ДАРХОСТИ КУМАК БА СЕЛЗАДАГОН ДАР ҶАЛАСАИ СММ
Дар ҷараёни ҷаласаи вижаи Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи селҳои Покистон, дабири кулли СММ, вазири хориҷаи Амрико ва вазири хориҷаи Покистон хостори кумаки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба селзадагон шудаанд. Ин дархостҳо дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки як панҷуми Покситон, яъне қаламраве ба бузургии Итолиё – акнун зери об мондааст. Mақомҳои покистонӣ мегӯянд, даҳҳо ҳазор русто зери об рафта, ҳудуди 1500 нафар дар асари он ҷон додаанд ва беш аз 20 милиюн нафар ба сарпаноҳ, маводди ғизоӣ ва оби ошомиданӣ ниёз доранд.
СММ бо ташкили ҷаласаи изтирории Маҷмаъи умумӣ дар рӯзи панҷшанбе, саъй кард, ки таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи авзоъи Покистон ҷалб кунад. Бон Ки-мун дар ин ҷаласа гуфт, ки аҳдкунандагон ниме аз 460 милиюн дулоре, ки ин созмон дархости онро барои таъмини озуқа, сарпаноҳ ва оби ошомидании покиза дода буд, таъмин кардаанд.
Амрико низ, ки то кунун бештари кумакҳоро ироа кардааст, рӯзи панҷшанбе эълом кард, 60 милиюн дулори дигар ба он изофа хоҳад кард. Бон Ки-мун, дабири кулли СММ селҳои ношӣ аз боронҳои мавсимии Покистонро ба як суномии ором ташбеҳ дод. Ҳилори Клинтун, вазири хориҷаи Амрико, таъкид кард, ки вокуниши ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар муқобили бӯҳрон ночиз аст.
Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири хориҷаи Покистон низ дар суханронии худ ҳушдор дод, ки мавҷи дувум ва севуми селҳо ончиро, ки “фоҷеъаи табиъӣ дар андозаи бесобиқа” номид, бадтар мекунад, зеро заминҳои бештареро зери об мебарад ва теъдоди бештареро аз хонаҳояшон меронад. Ким Ғатос, хабарнигори Би-би-сӣ дар Ню Йорк мегӯяд, ки бисёре аз аҳдкунандагон аз ирсоли пул ба кишваре, ки фасод дар он густарда аст, икроҳ (нораво) доранд. Аммо ба гуфтаи хабарнигори мо, Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ дар суханронии худ қавли шаффофият дод ва бар аҳамияти ниёз ба кумак ба кишвараш таъкид кард.
НигаронӢ аз пур шудани хало тавассути ифротгароён
Оқои Қурайшӣ гуфт, ки ҷаҳон набояд иҷоза бидиҳад, ки ин фоҷеъа ба фурсате барои теруристҳо бадал шавад. Ӯ дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки манобеъи молиии Покистон барои расидагӣ ба фоҷеъа кифоят намекунад ва набояд иҷоза дода шавад, ки аносири родикол по дар миён гузошта ва халои ба вуҷуд омадаро пур кунад. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ӯ дар суханронии худ дар Маҷмаъ умумӣ гуфт: “Зарарҳои молии мо аз 43 милиёрд дулор фаротар меравад.”
Маҷмӯъи кумакҳои Амрико ба селзадагон, акнун ба 150 милиюн дулор мерасад, бо ин ҳол Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Покистон ва Афғонистон гуфт, ки Покистон ниёзманди “милиёрдҳо дулор” кумак аст ва аз ҷумла аз Чин хост, саҳми худро ифоъ кунад. Оқои Қурайши гуфт, ки чиниҳо кумаки нақдии худро додаанд ва акнун масъулияти густардатаре барои таъмини озуқа, об ва сарпаноҳ барои 27 ҳазор нафар дар як ноҳияи ғайриқобили дастрасӣ дар шимоли кишварро ба ӯҳда гирифтаанд.
Оқои Қурайшӣ ҳамчунон дар суханронӣ дар “Анҷумани Осиё” бо ишора ба бузургии фоҷеъа гуфт, ки “ То кунун чунин чизе надидаем” ва ишора кард, ки танҳо се ҳафта пеш аз шуруъи селҳо дар Покистон, ин кишвар бо камбуди об рӯбарӯ буд. Давлати Покистон ба хотири нишон додани вокунише кунд ба буҳрон, бо интиқодҳои бисёр шадиде рӯбарӯ шуд ва оқои ба ин интиқодҳо эътироф кард. Ӯ гуфт: “Дар ибтидо ҳолати шок вуҷуд дошт, ки давлатро фалаҷ кард, аммо онро пушти сар гузоштаем.”
Оқои Қурайшӣ гуфт, боъиси таассуф аст, ки ин фоҷеъа дар дараи Савот рӯй медиҳад, ҷое, ки зиндагии мардуми он пас аз амалиёти артиши алайҳи ифротгароёни исломӣ ва “терруристҳо” тоза ба ҳоли одӣ боз мегашт. Ӯ гуфт, ҳамин масъала дар мавриди ҷануби Панҷоб, ки чунин амалиёте дар он дар ҷараён буд низ вуҷуд дорад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2932-2010-08-20-07-05-44.html