03:27:19 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

КӮМАКИ НИЗОМИИ АМРИКО БА ПОКИСТОН

usa pakistanИёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи ҷумъа, кӯмакҳои баробар ба ду миллиард долларро дар зарфи панҷ соли оянда ба Покистон эълом кард. Ҳилари Клинтон, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ин барномаи кӯмакиро дар поёни охирин даври музокироти стратегии миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Покистон эълом намуд. Хонум Клинтон гуфт, идораи президент Борак Обама аз конгресси он кишвар тақозои ду миллиард доллариро барои Покистон хоҳад кард, ки бо он аслиҳа, муҳимот ва таҷҳизоти сохти Амрикоро аз соли 2012 то соли 2016 харидорӣ хоҳад кард.

 

Амрико ба Покистон кӮмаки низомӢ мекунад

Вай изҳор дошт: «Хушҳол ҳастам, ки тааҳҳуди кӯмаки амниятии чандин солаи моро ба Покистон эълом мекунам. Мо ду миллиард долларро аз кӯмакҳои низомии хориҷӣ аз конгресс барои солҳои 2012 то 2016 тақозо хоҳем кард. Ин кӯмаки мукаммал, 7,5 миллиард доллар дар барномаҳои мулкӣ хоҳанд буд, ки дар лоиҳаи Керру-Лугар тасвиб шудааст.»

 

ИМА умедвор аст, ки эълони ин кӯмак аз сӯи вазири хориҷаи ИА дар ҳоле, ки Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири хориҷаи Покистон низ дар канораш қарор дошт, аз тааҳудоти дарозмуддати ИМ барои ниёзмандиҳои низомии Покистон итминон диҳад. Қурайшӣ гуфт, Покистон қурбониҳои зиёдеро дар ростои мубориза бо терроризм аз худ нишон додааст. Вай гуфт, 30 ҳазор покистонии мулкӣ ва ҳафт ҳазор маъмури амниятии ин кишвар дар мубориза кушта шудаанд, ки бештар аз ҳама талафотҳои НАТО дар Афғонистон мебошад.

 

Вай ҳамчунон гуфт : «Мутаассифона содда ба назар мерасад, ки мушорикат ва қурбонии Покистонро нодида гирифт. То ҳанӯз ҳатто дар пойтахт низ дар ин маврид ин, ки Покистон аз дил дар ин мубориза ширкат намекунад, гумонҳое вуҷуд дорад. Мо намедонем, ки чӣ субути бештар аз хуни мардуми худро ироа диҳем.»

 

Аммо вазири хориҷаи ИМА, Покистонро умдатарин муттаҳиди кишвараш дар набард алайҳи терроризм унвон кард. Вай гуфт: «Замоне, ки ба талошҳои мубориза бо терроризм ва таҳдиди тундравон иртибот мегирад, ки ҳар ду кишварро таҳдид мекунад, дар он вақт ИМА шарики қавитар аз Покистон надорад. Мо қурбонӣ ва хизматҳои мардону занон ва хусусан сарбозони артиши Покистонро медонем ва қадрдонӣ мекунем, ки дар заминаи барқарории тартибот ва таъқиби касоне анҷом додаанд, ки ҳамаи идораҳои давлати Покистонро таҳдид мекунанд.»

 

Дар паҳлуи мардуми Покистон

Ин кӯмаки низомии ҷадид, бастае аз кӯмакҳои низомии Амрико ба Покистонро ҷойгузин мешавад, ки дар соли 2005 оғоз шуда буд ва дар аввали октятбр ба поён расид. Бахше аз 7,5 миллиард доллар кӯмакҳои мулкӣ, ки пеш аз ин идораи Обама бо Покистон тааҳҳуд кард, бо осебдидагон сели ахир дар ин кишвар равона шуда буд.

 

Хонум Клинтон дар мавриди кӯмак ба мутаассирини селобҳои ахири Покистон гуфт: «Мо талошҳоямонро барои фароҳам кардани кӯмакҳои нақдӣ ба касоне, ки хонаҳояшон дар асари сел тахриб шудаанд, суръат мебахшем то битавонад хонаҳояшонро дубора обод кунанд. Имрӯз субҳ мехоҳам як паёми вижа унвони Покистон бифиристам. Мо дар канори шумо хоҳем буд то шуморо кӯмак кунем, ки аз оқибатҳои селобҳо бадар оед ва як бори дигар дар масири хушҳолӣ қарор бигиред.»

 

Гуфтугӯҳои ин ҳафта дар Вашингтон, саввумин даври гуфтугӯҳои стратегӣ миёни ИМА ва Покистон буд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3405-2010-10-23-09-03-48.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi