст задааст.

 

Ӯ бо ишора ба ин ки соли гузашта хонум Муҳаммадӣ Оштиёниро дидааст, гуфт: Ҷони ӯ дар дасти касоне аст, ки қудратро дар даст доранд ва табиъӣ аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба инъикоси хабари густардае, ки дар бораи ин парванда ба вуҷуд омада, аз ӯ хоста бошанд, то ин масоилро бигӯяд, то мавриди авф қарор гирад.”

 

Ваколати хонум Муҳаммадии Оштиёниро Муҳаммади Мустафоӣ бар ӯҳда дошта, ки пеш аз ин вакили мудофеъи теъдоде аз навҷавонони маҳкум ба эъдом дар ҷумҳурии исломӣ буда ва ба тозагӣ маҷбур ба тарки Эрон шудааст. Муҷрии барномаи телевизиюнӣ гуфта буд, ки бахши дигаре аз моҷаро ба Муҳаммади Мустафоӣ, “вакили мудофеъи” Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ дорад, ки ба расонаҳои ғарбӣ кумак кард, то “оташи таблиғотӣ” алайҳи ҳукми сангсорро барафрузад, то вай битавонад аз Ғарб паноҳандагӣ бигирад.

 

Ба гуфтаи муҷрии ин барномаи телевизиюнӣ, хонум Муҳаммадӣ гуфтааст, ки вакили мудофеъи худро ҳатто як бор ҳам надидааст. Эътирофи хонум Муҳаммадӣ дар ҳоле пахш шудааст, ки ахиран рӯзномаи Гордиан, чопи Ландан, ба нақл аз ӯ гузориш карда буд, ки мақомоти қазоии Ҷумҳурии исломӣ дар садад ҳастанд, ӯро ба таври махфиёна ва бидуни иттилоърасонӣ сангсор кунанд.

 

Дар Ҷумҳурии исломӣ, пахши “иқрори” муттаҳамони сиёсӣ амри одӣ аст, ки ба вижа дар пайи ҳаводиси баъд аз интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурии соли гузашта борҳо такрор шудааст. Зоҳиран, ин иқрорҳо ба манзури фароҳам кардани заминаи маҳкумияти муттаҳамон ахз мешавад, ҳарчанд ҳуқуқдонҳо гуфтаанд, ки чунин иқрор, ки ба вузуҳ таҳти фишор ахз мешавад, арзиши ҳуқуқӣ надорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2886----qq---.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ