18:16:22 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/17_afghan_us_jail_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/17_afghan_us_jail_2147'

ИДДАЪОИ ТОЗАИ БАДРАФТОРӢ БО ЗИНДОНИЁНИ АФҒОН

Як гузориши тоза нишон додааст, ки зиндониён дар як "боздоштгоҳи махфӣ" дар пойгоҳи аслии Амрикоиҳо дар Афғонистон мавриди бадрафторӣ қарор гирифтаанд. Ин гузориш аз суи ниҳоди мавсум ба "Бунёди ҷомеъаи боз" мунташир шуда, ки мақари он дар Ню Юрк аст. Бар асоси ин гузориш афроде, ки қаблан дар ин зиндон дар Афғонистон зиндонӣ будаанд, гуфтаанд, ки онҳо дар зиндон аз хоб маҳрум шуда ва дар утоқҳои инфиродӣ нигаҳдорӣ мешуданд.

 

Як таҳқиқи Би-би-сӣ дар моҳи Апрел низ ба натоиҷи мушобеҳе дар робита ба як "зиндони махфӣ" дар пойгоҳи ҳавоии Багром расида буд. Артиши Амрико ба таври мукаррар ин иддаъоро рад кардааст, ки онҳо дар Афғонистон зиндони махфӣ доранд. Гузориши "Бунёди ҷомеъаи боз" гуфтааст, ки ҳаждаҳ нафар дар гуфтугӯ бо ин бунёд таъкид кардаанд, ки дар фосилаи солҳои 2009 ва 2010 дар як зиндони махфӣ дар Афғонистон нигаҳдорӣ шудаанд.

 

Ин зиндониёни собиқ иддаъо кардаанд, ки дар маҳаллоти башиддат сард нигаҳдорӣ шуданд, дар ҳоле ки ғазо ва кампал (одеяло) - и кофӣ низ ба онҳо дода намешуд ва ҳамзамон аз хоб маҳрум буданд, барои озмоишҳои тиббӣ маҷбур мешуданд бараҳна зоҳир шаванд ва ба онҳо иҷоза дода намешуд то фароизи динии худро иҷро кунанд.

 

Ин гузориш мегӯяд изҳороти ин зиндониён аз ҳам зиёд тафовут надоштааст ва ин мерасонад, ки иддаъои онҳо беасос нест. Артиши Амрико гуфтааст, ки боздоштгоҳҳои онон дар мутобиқати комил бо қавонини Амрико ва қавонини байналмиллалӣ қарор дорад. Як сухангӯи артиши Амрико, ки масъулияти назорат бар зиндонҳои Амрикоӣ дар Афғонистонро бар уҳда дорад, гуфт: "Вазорати дифоъ (Амрико) ҳеҷ гуна зиндони махфӣ надорад."

 

Дар моҳи апрел Би-би-сӣ бо 9 нафар аз зиндониёни собиқ дар Афғонистон мусоҳиба кард, ки ҳама иддаъо доштанд дар як зиндони махфӣ дар пойгоҳи ҳавоии Багром нигаҳдорӣ мешуданд. Дар моҳи июни соли гузашта низ Би-би-сӣ бо шуморе аз зиндониёни собиқ дар пойгоҳи ҳавоии Багром мусоҳиба кард, ки иддаъои бадрафторӣ алайҳи зиндониён дар ин пойгоҳро матраҳ карданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3368-2010-10-17-17-17-36.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ