ҲУШДОРИ ПЕТРИУС АЛАЙҲИ СӮЗОНДАНИ ҚУРЪОН
Женерол Девид Петриус, фармондеҳи нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон, алайҳи барномаи як калисо дар иёлати Флуридо барои оташ задани китоби муқаддаси мусулмонон ҳушдор додааст. Ин калисо, ки дар шаҳри Кинзуел воқеъ аст ва гуфта мешавад, ки ҳудуди 50 узв дорад, мехоҳад, ки дар наҳумин солгарди ҳамалоти 11 сентябр нусха ё нусхаҳое аз Қуръонро оташ бизанад. Женерол Петриус рӯзи душанбе ҳушдор дод: "Ин метавонад нерӯҳои мо ва тамоми талоши моро ба хатар биандозад."
Калисои ёдшуда дар вебсойти худ навиштааст, ки аз мусулмонон нафрат надорад, аммо меафзояд: "Аз ин иқдом барои ҳушдор дар бораи усули эътиқод ва идеулужии ислом, ки мо аз он нафрат дорем", истифода хоҳад кард. Женероли Амрикоӣ дар бораи барномаи калисои мазкур гуфт: "Ин дақиқан аз қабили иқдомҳое аст, ки Толибон аз он истифода мекунанд ва метавонад мушкилоти зиёде ба бор биоварад. На фақат дар инҷо, балки дар саросари дунё, ки мо бо ҷавомеъи исломӣ сару кор дорем."
Бар асоси гузоришҳо, душанбе роҳпаймоии эътирозомезе дар Кобул, пойтахти Афғонистон, баргузор шуд, ки дар он мардум алайҳи ба оташ кашида шудани Қуръон дар рӯзи 11 сентябр ҳушдор доданд. Мақомҳои низомии Амрико нигаронанд, ки мавориди мушобеҳе низ дар ин кишвар рух диҳад ва интишори тасовири он дар интернет ва расонаҳои гурӯҳии ҷаҳонии вокуниши шадиди мусулмононро дар пай дошта бошад.
Ин дар ҳолест, ки Борок Убомо, дар оғоз раиси ҷумҳурии худ беҳбуди робита бо кишварҳои мусулмонро яке аз авлавиятҳои давлати худ эълом кард. Ба дунболи тарҳи эҳдоси як маркази исломӣ дар наздикии маҳалли бурҷҳои дуқулуи маркази тиҷорати ҷаҳонии Ню-Йурк, ки дар ҳамалоти 11 септомбр нобуд шуд, эътирозоти зиёде дар саросари Амрико алайҳи мусулмонон ба роҳ афтодааст. Раиси ҷумҳури Амрико аз эҳдоси ин марказ ҳимоят карда ва гуфтааст, ки мусулмонон дар Амрико монанди ҳар гурӯҳи дигаре ҳақ доранд, ки ба дини худ амал кунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3062-2010-09-07-06-23-00.html