ТАЛАФОТИ БЕШТАРИ НЕРӮҲОИ АМРИКОӢ ДАР АФҒОНИСТОН
Дар тозатарин мавриди хушунатҳо дар Афғонистон, НОТУ аз кушта шудани чаҳор сарбози амрикоӣ хабар додааст. Ин сарбозон дар асари инфиҷори як бумби канориҷодаӣ дар шарқи Афғонистон кушта шудаанд. Ин ҳодиса талафоти сарбозони амрикоӣ зарфи се рӯзи ахирро ба ҳаждаҳ нафар афзоиш медиҳад. Бар асоси гузоришҳо, моҳҳои июн ва июли имсол хунинтарин моҳҳо барои сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон будааст.
Танҳо дар моҳи август, наздик ба панҷоҳ сарбози амрикоӣ дар Афғонистон кушта шуданд, дар ҳоле ки омори талафоти сарбозони НОТУ дар Афғонистон дар соли ҷорӣ ба беш аз сесаду панҷоҳ нафар расидааст. Рӯзи гузашта НОТУ гуфт, ки ҳафт сарбози амрикоӣ дар асари ду инфиҷори ҷудогона дар ҷануби Афғонистон кушта шудаанд ва як рӯз пештар аз он низ мақомоти НОТУ кушта шудани ҳафт сарбози дигари амрикоиро дар ҳаводиси ҷудогона таъйид карда буданд.
Амрико аз декабри соли 2009 то ҳоло сӣ ҳазор сарбози изофӣ ба Афғонистон фиристодааст то бо Толибон ва Алқоъида дар ин кишвар мубориза кунанд. Низомиёни амрикоӣ, ки умдатан дар ҷанубу шарқи Афғонистон мустақар ҳастанд, бахши аъзами як саду бист ҳазор низомии НОТУ дар Афғонистонро ташкил медиҳанд.
Амрико аммо барномаи хуруҷи сарбозони худ аз Афғонистонро соли ояндаи мелодӣ оғоз мекунад, ҳарчанд ин барнома бо интиқодҳо ва ибрози нигарониҳое дар дохилу берун аз Афғонистон рӯбарӯ будааст. Ҳафтаи гузашта як женероли аршади амрикоӣ гуфт, ки эъломи барномаи хуруҷ аз Афғонистон, боъиси дилгармии Толибон дар ин кишвар шудааст.
Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон низ ахиран аз барномаи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз кишвараш интиқод кард ва гуфт, ки ин барнома сабаби "тақвияти руҳияи" Толибон мешавад. Интизор меравад Кохи Сафед масъалаи ҳузур дар ҷанги Афғонистонро дар декабри имсол мариди баррасӣ қарор диҳад. Аз соли 2001 то ҳоло, ки нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, беш аз як ҳазору дусад сарбози амрикоӣ дар Афғонистон кушта шудаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3016-2010-08-31-18-16-08.html