19:23:33 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЭЪЛОНИ ВАЗЪИ ФАВҚУЛЪОДА ДАР УРУМЧӢ

Мақомоти Чин дар пайи эътирозоти мардуми бумӣ ва роҳпаймоиҳои чиниҳои мутаъалиқ ба табори ҳон дар шаҳри Урумчӣ, пойтахти устони худмухтори Шинҷон, муқаррароти манъи рафту омад дар соъоти шабона эълон кардаанд. Ба асари нооромиҳое, ки рӯзи душанбеи 6 июл дар ин шаҳр буруз кард, беш аз 150 нафар кушта шуданд.

Рӯзи сешанбеи 7 июл гурӯҳҳои ҳонтабори чинӣ, ки силоҳҳои дастсохти сард ҳамл мекарданд, дар хиёбонҳои Урумчӣ роҳпаймоӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки таниши миёни пулис ва гурӯҳҳои қавмӣ дар ин шаҳр афзоиш меёбад. Пеш аз роҳпаймоии гурӯҳҳои чинии ҳонтабор занони уйғур бо анҷоми роҳпаймоӣ алайҳи боздошти беш аз 1400 нафар дар иртибот ба даргириҳои рӯзи якшанбе эътироз карданд. Ҳар ду ҷониб ҳамдигарро муттаҳам ба бурузи хушунатҳо мекунанд.

Мақомот мегӯянд дар хушунатҳои рӯзи якшанбе 156 нафар кушта шудаанд, ки аксарияти онҳо ҳонҳо будаанд. Гурӯҳҳои уйғур мегӯянд шумори кушташудагон дар ин ҳаводис бамаротиб бештар аст ва болиғ бар 90 дарсади кушташудагон уйғурҳо ҳастанд.

Хушунатҳо замоне оғоз шуд, ки уйғурҳои муътариз дар шаҳри Урумчӣ, маркази устони Шинҷон, аввал васоили нақлияро тахриб карданд ва сипас ба ҳонҳо ҳамла карданд ва бо нерӯи пулис даргир шуданд.

Дар ибтидо гурӯҳҳои уйғур ба бурузи ҷанҷоли чанд ҳафта қабли миёни уйғурҳо ва ҳонҳо дар корхонаи тавлиди асбоби бозӣ дар вилояти Гуангдон, ки аз Урумчӣ ҳазорҳо килуметр фосила дорад, эътироз карданд.

Рӯзи сешанбе ҳудуди 200 нафар уйғур, ки аксарашон занон буданд, ба пулис эътироз карданд ва хостори озодии беш аз 1400 нафаре шуданд, ки дар робита бо хушунатҳои рӯзи якшанбе боздошт шудаанд.

Хушунати "таассуфбор"

Дар пайи эътирозоти занони уйғур садҳо нафар аз сокинони аҳли ҳон дар хиёбонҳои Урумчӣ роҳпаймоӣ карданд ва дукону фурӯшгоҳҳои мутаъаллиқ ба уйғурҳоро тахриб карданд.

Квентин Саммервил, хабарнигори Би-би-сӣ дар Урумчӣ, мегӯяд бархе муътаризони чинӣ, ки дар хиёбонҳо бо силоҳҳои сарди худсохт ҳаракат мекарданд, шиъори "марг ба уйғурҳо" сар медоданд.

Пулис бо истифода аз баландгӯҳо аз таҷаммуъкунандагон хост маҳаллро тарк кунанд ва баъдтар, замоне ки гурӯҳҳои ҳон ва уйғур ба рӯёрӯйӣ идома медоданд, аз гози ашковар истифода кард.

Як чинӣ, ки милаи оҳанин (арматур) дар даст дошта, ба хабаргузории Фаронса гуфтааст: "Уйғурҳо ба минтақаи мо омаданд, ки ҳама чизро ба ҳам бизананд ва ҳоло мо ба минтақаи онҳо меравем то бикӯбемашон."

Мақомот аз оғози нооромиҳо дар рӯзи якшанбе талош кардаанд бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла боздошти афрод, маҳдудияти дастрасӣ ба расонаҳо ва дар ниҳоят эълони вазъи фавқулъода ба ихтилофот хотима диҳанд.

Як мақоми чинӣ нооромиҳои рӯзи якшанберо "маргбортарин ошӯб аз замони таъсиси Чини ҷадид дар соли 1949" тавсиф кард.

Ванг Лигуан, муншии ҳизби кумунисти Чин дар устони Шинҷон, эълом кард, ки муқаррароти манъи рафту омад дар Урумчӣ аз соъати 21 шаб то соъати 8 бомдод идома меёбад.

Хабаргузории Шинҳуо аз қавли оқои Лигуан гуфтааст, ки ҳама гуна хушунати қавмӣ "таассуфбор" аст ва ӯ "нерӯҳои душман дар хориҷ ва дохилро" дар бурузи ин ошуфтагиҳо муттаҳам кардааст.

Мақомоти чинӣ мукарраран иддаъо кардаанд, ки Робиа Қодир, яке аз раҳбарони табъидии уйғурҳо, таҳриккунандаи ин нооромиҳост.

Аммо хонуми Қодир ба Би-би-сӣ гуфт, ӯ ҳеҷ масъулияте дар бурузи хушунатҳо надорад. Ӯ афзуд: "Дафъаи гузашта дар ҷараёни шӯришҳо дар Тибет (Таббат) онҳо Долой Ломоро муттаҳам карданд ва акнун маро муттаҳам мекунанд."

"Ман ҳаргиз равобити ҷавомеъи гуногунро хароб намекунам ва ҳаргиз равобити одамонро ба ҳам намезанам, барои ман ҳамаи одамон баробаранд."

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi