20:48:49 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/16_morlock_photo_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/16_morlock_photo_2147'

МУҲОКИМАИ САРБОЗЕ АМРИКОӢ БАРОИ ҚАТЛИ АФҒОНҲО

Артиши Амрико мегӯяд як низомии ин кишвар ба иттиҳоми қатли афроди ғайринизомӣ дар Афғонистон дар иёлати Вошингтун ба додгоҳ кашида шудааст. Сарҷӯха (капрал) Ҷереми Морлок яке аз панҷ сарбози Амрикоист, ки ба қатли амдии се табаъаи ғайринизомӣ дар Афғонистон дар авоили соли ҷорӣ муттаҳам шудаанд.

 

Ҳамаи ин панҷ нафар иттиҳомот алайҳи худро рад мекунанд. Ҳафт сарбози дигар ҳам аз ҳамин воҳиди низомӣ ба тавтеа барои пинҳон доштани қатлҳои ёдшуда муттаҳам шудаанд. Ба гуфтаи манобеъи артиши Амрико, дар сурати собит шудани иттиҳомоти ворида, сарҷӯха Морлок ба ҳабси абад маҳкум хоҳад шуд. Иттиҳоми қатли амдӣ ё тарроҳишуда имкони маҳкумият ба эъдомро низ дар пай дорад, вале саргурд (маёр) Кетлин Турнер мегӯяд, ки артиш аз додгоҳ судури чунин ҳукме барои ин сарбозро дархост накардааст. Ба гуфтаи додситонҳо, ҳаводиси қатли се табаъаи афғон дар байни моҳҳои январ ва майи соли ҷорӣ, замоне ки воҳиди низомии сарҷӯха Морлок ба Кандаҳор, дар ҷануби Афғонистон, эъзом шуда буд, иттифоқ уфтодааст. Бино ба қавли бозрасон, ин панҷ фарди муттаҳам ба қатл дар як ҳамла ба сӯйи афроди ғайринизомӣ норинҷак партоб карда ва онҳоро ҳадафи тир қарор додаанд

 

Ҳафт тани дигар ба ҷудо кардани андомҳои афроди кушташуда ва ҷамъоварии аъзои бадани қурбониён муттаҳам шудаанд. Ҳамаи сарбозони муттаҳам ба қатл аз дастаи "Стройкер"-и артиши Амрико ҳастанд, ки дар соли 2009 ба Афғонистон эъзом шуда ва дар Қандаҳор бо набардҳои шадиде рӯбарӯ шудааст.

 

Дар ҷаласаи истимоъи (слушание) ин парванда, ки моҳи гузашта доир шуд, вакили мудофеъи мадании сарҷӯха Морлок гуфт шавоҳиди физикии кофӣ дар мавриди иртиботи ин сарбоз бо ҷароими ёдшуда мавҷуд нест. Ҳуқуқдон Мойкл Уеддингтун гуфт сарҷӯха Морлок бо ҳайъати таҳқиқ ҳамкорӣ карда ва аз садамаҳои мағзӣ, ки дар ҷараёни ҷанг дар Афғонистон мутаҳаммил шуда буд, ранҷ мебарад.

 

Ба гуфтаи вай, ин ду омил метавонад сабаби худдорӣ аз дархости ҳукми эъдом барои ин сарбози Амрикоӣ шавад. Бозрасони низомӣ мегӯянд дар ҷараёни мусоҳибаҳое, ки дар моҳи май анҷом шуда буд, сарҷӯха Морлок тафсилоте дар бораи қатлҳои ёдшуда ироа додааст. Вай аз ҷумла гуфтааст, ки ин қатлҳо аз сӯйи раҳбари воҳиди ӯ, гурӯҳбон (сержант) Калвин Гибз, созмон дода шудаанд.

 

Додситонҳои низомӣ мегӯянд сарҷӯха Морлок ба унвони ёвари гурӯҳбон Гибз амал карда ва ба ӯ кумак кардааст се сарбози дигарро барои анҷоми ин кор интихоб кунад. Оқои Уеддингтон мегӯяд, ки талош хоҳад кард, то ин шавоҳид дар додгоҳ баррасӣ нашавад, зеро сарҷӯха Морлок дар он замон таҳти таъсири шадиди доруҳое, ки барои захмҳояш дар ҷанг мегирифт, сухан гуфтааст.

 

Ба гуфтаи вай, сарҷӯха Морлок дар қатли се табаъаи ғайринизомии афғон аслан даст надорад ва онҳо қурбонии дастае аз низомиёне қарор гирифтаанд, ки ба қатлу куштор машғул будааст. Саргурд Турнер мегӯяд ҳанӯз ҳеч гуна тасмиме дар бораи ба додгоҳ кашидани чаҳор нафари дигар аз муттаҳамон, аз ҷумла гурӯҳбон Гибз, гирифта нашудааст. Як вакили мудофеъи гурӯҳбон Гибз низ гуфтааст, ки вай қатли ғайринизомиёни афғонро рад кардааст. Ба гуфтаи вай, атбоъи афғон дар ҷараёни даргириҳо ба таври машрӯъ кушта шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3364-2010-10-16-15-01-56.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ