06:01:14 04-уми Июни 2025 сол

ТАВСЕЪАИ ФАЪОЛИЯТҲОИ ҶОСУСИИ АМРИКО ДАР ТОҶИКИСТОН

Рӯзномаи New York Times гузориш дода, ки Амрико фаъолиятҳои ҷосусии худ дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистонро тавсеъа додааст. Ба навиштаи рӯзномаи New York Times, чунин тасмим дар чорчӯби тарҳи мубориза бо терурисм гирифта шуда, дар бархе аз кишварҳои офриқоӣ ва шарқӣ анҷом мешавад. New York Times бо такя ба манобеъи худ навиштааст, ки ҳамакнун густараи амалиёти ҷосусии Амрико аз биёбонҳои Офриқо то Покистон, ба шумули кишварҳои Осиёи Миёна афзоиш ёфтааст.

 

Ба навиштаи ин нашрия, чунин амалиёт бо истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва нерӯҳои кӯчаки вижа анҷом мешаванд. Хабарнигорони Амрикоӣ мушаххас кардаанд, ки тасмими тавсеъаи амалиёти ҷосусӣ дар ин манотиқ дар моҳи сентябри соли гузашта иттихоз шудааст ва ба он кишварҳои назири Арабистони Саъудӣ, Ниҷериё ва Тоҷикистон шомил ҳастанд.

 

Ин тасмим аз сӯйи Девид Петриус, фармондеҳи вақти Ситоди марказии нерӯҳои Амрико имзо шудааст. Феълан оқои Петриус фармондеҳии нерӯҳои Амрико дар Афғонистонро бар ӯҳда дорад. Зимни шарҳи чунин тасмим New York Times ба суханони Ҷон Бренан, ёвари Борок Убомо дар умури мубориза бо терурисм ишора карда, аз қавли ӯ менависад: “Амрико ҳамакнун бар ивази болға аз корди ҷарроҳӣ истифода мекунад”.

 

Бо ин вуҷуд, дар матлаби New York Times мушаххасан аз наҳваи анҷоми амалиёти ҷосусӣ дар Тоҷикистон иттилоъе пахш нашудааст. Дар ҳамин ҳол манобеъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд. Аз сӯйи дигар, Амрико бо Тоҷикистон дар заминаи муқобала бо терурисм ҳамкориҳои густурда роҳандозӣ кардааст.

 

Давлати Амрико барномаҳои мухталифи омӯзиши маъмурони амниятӣ ва интизомии Тоҷикистонро дар заминаи истифода аз наҳваҳои ҷадиди таҳқиқ ва ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои теруристӣ сармоягузорӣ мекунад. Дар соли гузашта Амрико ҳамчунин тарҳи сохтмон ва муҷаҳҳаз кардани як маркази вижа барои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар заминаи муқобала бо терурисмро сармоягузорӣ кард.

 

Ин дар ҳолест, ки ахиран гузориш шуда буд, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини низомии Амрико, аз Афғонистон ба сӯйи қаламрави Тоҷикистон парвоз карда ва нерӯҳои ҳавоии Амрико ин ҳавопаймои ҷосусиро, ки аз кунтрул хориҷ шуда, дар минтақаи марзии Афғонистону Тоҷикистон нобуд кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2905-2010-08-16-13-12-30.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854