"99 ЗАРБА ШАЛЛОҚ" БАРОИ ЗАНИ МАҲКУМ БА САНГСОР ДАР ЭРОН
Писари Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ, зане, ки дар Эрон ба сангсор маҳкум шуда, мегӯяд модараш ба хотири интишори аксе дар нашриёти хориҷӣ ва ба иттиҳоми ишоъаи "фасод ва беҳиҷобӣ" ба 99 зарбаи шаллоқ маҳкум шудааст. Рӯзномаи Бритониёии Тоймзи Ландан чанд рӯз пеш акси зани бидуни ҳиҷоберо мунташир кард, ки гуфта буд мутааллиқ ба хонуми Оштиёнӣ аст, аммо ин рӯзнома рӯзи ҷумъа, саввуми август гуфт, ки ин акс марбут ба Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ нест ва аз бобати ин иштибоҳи худ узрхоҳӣ кард.
Гуфта шуда, ки ин акс тасвири як зани эронии муқими хориҷ аст. Саҷҷоди Қодирзода, писари хонуми Оштиёнӣ дар чанд мусоҳиба гуфтааст, ки модараш ба хотири интишори ин акс ба 99 зарбаи шаллоқ маҳкум шудааст. Ӯ дар ин мусоҳибаҳо гуфтааст, ки афроде, ки ахиран аз зиндони Табрез озод шудаанд, ин мавзуъро ба ӯ иттилоъ додаанд.
Оқои Қодирзода гуфтааст муҷозоти ҷадид баҳонае аст то мақомоти Эрон бештар ба озор ва азияти модараш бипардозанд. Ӯ дар номаи саргушодае гуфтааст, ки модараш аз ду ҳафта пеш мамнуъулмулоқот шуда ва ҳатто иҷоза наёфта аз телефун истифода кунад. Рӯзномаи Тоймзи Ландан, ки ин аксро рӯзи 27 август мунташир кард, гуфта буд, ки акси бидуни ҳиҷоби хонуми Оштиёниро азтариқи яке аз вукалои ӯ ба даст овардааст.
Муҳаммади Мустафоӣ, вакили хонуми Оштиёнӣ, ки ахиран аз Эрон хориҷ шуда, гуфтааст ин аксро аз тариқи Саҷҷоди Қодирзода, писари хонуми Оштиёнӣ ба даст оварда, иддаъое, ки оқои Қодирзода онро рад мекунад. Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ пештар ба сангсор маҳкум шуда буд, аммо дар пайи эътирозҳои ҷаҳонӣ давлати Эрон эълом кард ӯ сангсор нахоҳад шуд, вале ҳукми эъдомаш ҳамчунон побарҷост.
Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон авохири моҳи август эълом кард, ки дар мавриди ин парванда "роҳкорҳои вижае" - ро бо ҳадафи "эъмоли диққатҳои музоъаф дар эъмоли қонун ва риъояти ҳуқуқи қонунии афрод" дар назар дорад.
Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ дар соли 2006 милодӣ ба иттиҳоми робитаи "номашруъ" бо ду мард пас аз фавти ҳамсараш маҳкум шуд, аммо баъд додгоҳи дигаре ӯро ба иттиҳоми робита бо марди дигаре пеш аз марги ҳамсараш ба "зинои муҳассана" маҳкум ва алайҳи ӯ ҳукми эъдом содир кард. Ин зани 43 сола ва соҳиби ду фарзанд дар шаҳри Табрез зиндонӣ аст. Ӯ иттиҳоми "зинои муҳассана" - ро рад мекунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3049-q99--q-------.html