20:50:18 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОМОДАГИҲО БА ДАФНИ МАЙКЛ ҶЕКСОН

Зиёда аз ним миллион нафар аз саросари ҷаҳон хостори 17 500 даъватномаи бепули расми дафни овозхони бузург Майкл Ҷексон шуданд. Расми дафни Ҷексон ҳафтаи оянда дар Лос Анҷелес баргузор мешавад, аммо дар ин байн дар шаҳрҳои бузурги олам расми ёдбуди сароянда ва раққоси нотакрор идома дорад.

Садҳо нафар аз дӯстдорони Султони поп, дар шаҳри Ню Йорк дар назди даромадгоҳи театри "Апполо", ки дар саҳнаи он бори аввал Майкли хурдсол истеъдоди фавқулодаашро ба ҷомеъа муаррифӣ карда, буд, ҷамъ омада бо тақлид ба рақсҳои нотакрор, ва шунидану замзамаи таронаҳояш хотири ӯро пос доштанд. Ҷенифер як сокини афроамриқоии ноҳияи Бронкс мегӯяд, Майкл Ҷексон даҳ олаҳо ба одамон шодиву нишот бахшид ва имрӯз мухлисон мехоҳанд бо пайрави ба ҳунараш, ӯро ба дунёи охират гусел кунанд.

Ҷенифер мегӯяд, ӯро чун узви оилааш дӯст медошт ва хабари марги ӯ барояш зарбаи сахте буд, ки ҳанӯз ҳам ба воқеъияти он бовар надорад: «Ҳоло сарояндаҳо хеле зиёданд, аммо ӯ аз ҳама беҳтарин буд. Имрӯз ҷавононе, ки ба хотири ӯ месароянду мерақсанд, зиндагии Майкл барояшон намунаи ибрат аст. Онҳо ҳам ба рақс, ҳам ба овоз, ҳам ба либос ва ҳам ба дини Майкл пайрави мекунанд. Мехоҳанд қадамҳои ӯро тай намоянд. Ман ҳанӯз ҳам ба марги ӯ бовар надорам, гуфтам наход, ки нафаре чун ӯ ба ин қадар зудӣ бифавтад. Ман ҳоло беш аз се соат аст, ки дар ҷамъомад иштирок дорам ва то ними шаб инҷо хоҳам буд. Ба хотири ӯ, овозхони маҳбубам…»

"Туро дӯст медорем! Ту ягонаӣ! Хотири ту ҳамеша бо мост! Таронаҳои ту ба зиндагии мо нерӯ мебахшад! Ту ҳамеша зиндаи Майкл! Таронаҳои нави туро мо пазмон хоҳем шуд!"

Ин ва дигар навиштаҳо дар гӯшаи ёдгории Майкл Ҷексон, ки онро ҳаводоронаш дар даромадгоҳи театри "Апполо" созмон додаанд, ба чашм мерасанд. 

Ҷавонон дар варақаҳои гуногун, рӯйи аксҳои овозхон ва деворҳои атрофии театр эҳсоси дили хешро навишта, ба ин минвол дарди дилашонро сабук месозанд. 

Дар ин ҷо таронаҳояш танинандоз шуда, дастагулҳои тару тоза, бозичаву аксҳо ва аксҳои гуногун оро додаанд. Ҳар нафари ба ҷамъомад омада ба ёди ӯ чизеро дар гушаи ёдгори илова менамояд ва ё эҳсоси дилашро дар он гуша менависад. 

Дар миёни Анбӯҳи одамон ҷавонеро дидам, ки дар даст мактуб ва дастагуле аз мехчагулу садбарг дошт. Ин ҷавон худро Кейби муаррифи кард ва гуфт дар шакли нома дуои аҳли оилаашро ба Майкл Ҷексон овардааст: «Ин дуои оила ман ба Майкл Ҷексон аст. Дар ин дуоҳо аз Инҷил истифода шудааст. Қисмати аслии ин дуонома муроҷиати мо ва кӯдакони африқоӣ ба Майкл мебошад, ки чунин аст: ӯ моро аз марг наҷот дод ва бо муҳаббати беандоза бароямон умед бахшид. Ӯ ҳам як инсон аст ба мисли мову шумо, аммо нисбаташ чун ту эҳтиром қоил дорам худои ман. Аз ин зиёд чӣ ҳам бигуям?»

Албоми Thriller-и Майкл Ҷексон соли 1982 ҳама рекордҳоро зада бо теъдоди 109 миллион адад дар саросари ҷаҳон ба фурӯш рафт. 

Сирри мувафақияти Майкл на танҳо дар садои ширадору дилчасп балки дар ҳаракоти ларзону шикаста ва орому афсункунандааш буд. Дар рақсҳояш мухлисон ҳам нафари ошиқ ва ҳам шахси ҷасуру нотарсро медиданд ва ин ҳама миллионҳо нафарро ошиқи ҳунараш сохт. 

Марги Майкл Ҷексон, таваҷҷӯҳи мухлисонашро ки ба дурии аз ӯ дар саҳна каме одат карда буданд, ба маротиб зиёд кард ва ин барои рушди тиҷорати бархе аз ширкатҳо низ таъсири мусбат расонид. 

Ин шабу рӯз дар аксари дӯконҳои Амрико куртаҳои варзиши бо акси Майкл Ҷексон ва таронаҳояш серхаридортарин маҳсуб меёбанд. 

Қиммати як курта аз 5 то 10 доларо ташкил медиҳад, ба гуфти Микела як тоҷири амрикои, ӯ дар як рӯз дасти кам 3000 курта фурӯхтааст. “Дар ин куртаҳо расмҳои гуногуни Майкл Ҷексон нигошта шудааст, ҳамааш хуб аст ва одамон ҳама намудашро мехаранд. Ман ин куртаҳоро 3 то 4 долларӣ мехарам ва ба нархи даҳ долар мефурӯшам. Имрӯз ман дертар омадам, фардо барвакт меоям ва куртаҳои наву ҷолибтарро ба фурӯш мегузорам. Ман ҳам зиқ шудам, ки ӯ фавтид. Хеле марди хуб буд, ҳама сурудҳояшро дӯст медорам.” 

Тамоми мухлисони Майкл Ҷексон интизори баргузории маросими дафн ва донистани сабаби аслии маргаш ҳастанд. Хонаводаи ӯ бо нашри изҳороте гуфтааст, ки писари онҳо дар ранчои Neverland Valley, ки дар Калифорния ҷойгир аст, ба хок супурда намешавад. 

Феълан ташхиси тиббии ҷасади ӯ исбот крадааст, ки Майкл бо марги худ аз олам чашм пӯшидааст. Аммо хулосаи ахир ва дақиқ пас аз чанд ҳафта баъд аз муайян шудани натоиҷи ташхис барои заҳролудшавии эҳтимоли ироа хоҳад шуд.

Фирӯз Баротов, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi