12:40:00 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

ОБАМА: ЧАРОҒИ САБЗ БАРОИ ҲАМЛА БА ЭРОН НАДОДАЕМ

Борок Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, кишвараш ба ҳеҷ унвон ба Исройил барои ҳамла ба Эрон чароғи сабз нишон надодааст.


Оқои Обама, ки ба Русия сафар кардааст, ба шабакаи хабарии Си-эн-эн гуфт, сиёсати Амрико ин аст, ки мавзӯъи барномаи ҳастаии Эронро ба сурати мусолиматомез ва ба василаи маҷоре диплумотик ҳалл кунад. Суханони оқои Обама дар вокуниш ба суханони рӯзи якшанбеи Ҷу Бойден, муъовини раиси ҷумҳури Амрико буд, ки гуфта буд кишвараш наметавонад монеъ аз ҳамлаи Исройил ба Эрон шавад. Дар ин ҳол, аршадтарин мақоми низомии Амрико ба ҳушдор дар бораи иқдоми низомӣ алайҳи Эрон гуфта фурсати чандоне барои ҷилавгирӣ аз таҷҳизоти ин кишвар ба таслиҳоти атумӣ боқӣ намондааст.

Дарёсолор Мойкл Мулен, раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ибрози умедворӣ кардааст гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон муваффақиятомез бошад.

Ҷу Бойден дар гуфтугӯ бо шабакаи Эй-би-сӣ гуфта буд Амрико наметавонад монеъ аз ин шавад, Исройил дар баробари Эрон масири дигареро ғайр аз гуфтугӯ интихоб кунад.

Бисёре аз коршиносон суханони оқои Бойденро ба маънии чароғи сабзи Амрико барои Исройил ба Эрон таҳлил карданд, аммо вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ин мавзӯъро радд кард. Ба гуфтаи оқои Обама, оқои Бойден саъй дошта сиёсати Амрикоро тавзеҳ диҳад.

Ӯ гуфт: "Фикр мекунам оқои Бойдон як ҳақиқатеро баён кардааст, ки мо наметавонем ба соири кишварҳо дикта кунем, ки манофеъи миллии онҳо чист."

Оқои Обама идома дод: "Мо ба таври мустақим ба исройилиҳо гуфтаем муҳим аст талош кунем ин мавзӯъ аз тариқи байналмилалӣ ва ба равише, ки боъиси эҷоди як муноқишаи густарда дар Ховари Миёна нашавад, ҳалл шавад."

Ҳамзамон дарёсолор Мойк Мулен, раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ҳамлаи низомӣ ба Эронро барои Ховари Миёна бесуботкунанда дониста ва ибрози умедворӣ карда танишҳои атумӣ бо ин кишвар бо гуфтугӯ ҳалл шавад.

Оқои Мулен бидуни ишора ба суханони Ҷу Боден ибрози умедворӣ кард гуфтугӯҳо дар бораи барномаи атумии Эрон самарабахш бошад.

Мойкл Мулен дар ин ҳол ҳушдор дод фурсати чандоне барои мамонеъат аз таҷҳизи Эрон ба силоҳи атумӣ ё ҳамлаи Исройил ба таъсисоти ҳастаии ин кишвар боқӣ намондааст. Ба гуфтаи оқои Мулен, пешгирӣ аз ҳар ду рухдод то миқдори зиёде ба муваффақияти гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон бастагӣ дорад.

Оқои Мулен, ки дар Вошингтун суханронӣ мекард, гуфт ҳам ҳамла ба Эрон ва ҳам таҷҳизи ин кишвар ба силоҳи ҳастаӣ боъиси бесуботии Ховар Миёна хоҳад шуд.

Ӯ гуфт: "Ҳамлаи низомӣ рухдоди муҳиме аст, ки набояд рух диҳад, ба шарте ки имкони корбурди он таҳти ҳеҷ вазъу шакл ва сурате вуҷуд надошта бошад."

Оқои Мулен дар ин ҳол таъкид кард Амрико бояд ҳамаи гузинаҳоро дар баробари Эрон дар назар дошта бошад.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi