ПЕТРИУС: ҲАҚҚИ МУХОЛИФАТ БО ХУРУҶИ НЕРӮҲОРО НИГАҲ МЕДОРАМ
Женерол Девид Петриус, фармондеҳи кулли нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон, гуфтааст, ки вай ҳаққи мухолифат бо барномаи Борок Убомо, раиси ҷумҳури Aмрико барои шурӯъи хуруҷи нерӯҳои Aмрикои аз Афғонистон аз авосити соли ояндаи мелодиро барои худ маҳфуз нигаҳ медорад. Женерол Петриюс гуфтааст, ки пешрафт дар умури Афғонистон дар ҳақиқат фақат аз чанд моҳ пеш оғоз шудааст.
Пештар низ раҳбарони ҷумҳурихрҳони Aмрико аз тарҳи Борок Убомо барои хуруҷи соли ояндаи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон интиқод карда ва хостори машрут кардани он ба шароити ин кишвар шуданд. Ҷон Маккейн ва Линдзи Греҳам дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизюниии Ей-би-си ва Си-си-ес изҳор доштанд, тасмими Убомо барои оғози хуруҷ аз Афғонистон аз июли соли 2011 иштибоҳ аст ва муҷиби тақвияти Толибон ва Алқоъида хоҳад шуд.
Саид Таиб Ҷавод, сафири Афғонистон дар Вошингтун низ дар гуфтугӯ бо Шабакаи Си-эн-эн таъкид кард, берун омадан аз Афғонистон ба ҷойи онки бар асоси таърихи аз пеш таъйиншуда бошад, бояд мубтанӣ бар увзоъ ва суботи ин кишвар бошад. Вай гуфт: “Агар беш аз ҳадд бар як ҷадвали замонӣ, ки воқеъгаро нест таъкид шавад, душман бисёр ҷасуртар ва ҷанг тулонитар мешавад.”
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки женерол Девид Патриус, расман фармондеҳии як саду си ҳазор нерӯи байналмилали мустақар дар Афғонистонро бар ӯҳда гирифтааст. Бо афзоиши тардидҳо нисбат ба вазъияти ҷанги нӯҳсола дар Афғонистон женерол Патриус қавли пирӯзӣ дод. Вай аз ҷадвали замонии Кохи Сафед барои тахлияи Афғонистон ҳимоят кард, аммо таъкид намуд ин бастагӣ ба шароит ва суботи ин кишвар дорад.
Ҷон Маккейн дар даврони ҷанги Виетном халабони нерӯҳои дарёӣ буда ва акнун низ узви аршади Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сено аст гуфт, агар Толибон бидонанд, ки Aмрико қасд дорад дар таърихи мушаххасе аз Афғонистон хориҷ шавад, бидуни тардид мунтазири он рӯз хоҳад монд. Линдзи Греҳам, узви дигари Сено гуфт, агар талақии ҳама ин бошад, ки Aмрико дар садади хуруҷ аз Афғонистон аст, ҳеҷ шонсе барои пирӯзӣ вуҷуд нахоҳад дошт.
Бо афзоиши даргириҳо ва талафоти нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон ва низ истеъфои женерол Мак Кристол, фармондеҳи нерӯҳои эътилоф дар ин кишвар Толибон тамоюли камтаре ба музокира аз худ нишон додаанд. Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, ки худро сухангӯи раҳбари Толибон унвон мекунад, ахиран тайи мусоҳибае катбӣ ва бо восита ба Би-си-сӣ гуфт:
“Мо то замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк накардаанд, бо ҳеҷ касе гуфтугӯ надорем. Мо итминон дорем, ки барандаи ҷанг хоҳем буд. Ҳангоме ки мо дасти болоро дорем, чаро тан ба музокира бидиҳем. Нерӯҳои хориҷӣ дарбораи хуруҷ аз Афғонистон меандешанд ва дар суфуфи душман ихтилофе падид омадааст.”
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2902-2010-08-16-08-42-45.html