06:02:08 04-уми Июни 2025 сол

ПОКИСТОН: КУМАКҲОИ ҶАҲОНӢ БА СЕЛЗАДАГОН КОФӢ НЕСТ

Мақомҳои баландпояи Покистон аз он чи кундии ирсоли кумакҳои ҷомеъаи байналмилалӣ ба қурбониёни сели вайронгари ин кишвар хондаанд, интиқод кардаанд. Тайи ҳаштод соли ахир ин шадидтарин фоҷеъаи табиъӣ дар Покистон будааст. Замир Акрам, намояндаи доими Покистон дар мақарри Созмони Милали Муттаҳид дар Женев, ба Би-би-сӣ гуфт ҷомеъаи байналмилалӣ нисбат ба мизони вайрониҳои ношӣ аз сел огоҳ аст, аммо кумаки кофӣ ба Покистон нарасидааст.

 

Вай ин мавзӯъро, ки иттиҳомҳои марбут ба иртиботи Покистон бо терурисм омиле дар кундии ирсоли кумакҳо бошад, рад кард. Оқои Акрам таъкид кард, ки ҳудуди чаҳордаҳ милюн пкистонӣ дар асари сел садама дидаанд ва 1600 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд. Наздик ба ҳабдаҳ дарсади хоки ин кишвар дастхуши сел шуда ва дар иёлатҳои Панҷоб ва Синд хатари боло омадани об ҳамчунон ба қуввати худ боқист.

 

Созмони Милали Муттаҳид ҳамакнун дархости 459 милюн дулор кумакҳои изтирорӣ барои Покистон кардааст. Роберт Зулик, раиси Бонки Ҷаҳонӣ, аз ин ки сел мӯҷиби аз байн рафтани маҳсулоти кишоварзии Покистон шуда, ибрози нигаронӣ кадааст. Оқои Зулик гуфт милёрдҳо дулор хисорати кишоварзӣ нишондиҳандаи зарбае аст, ки сел ба иқтисоди Покистон ворид кардааст, ки башиддат ба кишоварзӣ вобаста аст.

 

Қарор аст тайи чанд рӯзи оянда Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз Покистон дидан кунад. Мақомҳои Покистон ҷашни солгарди истиқлоли ин кишварро, ки қарор буд имрӯз (шанбеи 14 август) баргузор шавад, лағв кардаанд.

 

Хатари шуюъи бемориҳои ҳамагир

Нигаронӣ аз шуюъи бемориҳои вогирдор (сироятӣ) низ бар мушкилоти селзадагон афзудааст. Дар ҳамин ҳол, созмонҳои имдодрасон бори дигар нисбат ба шуюъи бемориҳои ношӣ аз набуди оби солими ошомиданӣ дар манотиқи селзада ҳушдор додаанд. Созмони Милал ибтилои як нафарро ба бемории вабо таъйид карда ва имдодрасонҳо фаъолиятҳои худро барои муқобала бо ин гуна бемориҳо шиддат додаанд.

 

Созмони Милал гуфтааст барои муқобала бо вабо дар манотиқи селзадаи Покистон фаъолияти густардаеро оғоз мекунад. Мақомоти Салиби Сурх низ мегӯянд бемориҳои ношӣ аз оби олуда дар байни милюнҳо селзада дар ҳоли шуюъ аст ва ҳамакнун 36 ҳазор мавриди ибтило ба исҳол сабт шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2892-2010-08-14-11-37-17.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854